ИМТИҲОН ВА МУШКИЛИҲО ГУЗАРАНДААНД

Ҳаёт ва зиндагӣ ҷараёни мураккаберо мемонад, ки ҳар яки моро ба меҳнат ва талошу такопӯҳо водор месозад.

Ҳаёт ва зиндагӣ ҷараёни мураккаберо мемонад, ки ҳар яки моро ба меҳнат ва талошу такопӯҳо водор месозад. Ҳар яки мо маҳз тавассути меҳнати ҳалол дар зиндагӣ мақому манзалат пайдо мекунем ва ба пешрафтҳо ноил мешавем. Зиндагӣ имтиҳонест, ки аз мо саъй ва ҳаракат, сабру бардошт, азобу машаққат, убури пастию баландиҳо, матонату ҷасорат, бурдборӣ, меҳнати ҳалол ва амалҳои хайрро тақозо менамояд. 
Дарҳақиқат, соли 2020 ба пеши тамоми мардуми олам ҳамин гуна имтиҳони ҷиддиро гузошт. Аз ин имтиҳон мардуми Ӯзбекистон низ дар канор намонд ва як ҷо бо сарвари оқилу доно онро бо сабру таҳаммул ва бурдборӣ паси сар мекунад. 
Вабои аср, ки “коронавирус” ном дорад, ҳаёти мардумро як навъ аз роҳ баровард ва мушкилоти зиёд эҷод намуд. Қариб як сол аст, ки дар қатори халқҳои ҷаҳон, мо низ бо ин  вабо мубориза мебарем. Барои ҳифзи тандурустии мардум ва дафъи ин бало тамоми манбаъҳои иқтисодии мамлакат низ равона карда шудаанд. 
Ҳарчанд ноҳияи Сӯх яке аз дурдасттарин ноҳияҳои диёрамон аст, мардуми он ба ин мушкилоти зиндагӣ рӯ ба рӯ шуданд ва ҷои шакку шубҳа нест, ки ба азияти сахту ногувор дучор гардиданд. Лекин рӯҳафтодагӣ эҳсос нашуд ва мардуми меҳнатқарини мо барои ба роҳ андохтани зиндагӣ, беҳтар намудани рӯзгори худ ҳамеша дар талошу ҳаракатанд. Маҳз бар асоси ҳамин талошу ҳаракат дар ноҳияи мо бемории коронавирус доман фарох накард. 
Ҳаёту зиндагӣ бо маҷрои худ идома дорад. Соли сипаришуда дар ҳаёти мардуми ин диёр дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Бо қарори махсуси Раисҷумҳур барои ҳаматарафа ривоҷ додани тамоми соҳаҳо корҳои азим роҳандозӣ гардиданд, ки бар ивази маблағи зиёди ихтисосёфта сурат гирифтанд. Барои ривоҷи соҳибкорӣ имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шуд. Барои пешрафти таълиму тадрис низ як қатор навгониҳо ба амал омаданд. Худи вазири таълими халқ Шерзод Шерматов батакрор ба ноҳия омад ва аз аҳволи мактабҳои ноҳия хабар гирифт, дар роҳи ҳалли масъалаҳои зиёд ташаббус нишон дод.
Барои мисол, дар соли гузашта ҷамоаи мактаби таълими ҳамагонии рақами дувуми ноҳия, воқеъ дар маҳаллаи Янгиариқ, бо роҳбарии директори он Фозилҷон Мирзоев дастовардҳои назаррасро соҳиб шуд. Мактаб яке аз масканҳои таълиму тарбияи пешқадами ноҳия ба шумор рафта, дар он зиёда аз 60 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд. 
Дар мактаб соли хониши 2019-2020 тадрис ба тарзи фосилавӣ сурат гирифт. Соли хониши нав низ ҳамин тавр оғоз ёфт. Барои ба роҳ мондани таълими фосилавӣ ба забони тоҷикӣ устодон аз шабакаҳои интернет  моҳирона ва фаровон истифода бурданд. Дарсҳо асосан тавассути шабакаи телеграм ташкил карда шуд. Яке аз омилҳои  хуб пеш рафтани фаъолияти мактаби мазкур дар он аст, ки ба сифати таҷриба аз аввалинҳо шуда журнали электронии “kundalik.com” ҷорӣ карда шуд. 
Ба ин васила, ҳар як муаллим метавонад тавассути интернет бо падару модар ва худи шогирд бевосита алоқа кунад. Рӯ овардан ба технологияи ахбору коммуникатсия ва истифодаи фаровон аз он, албатта, талаби давру замон аст. 
Дар солҳои охир бо ташаббуси директори мактаб ва кӯмаку дастгирии ҳомиён, шӯъбаи таълими халқ, шӯъбаи молия ва дигар мутасаддиён бинои кӯҳнаи мактаб, ки дар арафаи кӯчонидан қарор дошт, аз нав таъмир карда шуд ва қиёфаи замонавӣ касб кард. Он боз 150 нафар хонандагонро ба оғӯш гирифт. Атрофи мактаб аз нав бо хиштҳои бетонӣ иҳота гирифта шуд. 
Ногуфта намонад, ки бо ташаббуси ШТХ ноҳия мактаби мазкур ба технологияҳои ахбор ихтисос гардонда шуд. 
Агар дар соли 2020 якбора ду нафар омӯзгор – Фозилҷон Мирзоев ва Пайравҷон Аҳмедов ба нишони сарисинагии “Аълочии таълими халқ” сазовор гардида бошанд, қариб 13 нафар хатмкунандагони синфи ёздаҳум донишҷӯйи муассисаҳои таълими олӣ гаштанд. 
Дар зинаи ноҳиявии олимпиадаи фанҳо шогирдонамон Эҳсон Ҳамробоев, Асадбек Султонбоев, Муҷибулло Муҳаммадрасулов, Ниҳолхон Ғаниҷонова, Дилноза Мамарасулова, Дилшодбек Додобоев, Сайидҷон Шодибоев, Ҳокимҷон Неъматҷонов  ғолибиятро ба даст дароварданд. Ин натиҷаи меҳнати пурсамари ҷамоаи мактаб мебошад. Илова бар ин, дар соли сипаришуда аз рӯи якчанд нишондодҳо мактаби мо дар ноҳия ҷои якумро сазовор гашт.
Шиори мактаби мо бар асоси як байти Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ садо медиҳад:
Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Санҷар ҲИСОМОВ, 
ноҳияи Сӯхи 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: