ҶАВОҲИР АКБАРОВ – ЧЕМПИОНИ ОСИЁ

Дар Қазоқистон мусобиқаҳои Осиё аз рӯи намуди варзиши санъати ҷанги Ӯзбекистон ба охир расид. Дар он спортчиёни навраси мамлакатамон муносиб иштирок карданд.

Хонандаи  синфи якуми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 5-уми ноҳияи Ҷондори вилояти Бухоро Ҷавоҳир Акбаров дар қувваозмоиҳо бо муваффақият иштирок карда, дар вазни худ чемпиони Осиё гардид. Ин комёбӣ ба вай имконият медиҳад, ки моҳи марти соли оянда низ дар чемпионати ҷаҳон дар Қазоқистон иштирок кунад.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: