ТОҚИИ БАДАХШОНӢ

(Ёддошт)

 

Камина дастпарвари модари бузургам. Намедонам, дар синфи се ё чаҳор буд, ки модарам бо дастони ларзон ба сарам тоқии навдухти бо нақшу рамзҳои куҳистониён орододашудаи бадахшониро гузошта, исроромез таъкид кард: муаллиматро бо диққат гӯш кун, шӯхию беадабӣ накун, зарбу ҷамъро нағзакак азхуд намо, вагарна тоқият аз ту ранҷида, тез чиркин мешавад. 
Ман барои тез чиркин нашудани тоқиям ва наранҷиданаш муаллимамро бодиққат гӯш кардам ва аз дигар хонандагон дида, зарбу ҷамъро хубтар аз ёд кардам. Агар росташро гӯям, тоқиямро назар ба худам бисёртар дӯст доштам. Барои «ҳурмату эҳтиром»-и  тоқиям тамоми кори аз дастам меомадаро кардам: дар вақти хоб дар паҳлуям, дар синф болои китобу дафтарҳоям мемондам, дар вақти футболбозӣ дар шохи бед овезон мекардам, ҳангоми хӯрокхӯрӣ болои зонуҳоям мемондам. 
То вақте ки тоқиям дар сарам, ман аз ягон чиз тарсу бим надоштам. Сад дар сад бовар доштам, ки тоқиям маро аз ҳама чиз ҳимоят мекунад, ҳатто аз ҳуҷуми пашшаҳое, ки дар диёри мо бениҳоят зиёданд. Боварӣ доштам, ки агар тоқиям дар сарам бошаду муаллим аз ман ин ё он ҷавоби масъалаи арифметикиро пурсад,  ҷавоби пурра дода натавонам ҳам баҳои аъло мегузорад. 
Умуман, рӯз то рӯз дар байни ҳамсинфонам комёбиҳои зиёд ба даст медаровардам. Ҳамдиёрон ҳам ба ман лутфи зиёде зоҳир мекарданд. То ҳатто духтарони деҳа маро «ҷонаки ҷон» мегуфтагӣ шуданд. Амаку тағо, холаю апаҳоям ба ман агар дар сарам тоқӣ бошад, пул дода, бо навозиш «рав, чизи дилхоҳатро аз мағоза харид кун» мегуфтанд.
Бовар кунед, ягон кас ба ман овозашро баланд намекард. Ҳатто посбони мактаб ҳам, ки бачагонро барои беинтизомию шӯхиҳояш нисбати онҳо ва доимо суханони дурушту дағалро истифода мекард, ба ман меҳрубон буд. 
Ин ҳама чизҳо боварӣ ва эътиқоди маро нисбати тоқиям зиёд ва онро дар сарам чун «нури Худо» пиндошта мегаштам. Рӯз ба рӯз зиёд шудани муваффақиятҳоям дар байни ҳамсинфу ҳамдиёронам маро ҳаросон кард ва ман аз тоқии худ метарсидагӣ шудам, ки мабодо дар тоқиям тилисм ҷойгир нашуда бошад. Ман тамоми комёбиҳои зиндагиамро аз тоқӣ ва «қудрати» он медидам ва ин асрорашро ба ҳеч кас намегуфтам. Танҳо ба модарам, ки бори аввал ин тоқиро ба сарам гузошта буд, ошкоро гуфтам. 
Модарам ба тоқии ман нигоҳ карда гуфт: тоқият топ-тоза, чиркин нашудааст. Ягон тилисм дар тоқият нест. Тилисм дар вуҷудат ниҳон аст. Ҳар як инсон, – давом дод модарам, бояд нисбати падару модар, оила, дӯстонаш, кору бораш беғаму бепарво набошад, масъулият дошта бошад. 

Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ, 
ш. ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: