Намангон ба Фестивали 63-юми байналхалкии гул тайёрӣ мебинад

Аз 19 май то 23 июн дар Намангон 63-юмин Ҷашнвораи байналмилалии гул баргузор мешавад.

Тибқи анъана дар доираи ифтитоҳи бошукӯҳи форум паради калони мошинҳои бо гулҳои гуногун оро додашуда ташкил карда мешавад.

Илова бар ин, дар давоми фестивал меҳмонон имкон пайдо мекунанд, ки аз намоишҳои беназири гулҳо ва экспозитсияҳои муаттар баҳра баранд, дар чорабиниҳои фароғатӣ ва озмунҳои гуногун ширкат кунанд, ки дар натиҷа ба иштирокчиёни фаъол ва ғолибон ҷоиза супорида мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: