Суди Басманни Маскав рӯзи якшанбеи 24 март қарор намуд, ки чаҳор муттаҳам бинобар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии «Крокус Сити Холл» ба ҳабс гирифта шавад. Дар ин бора хидмати матбуоти судҳои юрисдиксияи умумии шаҳри Маскав хабар додааст.
Сухан дар бораи Далерҷон Мирзоев, Раҷабализода Муродалӣ, Муҳаммадсобир Файзов ва Шамсидин Фаридунӣ меравад.
«Суди ноҳияи Басманни шаҳри Маскав дархости мақомоти тафтишотиро қонеъ карда, нисбати Д.Б. Мирзоев чораи эҳтиётиро дар намуди боздошт муҳлати 1 моҳу 28 рӯз, яъне то 22 майи соли 2024 интихоб кард», - омадааст дар хабари суд.
Нисбати Муродалӣ, Файзов ва Фаридунӣ низ ҳамин чора дида шуд. Ҳар чаҳор нафар бар асоси моддаи "Амали террористӣ" муттаҳам мешаванд, ки тибқи он ба онҳо ҳабси абад таҳдид мекунад, хабар медиҳад kp.ru.
Мирзоеви 33-сола ба гуноҳаш комилан иқрор шуд. Дар суд маълум шуд, ки ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, оиладор ва чор фарзанд дорад. Вай пештар доғи судӣ надошт. Мирзоев дар қаламрави Федератсияи Русия бо мӯҳлати гузаштаи сабти ном (дар шаҳри Новосибирск ҳамагӣ се моҳ сабти ном шуда буд) қарор дошт ва кор намекард.
Шамсидин Фаридунӣ 26 сол дошта, дар корхонаи паркетбарорӣ ҳар гуна корҳоро анҷом медод. Фаридунӣ як кӯдаки 8-моҳа дорад.
Раҷабализода Муродалии 30-сола, шаҳрванди бекори Тоҷикистон будааст. Оиладор, як фарзанд дорад, маълумоташ миёнаи нопурра. Муродалӣ низ ба гуноҳаш пурра иқрор шуд.
Муҳаммадсобир Файзов ҳангоми боздошт захмӣ шуда, ӯро бо аробачаи маъюбӣ ҳамроҳи духтур ба толори суд бурданд. Файзови 20-сола дар сартарошхона кор мекард, маълумоти миёна дорад, фарзанд ва зан надорад.