Мактаби хаттотии Хоразм

ТАЪРИХИ МАКТАБИ ХАТТОТИИ МОВАРОУННАҲР ВА МАЪРУФТАРИН НАМОЯНДАГОНИ ОН

Комили Хоразмӣ
 (1825-1899)

Шоир, хаттот, мусиқишинос, тарҷумон ва арбоби давлатӣ Паҳлавон Муҳаммадниёзи Абдулло Охунд, ки бо тахаллуси Комили Хоразмӣ эҷод кардааст, соли 1825 дар Хева ба дунё омад. Комили Хоразмӣ, ки хангоми таҳсил дар мадрасаи Хева забонҳои арабӣ ва форсиро азхуд карда буд, бо баробари эҷодиёти классикони адабиёти Шарқ ва мусиқии мумтоз асрори хаттотиро низ омӯхтааст. Ӯ истеъдоди хуби шоирӣ дошт ва аз овони ҷавонӣ аз шоирони маъруфи замони худ гардид.
Комили Хоразмӣ дар дарбори хони Хева Сайид Муҳаммад (1856-1864) вазифаи котибиро адо кардааст. Хони навбатии Хева Муҳаммад Раҳимхони II (1864-1910) ӯро ба мартабаи мирзобошӣ расонд. Аҳдномаи сулҳи байни Русия ва хонигарии Хева, ки соли 1873 бо номи «Аҳдномаи Гандумиён» ба имзо расида буд, бо хати Комили Хоразмӣ навишта шудааст. Солҳои 1873-1880 ӯ дар дарбори хонигарии Хева ба ҳайси девонбегӣ ва аз соли 1880 ҳамчун мирзобошӣ кор кардааст. Соли 1880 аз ҷониби Комили Хоразмӣ дар Хоразм аввалин матбаа ташкил карда шуд.                                          
Ӯ мусиқишинос ва оҳангсози машҳури замони худ буд. Вай ба садои танбур садои ниммақомро зам карда, ба он «Мақоми Фирӯзшоҳ» ном медиҳад. Сипас, бо фармони Муҳаммад Раҳимхони II барои танбури шашуним мақом, нотаи  калон тартиб додааст. 
Комили Хоразмӣ дар руҳи анъанаҳои шоирони классики Шарқ шеърҳои лирикӣ гуфтааст. Дар девони ӯ беш аз ҳашт ҳазор мисраъ шеър дар жанрҳои ғазал, мураббаъ, мухаммас, мусаддас, маснавӣ, рубоӣ, қасида, масъала навишта шудааст. Соли 1865 «Маҳбуб-ул-қулуб»-и Бархурдор бин Маҳмуди туркмани Фароҳӣ ва солҳои 1869-1870 «Латоиф-ат-тавоиф»-и Фахриддин Алии Сайфиро аз забони форсӣ-тоҷикӣ ба забони узбекӣ тарҷима кардааст.
Нашри осори Алишери Навоӣ дар фаъолияти ноширии Комили Хоразмӣ нақши муҳим бозидааст. Вай ба аввалин нашри чопи сангии «Хамса»-и Навоӣ сарсухан навиштааст. Дастнависҳои девони Комили Хоразмӣ дар хазинаи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абурайҳони Берунӣ  маҳфузанд.

Мактаби хаттотии Фарғона

Мирзо Шарифи Дабир
(асри XIX)

Шоир ва хаттот Мирзо Шариф, ки дар нимаи аввали асри XIX умр ба сар бурдааст, яке аз намояндагони умдаи мактаби хаттотии Фарғона буда, дар муҳити фарҳангии хонигарии Қӯқанд ба дунё омадааст. Мирзо Шарифи Дабир дар баробари дигар илмҳо, санъати хаттотиро, ки дар ҳаёти илмию фарҳангии он замон нақши муҳим мебозид, нағз азхуд карда, ба назари ҳукмдорони хонигарии Қӯқанд меафтад. Муҳаммад Алихон (1803-1842), ки солҳои 1822-1841 хони Қӯқанд буд, ба рушди илму фарҳанг дар кишвари худ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, махсусан, ба нусхабардорӣ ва китобати осори Алишери Навоӣ, Фузулӣ барин намояндагони адабиёти туркизабон роҳбарӣ кардааст. Аз ҷумла, Мирзо Шарифи Дабир, ки дар он замон яке аз хаттотони маъруфи хонигарии Қӯқанд буд, бо дархости Муҳаммад Алихон солҳои 1836-1837 девону  ғазалҳои Фузулӣ ва ғазалҳои мунтахаби Алишери Навоиро дар шакли зебо, бо хати настаълиқ нусхабардорӣ кардааст.
Ғайр аз ин, соли 1838 бо супориши хони Қӯқанд Муҳаммад Алихон, хаттотон асари Алишери Навоӣ «Чор девон»-ро дар сесад нусха нусхабардорӣ карда, дар муқоваи шерозӣ ба табъ расонданд. Яке аз ин нусхаҳоро Мирзо Шарифи Дабир нусхабардорӣ кардааст. Имрӯз дар хазинаи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абурайҳони Берунӣ нусхаҳои ғазалҳои мунтахаб ва девони Фузулӣ, ғазалҳои мунтахаби Алишери Навоӣ, ки аз ҷониби Мирзо Шарифи Дабир нусхабардорӣ шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.

Муқимӣ 
(1850-1903)

Муҳаммад Аминхоҷа Мирзохоҷа писари шоир ва мутафаккир, яке аз асосгузорони адабиёти демократии ӯзбек, ки бо тахаллуси Муқимӣ эҷод кардааст, соли 1850 дар Қӯқанд таваллуд ёфтааст. Муқимӣ, ки маълумоти ибтидоиро дар мактаби маҳаллааш мегирад, аввал дар мадрасаи «Моҳларойим», ки Нодира дар Қӯқанд барпо карда буд (1864-1865), баъд дар яке аз мадрасаҳои Бухоро (1875-1876) таҳсил кардааст. Соли 1876 пас аз баргаштан ба Қӯқанд дар девони сохтмони замин котибӣ карда, аз охири солҳои 70-ум бо эҷод машғул шудааст. Муқимӣ якчанд маротиба – солҳои 1887-1888 ва 1892 ба Тошканд сафар карда, дар он ҷо бо навгониҳо шинос мешавад, ҳаёти маданию адабии Тошкандро амиқ меомӯзад. Бо Алмай, Нодим барин эҷодкорони пешқадам алоқа баста, ҳамкории эҷодӣ намудааст.                    
Муқимӣ дар ашъори худ анъанаҳои шоирони классики ӯзбеку форсро давом дода, ба Навоӣ, Ҷомӣ, Низомӣ ва Фузулӣ барин шоирон пайравӣ намуда, ба ғазалҳои онҳо мухаммас гуфтааст. Ғайр аз ин, дар эҷодиёти Муқимӣ, ки ба иллатҳои ҷамъият ва ақидаҳои кӯҳна аз нуқтаи назари танқидӣ менигарад, ҳаҷвия мавқеи калон дорад. Шоир дар асарҳои ҳаҷвии худ рафтори амалдорони подшоҳӣ ва баъзе сарватмандони маҳаллиро фош мекунад, муносибатҳои капиталистӣ, бадахлоқӣ ва оқибатҳои онҳоро нишон медиҳад, аз болои ҷиҳатҳои зишту ақибмондаи ҳаёт, камбудиҳои шуури ҷамъиятӣ ханда мекунад, дарди мустамликадорӣ ва вайронагариро тасвир мекунад. Ашъори Муқимӣ дар дастнавису маҷмӯаҳо, китобҳои чопи сангии ибтидои асри XX ва саҳифаи рӯзномаҳои дар Тошканду Петербург нашршуда, то мо расида омадааст.     
Муқимӣ, ки аз хаттотҳои моҳиртарини замони худ маҳсуб мешуд, осори худро бо хати зебо нусхабардорӣ кардааст. Ғайр аз ин, ӯ дар хати настаълиқ қитъа ва рубоиҳои дигар муаллифонро бо қалами ҷалӣ нусхабардорӣ кардааст. Имрӯз маҷмӯаи қитъаю рубоиҳои Муқимӣ дар хазинаи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абурайҳони Берунии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон ва ҳаждаҳ номаи ӯ, ки бо хати худаш навиштааст, дар Осорхонаи адабиёти Қӯқанд маҳфузанд.

Абдулғафур Раззоқи БУХОРӢ,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро,
хаттот.

Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Институти шарқшиносии
ба номи Абурайҳони Берунӣ,
доктори улуми таърих. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: