Дар Тошканд Ҷашнвораи санъат ва анъанаҳои миллии III “MAKON FEST – 2024” баргузор мегардад

20-24 март дар боғи миллии Ӯзбекистон “«Milliy Bog'» Ҷашнвораи санъат ва анъанаҳои миллии III “MAKON FEST – 2024” баргузор мегардад.

Шиори форум  «Biz bir Makon - biz O’zbekiston» ("Мо кишвари ягона – мо Ӯзбекистон") мегардад, ки ғояи муттаҳидшавиро дар атрофи мероси миллӣ ва ватандӯстӣ инъикос менамояд.

Интизор меравад, ки дар ин ҷашнвора аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон, аз ҷумла аз Италия, ИМА, Чин, Русия, Фаронса, Швейтсария, Ҷопон, Британияи Кабир, Исроил, Испания, Юнон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо меҳмонон ва сайёҳон ҷалб шаванд.

Барномаи чорабинӣ баромади дастаҳои мусиқӣ, сайру бозиҳои анъанавии мардумӣ, ярмаркаи шарқӣ, дарсҳои маҳорати ҳунармандони ӯзбек, намоиши муд, намоишгоҳҳоро дар бар гирифта, омода кардани сумалаки вазнаш 10 тоннаро дар назар аст.

Дар рӯзи ниҳоии “MAKON FEST - 2024” гала-консерт барпо мегардад, ки  гурӯҳҳои фолклориро бо ҳунармандони маъруфи эстрада дар як саҳна муттаҳид мекунад, инчунин маросими ҷоизасупорӣ ба устодони боистеъдоди санъат ва ҳунарҳо, ошпазҳо, тарроҳон ва гурӯҳҳои фолклорӣ баргузор мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: