ЗИКРИ МУҲИТИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТОШКАНД

дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ

дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ 
Тошканд ва ноҳияҳои атрофи он тӯли асрҳо аз зиддиятҳои дохилӣ, шӯришу ҳуҷуми қабилаҳои кӯчӣ ва истилои мамлакатҳои дигар эмин намонда, гоҳ сӯзонда, гоҳ мардумаш қатли ом гардида ба хароба табдил дода шудаанд. Чунончи, ҳангоми истилои араб аз тарафи Қутайба ибни Муслим ва аз ҷониби Муҳаммад Хоразмшоҳ шаҳр ба коми оташ кашида, дар замони Аштархониён сокинонаш аз тарафи Имомқулихон қатли ом карда шуда буданд. Вале ин талафот онро аз тараққиву  пешравӣ  боздошта натавонист. 
Дар бораи аз тарафи Қутайба ибн Муслим сӯзонда шудани Тошканд дар «Таърихи Табарӣ» чунин оварда шудааст: “...Пас аз он, Қутайба ба Кошон (Косони имрӯза) рафт, ки шаҳри мӯътабари Фарғона буд ва сипоҳиёне, ки сӯи Чоч фиристода буд, пеши вай бозомаданд, ки онҷоро кушода буданд ва бештари шаҳрро сӯзонда буданд. Он гоҳ Қутайба сӯйи Марв бозрафт”.
Мутобиқи ахбори шабакаи интернетии uza.uz ва “Ӯзбек совет энциклопедияси” дар манбаъҳои қадима зикр мегардад, ки дар ҷойи Тошканди ҳозира 2200 сол пеш шаҳри бузургу ободе мавҷуд будааст,аммо то имрӯз номи ҳамонвақтаи Тошканд муайян нагардидааст. Тошканд дар асрҳои V-VIII бо номҳои Чоч, Шош, Шошкент, Бинкат зикр гардида, дар айни вақт пойтахти давлати феодалии ҳамном буд. Бино бар маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ ва Маҳмуди Қошғарӣ шаҳр ибтидо аз асри XI номи Тошкандро гирифтааст. 
Чоч дар асри VI ба хоқони турк тобеъ гардид. Пас аз берун омадан аз тасарруфи хоқони турк, Чоч соҳибистиқлол гашта, ба яке аз давлатҳои пуриқтидори давр табдил меёбад. Хусусан, дар асри VII то аввали асри VIII вазъи сиёсии Чоч осоиштатар гардид. Дар ҳамон асрҳо давлат будани Чочро маълумоте, ки дар “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров оварда шудааст, тасдиқ мекунад: “Дар солҳои 712-713 ба муқобили арабҳо иттифоқи хоқони турк ва се давлати калони истиқлолияти худро нигоҳдошта Суғд, Чоч ва Фарғона баромад мекард”. 
Чоч аз мамлакатҳои ривоҷёфтаву тараққикардаи замони худ буд. Аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву маданӣ хеле вусъат дошт. Дар “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров гуфта мешавад, ки: “Раққосаҳои Чоч, Қумод, Кеш, Маймурғ, алалхусус, раққосаҳои Самарқанд ниҳоят машҳур буданд.” Ривоҷи санъати рақс шаҳодат  медиҳад, ки дар ин аср дар Чоч мусиқиву суруд низ инкишоф ёфта будааст. 
Дар шеъре, ки Абулянбағии Самарқандӣ (Абулянбағӣ Аббос ибни Тархон) пас аз тохту този  арабҳо ба ин сарзамин дар асри VIII сурудааст, хубию беҳӣ ва ободонии Самарқандро дар муқобили Чоч баён гардидааст:
Самарқанди кандманд,
Бад-инат кӣ афканд?
Аз Чоч та беҳӣ,
Ҳамеша та хеҳӣ.
Аз он ҷо ки дар ин пораи шеърӣ Самарқанд маҳз бо Чоч (на шаҳри дигар) қиёс карда шудааст, фаҳмидан мумкин аст, ки дар асри VIII ин давлат қудратманд ва сазовори қиёс бо Самарқанд будааст, ки яке аз марказҳои тавонманд ва боиқтидор ба ҳисоб мерафт.
Мардуми Чоч хеле ватанпарвар, озодихоҳ ва ҷасуру ғаюр будаанд. Исботи инро дар муборизаи зидди хилофати араб дидан мумкин аст. Дар “Таърихи Табарӣ” оварда мешавад, ки: “Қутайба ба соли наваду чаҳорум қазо кард ва чун аз наҳр гузашт, бист ҳазор марди ҷангӣ ба мардуми Бухоро ва Кеш ва Насаф ва Хоразм муқаррар кард. Пас инон бо вай сӯйи Суғд рафтанд, ки онҳоро сӯйи Чоч фиристод ва худи ӯ сӯйи Фарғона равона шуд...”. Агарчи дар он ҷанг Чоч шикаст хӯрда буд, мардуми он таслим нагардида, баъдтар аз тасарруфи арабҳо озод гаштанд. Дар ин бора “Тоҷикон” чунин мегӯяд: “Қутайба ғалаба карда бошад ҳам, муқовимати фарғониҳо ва чочиҳоро тамоман шикаста натавонист”. Танҳо соли 714 дар ҳамлаи дуюм Қутайба Чочро батамом забт менамояд.
Мисоли дигари мардонагии халқи Чоч шӯриши кишоварзон мебошад, ки соли 806 бар зидди хилофати араб сар зада буд. Ин шӯриш, ки дар бисёр ноҳияҳои Мовароуннаҳр шиддат мегирифт, асосан аз тарафи пайравони Муқаннаъ сар зад, ки бисёри онҳо дар Чоч буданд. Халифаи оянда Маъмун танҳо пас аз чор соли шӯриш, яъне дар соли 810 онро пахш карда тавонист.
Бояд таъкид намуд, ки дар Чоч пас аз истилои араб муҳити илмӣ ташаккул ёфта, муҳаддисони хеле зиёде, аз ҷумла Абдуллоҳ ибн Абӯавонаи Шошӣ (ваф. 899), Абубакр Қаффоли Шошӣ (904-976), Абӯалӣ Ҳасан ибни Соҳиб Ҳофизи Шошӣ (ваф. 926), Абӯлайс Наср ибни Ҳасани Шошии Тункатӣ (1013-1093), Абӯбакр Муҳаммад ибни Аҳмади Шошӣ (1038-1114) ва дигарон баромаданд, ки онҳо намояндагони муҳити илмии Тошканд ба ҳисоб мерафтанд. 
Аз асри IX сар карда, Чоч ба тасарруфи сулолаи Сомониён гузашт.Онро нахуст Яҳё ибни Асади Сомонӣ, баъд аз он ҷиянаш Муҳаммад ибни Нӯҳи Сомонӣ ва баъд аз онҳо Яъқуб ибни Аҳмади Сомонӣ  ба сифати ҳоким идора намуданд, зеро он замон Мовароуннаҳр ҳанӯз дар тасарруфи хилофат буд. 
Пайдоиши муҳити адабии Тошкандро ба асри XIII нисбат додаанд, ки ин қобили мулоҳиза аст. Зеро дар минтақае, ки ба сифати давлат эътибор ва мақом дошт ва мутобиқи ахбори санадҳо санъати рақс рушд кардааст, ҳатман навозандагӣ ва дар паҳлӯйи он шеър ҳам мебоист, ки рушду нумӯъ дошта бошад. 
Дар асри XIV бошад, Темур шаҳрро ба давлати худ ҳамроҳ карда, ба яке аз калонтарин қалъаҳо табдил додааст. Маҳз дар асрҳои XIV-XVI муҳити адабии Тошканд  нуфузи хоса пайдо намуд. Зеро дар ин давра чандин шоирони тавонманд ба мисли Бадри Чочӣ, Лутфии Шошӣ (1366-1465), Мавлоно Улои Шошӣ, Ориф Фаркатӣ, Мавлоно Фаркатӣ, Дарвешбек ибни Мирзо Алӣ, Дайрии Тошкандӣ (асри XVI), Собирии Тошкандӣ (ваф.1597) Шӯҳрати Оҳангаронӣ, Сомании Тошкандӣ (охирҳои асри XVI ва аввалҳои XVII), Садрии Тошкандӣ (охирҳои асри XVI ва аввалҳои асри XVII), Рабеии Тошкандӣ, Содиқии Тошкандӣ (чоряки охири асри XVI ва чоряки аввали асри XVII) ва ғайра ба майдон омаданд. Зикри Лутфии Шошӣ, Мавлоно Улои Шошӣ, Орифии Фаркатӣ, Дарвешбек ибни Мирзо Алӣ дар тазкираи Алишер Навоӣ – “Маҷолис-ун-нафоис” низ омадааст. Дар бораи фаъолияти эҷодии Дайрии Тошкандӣ, Шӯҳрати Оҳангаронӣ, Собирии Тошкандӣ, Сомании Тошкандӣ, Садрии Тошкандӣ, Рабеии Тошкандӣ ва Содиқии Тошкандӣ бошад, дар тазкираи профессор Садрӣ Саъдиев “Маркази адабии Самарқанд дар оинаи таърих” маълумот дода шудааст.
“Дар нимаи дуюми асри XVI Тошканд ба хонигарии Бухоро ҳамроҳ шуд. Дар асрҳои XVII-XVIII онро қазоқҳою қалмоқҳо забт намуданд. Соли 1809 ба ҳайати хонигарии Хуқанд, соли 1865 ба ҳайати империяи Россия ҳамроҳ гардид,” гуфта мешавад дар “Энсиклопедияи советии тоҷик”. Тошканд дар нимаи дуюми асри XIX ба маркази мадании бузурги Туркистон мубаддал гашт. Интишори афкори маорифпарварӣ, ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои тозаи сиёсию маданӣ дар ибтидои асри ХХ боиси пешрафти ҳаёти фарҳангӣ дар ин шаҳр гардиданд. Дар ин марҳалаи таърихӣ боз як қатор шоирон ба майдони сухан омаданд.Мирӣ (1833-1916), Ҳақирӣ (1878-1959), Хислат (1880-1945), Саидрасул Саидазизов (1866-1933) аз ин ҷумлаанд.
Тошканд ҳоло низ дар қатори Самарқанду Тирмизу Фарғонаву Бухоро ҳамчун маркази муҳими илмию адабии тоҷикон мақом дорад. Иддае аз аҳли адаб ва илм дар он зиндагиву эҷод карда, барои рушду равнақи фарҳангу адабиёти имрӯзаи тоҷик саҳмгузорӣ мекунанд.
Бо такя ба маълумоти сарчашмаҳои илмию адабии зикршуда бо итминон метавон гуфт, ки шаҳри кунунии Тошканд дар гузашта низ аз марказҳои муҳими сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёфт. 

Дилшоди ФАРҲОДЗОД, 
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ, 
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: