Дирӯз ва имрӯзи санъати кулолгарӣ

Санъати кулолгарӣ дар кишвари мо таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад.

Кофтукови бостоншиносон ва сафолпораҳое, ки аз қаъри хоки шаҳрҳои бостонӣ ба даст омадаанду меоянд, далели ин гуфтаанд.
Кӯзаву коса, офтоба, хум ва дигар зарфҳои мардуми мо дар замонҳои қадим сафолӣ буданд. Вақте дар осорхонаҳо ба онҳо дучор меоем, аз ҳунари волои аҷдод ангушти ҳайрат мегазем.
Басе қадимӣ будани санъати кулолгариро рубоии зерини Ҳаким Умари Хайём низ собит менамояд, ки фармудааст:
Бар кӯзагаре парер кардам гузаре,
К-аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.
Ман дидам, агар надид ҳар бебасаре,
Хоки падарон дар кафи ҳар кӯзагаре.
Бале, аҷдоди мо аз гили оддӣ асари санъат офаридаанд. Ҳар чӣ собиқа дорад, оянда дорад. Имрӯзиён низ ҳунари аҷдодро идома медиҳанд. Дар кишвари мо санъати кулолгарӣ дар Риштон рушд кардааст. Маҳсули ҳунари дастии кулолони ин мавзеъ рангу ҷилои ба худ хос дорад.
Солҳои охир ташкили Маркази байналхалқии ҳунармандӣ, маҳалла ва шаҳраки кулолон, хона-музейи кулолони соҳибкор ва манзилҳои сайёҳӣ дар доман паҳн кардани ҳунари кулолии Риштон аҳамияти муҳим касб намуд.
Чанде қабл дар маҳаллаи Навоии ноҳия минтақаи саноатии маҳсулоти кулолгарӣ дар пойгоҳи «Заводи кулолгарии бадеӣ»-и собиқ басе мутантан кушода шуда буд.
Дар минтақаи саноатии ихтисосонидашуда 37 корхонаи истеҳсолӣ ва ороиши зарфҳои чинию сафолӣ, ки қимати умумии лоиҳавиашон 75,8 миллиард сӯм аст, созмон дода шуд. Дар сехи ороиши маҳсулоти чинии ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «MM Porcelain», ки соҳибкор Муҳайё Сатторова созмон додааст, беш аз 100 нафар занону духтарон бо шуғл фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар 300 хонадон беш аз 700 нафар занони бекори маҳалла бо хонакорӣ машғуланд. 

Дар акс: рафти ороиши зарфҳои чинии корхона.
Аксбардор: М.ҚОДИРОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: