БОВАРӢ БА НАШРИЯҲОИ ЧОПӢ БЕШТАР АСТ

Ҳоло замон замони коммуникатсияи интернет аст ва усулҳои рақамӣ ва маҷозӣ дар айни ҳол торафт ҷойгузини дигар воситаҳои муомилот ва коргузорӣ мегардад.

Дар бобати нашрияҳо низ ҳаминро гуфтан мумкин аст. Фаразан рӯзномаҳоро бигирем, ки дар ҷаҳон ба талқини маҷозии онҳо бештар афзалият дода мешавад. Вақте ки дар худамон дар бораи бартарии ин ё он шакли онҳо баҳс солҳои охир авҷ гирифтааст, мо хостем бидонем, ки айни чунин соҳа дар шоҳигарии Шветсияи даҳуниммиллионнафарӣ чӣ гуна аст, ки аз ин хусус мақолаи зер бозгӯӣ мекунад.
Шветсия дар ҷаҳон аввалин шуда дар соли 1766 озодии матбуотро дар Конститутсияаш сабт кардааст. Озодии матбуот ва озодии баён аз қонунҳои асосии кишвар мебошанд.
Қонун дар бораи озодии матбуот  ҳуқуқи чоп ва паҳн кардани навиштаҳои чопиро бидуни сензураи пешакӣ ва монеаҳо таъмин месозад. Унсури дигари қонун дар бораи озодии матбуот ҳуқуқи шаҳрвандон барои дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои давлатӣ аст.
Қонун дар бораи озодии баён озодии телевизиону радио, видеоблог, баромад дар анҷуман, митингу роҳпаймоиҳоро дарбар мегирад.
Дар ин кишвар шахс  фикри худро озодона баён карда метавонад, аммо ҳаққи тӯҳмат кардан ва бадному таҳқир кардани дигаронро надорад. Агар нашр дар бораи касе ё идорае маълумоти нодуруст чоп кунад, расман узрхоҳӣ мекунад ва баъзан барои воҳимаангезӣ ҷаримаи зиёд мепардозад. То айби ашхоси хилофкор исботашро ёфта, қарори додгоҳ набарояд, аз рӯи принсипи презумпсияи бегуноҳӣ ҳуввияти ҷинояткор ошкор карда намешавад. Дар рӯзномаву саҳифаҳо хабару мақолаҳои пурсарусадоро дар вақташ дарҷ мекунанд, аммо ба ҷои ном «зане» ё «марде» гуфта мешавад.
Нашрияҳо ва журналистон мустақилона кор мебаранд  ва бетараф ҳастанд. Онҳо бидуни ҳарос вазирон ва роҳбарони ҳизбҳои сиёсиро танқид мекунанд. Вазире ҳаққи солонаи радиоро надода аст, баъди қарори суд бо номаш дарҷ карданд. Вакили мардумӣ машруб хӯрда, ронандагӣ карда ва аз тарафи полис аз гувоҳномаи ронандагиаш маҳрум карда шуданаш, яке аз раисони азҳоби сиёсӣ аз корти банкии ҳизб як дона шоколад хариданаш, як ситораи репсарои Амрико бо пули нақди зиёд ба дасти полиси швед афтоданаш... дар ҳамаи рӯзномаю маҷаллаҳои швед рӯзҳои наздик чоп шуд... 
Журналистон агар акси шахсони ҷудогонаро дарҷ карданӣ бошанд, аз соҳиби акс иҷозат мепурсанд. Муаллимони кӯдакистону мактабҳо аз падару модарон барои акси фарзандони ноболиғашонро дар вебсайти мактаб гузоштан бо тарзи хаттӣ иҷоза мепурсанд.
Рӯзномаҳо дар Шветсия аз солҳои 1600 милодӣ инҷониб чоп мешаванд ва барои пешрафти ҷомеаи кишвар хидмат мекунанд. Ҳоло 4150 рӯзнома фаъолият мекунад. Бузургтаринаш «Афтонбладет» (Aftonbladet) аст ва теъдоди он соли 2006-ум ба 416 500 нусха мерасид. Он ҳафтае панҷ дафъа чоп мешавад. Ин нашрҳо якҷоя бо бинандагони маҷозиаш чаҳор миллион муштарӣ дорад, дар ҳоле ки аҳолии шоҳигарӣ қариб 10,5 млн. нафар мебошад. Аксарияти  муштариён шакли электронии рӯзномаро мехонанд. Як дона газета дар дӯкон 29-30 крони шведӣ (30000 сӯм), обунаи яксола то 7000 крон (7 млн сӯм) аст.
Бузургтарин рӯзномаи дигар «Экспрессен» (Expressen) 326 ҳазор муштарӣ ва боз яке – «Дагенс нуҳетер» (Dagens nyheter) 347 ҳазор нусха чоп мешавад. Дар Шветсия баъди соли 2000 теъдоди чопи рӯзномаҳо кам шуд ва якчандтоаш баста шуд. Чанд рӯзномаи бепул, ки аз ҳисоби таблиғот иқтисодашонро пеш мебурданд, баста шуданд. Боисаш  фаъолу беҳтар шудани сифати интернет шуд. Харидорҳои рӯзномаҳои чопӣ бештар ашхоси бузургсол ва ташкилотҳои давлатӣ  мебошанд.
Муассисони рӯзномаҳо ширкатҳои хусусӣ, оилавию муштарак мебошанд ва асосан аз ҳисоби таблиғот, ҳомиён, ҳамчунин  обуна корашонро пеш мебаранд. Давлат ҳам кумаки моддӣ намуда, нашрияҳоро дастгирӣ мекунад.
Рӯзномаҳои чопӣ манбаи навигариҳои хеле боварибахш ҳастанд. Ҳоло бо туфайли интернет бо онҳо рӯзномаҳои онлайн рақобат мекунанд. Ҷиҳатҳои  хуби шакли электронии газетаҳо олуда насохтани муҳити зист, сарфаи барқ, дарахт ва харҷи чоп аст. Шумо ҳамеша ба газетаи электронӣ дастрасӣ доред. Агар ягон маълумотро аз шумораҳои пешин ҷустуҷӯ кунед, онро осонтар пайдо мекунед ва ҳоҷат ба варақ задану ба архиву китобхонаҳо рафтан нест. 
Тавассути газетаҳои интернетӣ дар бораи ягон рӯйдод сари вақт ошно мегардед ва онҳо арзон дастрас  ҳастанд. Ҳоло аксарияти одамон хабарҳоро аз смартфону компютер мутолиа мекунанд. Дар мошинҳои худ радио гӯш мекунанд. Дар қатораву ҳавопаймо ба телевизион ҳам дастрасӣ доранд. 
Ҷиҳати хуби рӯзномаҳои чопӣ дар он аст, ки онро бидуни интернет ҳам мутолиа карда мешавад. Манбаъ аниқ аст ва ҳамеша дар газетаҳои чопӣ иттилооти дақиқ нашр мешавад. Дар олами маҷозӣ кас намедонад кадом маълумот дуруст аст ё кадом нодуруст. Мардум бояд ба манбаъ бо назари танқидӣ нигоҳ карданро ёд бигиранд ва ба манбаъҳои боэътимод бовар кунанд.
Ба ғайр аз ин газетаҳои электронӣ барои таваҷҷуҳи мардумро ҷалб кардан тарзи савтӣ ё видеоии гузоришро ҳам мемонанд. Табиист, ки муштариён шакли видеоӣ ё савтиро мебинанд. Дар натиҷа хондану навиштани онҳо вусъат намеёбад. Вақте ки ба шарҳҳои навиштаи ҷавонони имрӯза дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ чашматон меафтад, хеле тааҷҷуб мекунед. Онҳо на қоидаи имлоро риоя мекунанд ва на ба мантиқ.
Алъон мардум пайваста пеши компютеру телефон мешинанд, ки ин монеаи ҳаракат кардани кас мешавад ва камҳаракатӣ сабаби бемориҳои мухталиф мегардад. Барои харидани газета бошад, кас ба дӯкон меравад, ё сандуқи почтаи худро мебинад, ба ҳар ҳол каме бошад ҳам ҳаракат мекунад.
Мо дар боло гуфтем, ки рӯзномаҳои чопӣ гаронанд, аммо агар пули интернету телефону компютер ва харҷи муолиҷаи хонандаро ҳисоб кунем, шояд  қимати  ҳар ду намуди рӯзнома баробар  бошад ва ин мавзӯъ бояд аз тарафи коршиносон омӯхта шавад.

Улдон ҚАРАЕВА,
ШВЕТСИЯ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: