БА ШУҒЛ ФАРО ГИРИФТАНИ АҲОЛӢ – АЗ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Дар шароити пахши пандемияи коронавирус теъдоди зиёди одамон шуғли худро аз даст додаанд, ки ин пӯшида нест.

Дар шароити пахши пандемияи коронавирус теъдоди зиёди одамон шуғли худро аз даст додаанд, ки ин пӯшида нест. Дар миён омадани 
COVID-19 қути лоямути хонаводаҳои зиёд аз даст рафт. Агар дар мисоли ноҳияи Сӯх ин мавзӯъро баррасӣ карданӣ бошем, ҳувайдост, ки имрӯзҳо ҷавонмардони зиёд ба далели баста будани роҳҳо ва қатъи ҳаракати нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ наметавонанд аз пайи ба даст овардани музд шаванд. Аксари онҳо бекор нишастаанд.
Хушбахтона, бо қарори Президент “Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” дар ноҳия имрӯзҳо корҳои зиёди ободонӣ таҳти иҷро қарор гирифтаанд. Бар ин асос як идда ҷавонмардон ба кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шуданд, аммо чунин ба назар мерасад, ки ин ҳанӯз ҳалли пурраи масъала намебошад.
Шояд дар сурати кушодани чанд корхонаи хурди хусусӣ ин мушкилоти мардум то андозае рафъ гардад. Дар айни замон як гурӯҳ соҳибкорони маҳаллӣ талош ба харҷ медиҳанд, ки корхона ташкил кунанд ва ба ин васила аз як сӯ дар пешрафти иқтисодиёти ноҳия саҳми худро гузоранд, аз сӯи дигар дар коҳиш додани бекорӣ нақш бозанд. 
– Агар дар фурсати наздик чунин корхонаҳои хусусӣ, ки маҳз ба истеҳсолоти маҳсулоти мавриди эҳтиёҷоти мардуми ноҳия нигаронида шудаанд, ба кор надароянд, вазъияти амнияти хӯрокворӣ ва ба кор таъмин кардани аҳолии шаҳраку деҳоти ноҳия ба бумбасти ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ин ҳол мисли ойина равшан аст ва дар ин самт низ бояд қадамҳои ҷиддӣ гузошт, – мегӯянд онҳое, ки солҳои дароз боз қути лоямути худро аз мардикорӣ дар Русия пайдо мекарданд.
Дар ноҳия дастикам ҳаштод ҳазор нафар аҳолӣ ба сар мебаранд. Ноҳия сол аз сол ободу зебо мешавад. Бунёд намудани хонаи маданият бо гунҷоиши 150 нафар, толори варзишӣ бо гунҷоиши 120 нафар, фароғатгоҳҳои бачагон, ташкил намудани муассисаҳои томактабии хусусӣ аз мисолҳои равшани ин фикри мо мебошанд, ки тибқи қарори Президент роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки таъмини маишати хонаводагӣ дар ноҳияи мо бештар ба дӯши мардҳо гузошта шудааст. Як қисми мардҳо дар муассисаҳо ва ташкилотҳои гуногуни давлатӣ, хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ, корхонаҳои хурди истеҳсоливу тиҷоратӣ ва амсоли он машғул ба кор ҳастанд, аммо теъдоди боқимонда берун аз ноҳия мераванд ва барои хонаводаҳои худ маблағ пайдо мекунанд.
Дар ин шабонарӯз, ки пандемияи коронавирус тамоми мардуми оламро нигарон сохтааст, Президент ва ҳукумати ҷумҳурӣ талош ба харҷ медиҳанд, ки бо воситаҳои гуногун мушкилоти мардумро рафъ созанд. Тавре ки аз маълумоти ҳокимияти ноҳия маълум шуд, 400 хонаводаи камбизоат кӯмакпулиҳои Президентро ба даст оварданд. Онҳо ба воситаи ин маблағ эҳтиёҷоти худро ҷиҳати камбуди орду равған ва маҳсулоти дигари зарурӣ бартараф намуданд.
Дар айни ҳол бар асоси фармон ва қарорҳои сарвари давлат ва ҳукумат бозори меҳнат ба тартиб дароварда мешавад. Бар ин асос меъёрҳои ҳуқуқии ба шуғл таъмин кардани аҳолӣ арзи вуҷуд менамоянд. Ҳадафи асосӣ аз он иборат аст, ки масъалаи бекорӣ дар мамлакат, аз ҷумла ноҳияи мо оҳиста коҳиш дода шавад.
Мушоҳидаҳо боз нишон медиҳанд, ки мутасаддиён ва роҳбарони секторҳо дар самтҳои гуногун фаъолнокии бештар зоҳир мекунанд. Вале кор дар ҳамаи ҷабҳаҳо якранг нест. Он нукта мусаллам мебошад, ки бар асари бемасъулиятиву беҳавсалагии баъзе роҳбарони ташкилотҳо иҷрои корҳое, ки бар дӯши онҳо гузошта шудаанд, ба таври бояду шояд иҷро намегарданд.
Дар ноҳияи Сӯх ба роҳ мондани хизмати робитаи мобилӣ низ яке аз масъалаҳои муҳим ва доғи рӯз мебошад. Бо вуҷуди он ки корҳои беҳтар намудани алоқаи мобилӣ, ташкили минтақаҳои Wi-Fi бо суръат идома дорад, як қисми аҳолии ноҳия ҳанӯз аз симкартаҳои Қирғизистон истифода мебаранд ва маблағҳои калон аз ин ҳисоб ба кисаи дастандаркорони ин соҳаи кишвари ҳамсоя медарояд.

Сувҳоналӣ ИСОЕВ.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: