ДАР ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ – МАКОНИ САБЗ БО ҲАМ ЗИНДАГӢ КУНЕМ!

  • ДАР ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ – МАКОНИ САБЗ БО ҲАМ ЗИНДАГӢ КУНЕМ!
  • ДАР ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ – МАКОНИ САБЗ БО ҲАМ ЗИНДАГӢ КУНЕМ!

МУРОҶИАТИ

фаъолони маҳаллаҳо, намояндагони 
насли калонсол, зиёиён, 
занону ҷавонони Ӯзбекистон ба мардум
Ҳамватанони азиз!
Чуноне ки маълум аст, сайёраи Замин – Ватани ягонаи тамоми инсоният. Замин – манбаи ҳаёт. Он ба одамон ҳама чизи заруриро саховатмандона инъом менамояд. Мутаассифона, имрӯз дар натиҷаи нодуруст истифода шудани захираҳои обу замин, истифодаи технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ зараровар дар сайёраи мо иқлим тағйир ёфта, гуногунии биологӣ аз байн меравад. Ҳаёти беш аз 8 миллиард аҳолии ҷаҳон таҳти хатар қарор дорад.
Ба қарибӣ аз минбари СММ Президент Шавкат Мирзиёев оид ба барҳам додани се мушкилот, ки ҳаёти башарро зери хавф мегузорад – тағйирёбии иқлим, нест шудани гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити  атроф ташаббусҳои муҳимро пеш гузошт.
Сарвари давлатамон 11 октябри соли ҷорӣ дар ҷамъомади видеоселекторӣ инчунин дар ин самт як қатор пешниҳодҳои аҳамиятнокро изҳор намуда, вазифаҳои афзалиятнокро муайян кард. Инак, аз 25 октябр то 1 декабр дар кишвар «мавсими ниҳолшинонии тирамоҳӣ» эълон шудааст.
Мо аз ташаббусҳои Президенти кишвар илҳом гирифта, аз номи халқи сермиллатаи мо, ки ҳамеша бо табиати маҳбуб дар ҳамбастагӣ зиндагӣ менамояд, барои ҳифзи покию пойдории муҳити зист саъй мекунад, ҳамаи шумо, тамоми халқамонро даъват менамоем, ки ғояи неки «Дар Ӯзбекистони Нав – макони  сабз бо ҳам зиндагӣ кунем!»-ро дастгирӣ намоед.
Халқи донои мо ҳикмати пурмаънои «Аз нек – боғ»-ро дорад. 
Ба арзишҳои миллии худ содиқ монда, ба анъанаҳои халқи худ ҳамоҳанг шуда, ки дар он шинондани дарахт бахшида ба таваллуди кӯдак дар оила, бо усули ҳашар бунёд намудани боғу хиёбонҳо ва кабудизоркунии шафати биноҳо анъана шудааст, мо ташаббуси дар ҳар як хонавода шинондан ва рӯёндани 20 бех ниҳоли дарахтро пеш мегузорем.
Шумо инро чӣ хел қабул мекунед, ки мо ба анъанаи нав – дар рӯзҳои  тӯй ва дигар тантанаҳои фараҳбахш шинондани ниҳол асос мегузорем?! Ин оғози хуб хоҳад буд, ҳамин тавр не?
Муҳтарам фаъолони маҳалла, пирони кӯча ва кумитаи гузарҳо!
Дар баъзе маҳаллаҳо, кӯчаҳо ва гузарҳо ҳанӯз бисёр ҷойҳои холӣ ҳастанд, ки дар онҳо ниҳолҳо шинонда нашудаанд. Вазифаи навбатии мо аз ба боғу гулгашт табдил додани ин ҳудудҳо, ба ин васила мустаҳкам кардани ризоият ва ҳамҷиҳатии сокинони маҳалла, васеъ гардондани лоиҳаҳое, ки ба ободонии ҳудудҳо ва некуҳолии аҳолӣ нигаронда шудаанд, иборат аст. Барои ин дар ҳар як маҳалла мо бояд «боғҳои маҳаллаҳо» ташкил диҳем, минтақаҳои сабзро зиёд гардонем, намуна шуда, аввал хона ва кӯчаи худро обод гардонда, ба лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ҳисса гузорем.
Дар парвариши ҳар як ниҳол ва нигоҳубини он бояд фаъолони маҳаллаҳо ва ширкатҳои идоракуниву хидматгузорӣ ғайрат ва фидокорӣ нишон диҳанд. Барои ин масъул таъин намудани «ҳафтгонаи маҳалла», оқсақолони кӯча ва манзилҳои истиқоматӣ, инчунин соҳибони хонаву ҷой ба мақсад мувофиқ мебуд.
Муҳтарам намояндагони насли калонсол!
Таҷрибаи ҳаёт, дуо ва нияти шумо ҳамеша ба халқи мо ҳамчун такягоҳ ва мадади бузург хидмат мекунад.
Мо аз шумо, беш аз се миллион нафар собиқадорони гиромӣ дар самти татбиқи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар маҳаллаҳо, ташкил намудани шинондани ниҳолҳо аз ҷониби аҳолӣ фаъолият ва ташаббуси боз ҳам бештарро интизорем. Намунаи ибрат, панду насиҳат ва тавсияҳои шумо барои ҳамаи мо муҳим аст.
Агар ҳар як насли калонсоли мо як бехӣ ниҳол шинонад, зиёда аз 3 миллион дарахти нав ба вуҷуд меояд. Ё ин ки агар ҳар кадоми онҳо 10 нафар ҷавононро ба чунин кори хайр ҷалб намояд, ин рақам даҳ баробар меафзояд.
Деҳқонону фермерони муҳтарам, соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ!
Шумо бо меҳру муҳаббати худ ба замин дар истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, шинондани ниҳол ва бунёд намудани боғ саҳми калон мегузоред. Дар бораи ниҳолҳо сухан ронда, бояд гуфт, ки дар мамлакати мо якуним ҳазор хоҷагии фермерию деҳқонӣ, соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ зиёда аз 81 миллион бех ниҳолҳои тут, ангур, сафедор, чормағз ва ғайра парвариш мекунанд.
Агар дар идомаи чунин кори наҷиб ҳар як соҳибхона дар қитъаи замини наздиҳавлигии худ, дар гузари маҳалла ва кӯча 10 бех ниҳол шинонад, дар он сурат дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 55 миллион бех дарахт парвариш карда мешавад.
Агар фермерони мо дар асоси тамоюли «Як майдон – як маҳсулот» кор карда, дар замини худ ниҳоли тут, ангур, сафедор ва дигар дарахт парвариш кунад, ҳар як ваҷаб замин ба боғу бӯстон табдил меёбад.
Муҳтарам намояндагони  аҳли зиё, арбобони илм, адабиёт, санъат, варзишгарон!
Иштироки фаъолонаи шумо дар дастгирии ташаббусҳо оид ба саҳмгузорӣ дар рушди Ватанамон муҳим аст.
Ҷавонони мамлакат ба шумо  –арбобони намоёни эҷодӣ, зиёиён ва ситораҳои варзиш бо ҳавас нигоҳ мекунанд.
Аз ин рӯ, мо дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳӣ дар кишварамон ташаббусҳои нав, корҳои амалӣ ва ибрати шахсиро интизорем.
Модарони гиромӣ, хоҳарони азизи мо!
Шумо ба хонаву маҳаллаҳои мо зебоӣ ато менамоед.
Мисли модарони мо табиат муқаддас аст! Мафҳумҳои модар ва табиат ҳамоҳанг ва ба ҳам алоқаманданд. Биёед дар шуури фарзандонамон маҳорати қадршиносии табиатро чунон ки мо модаронро эҳтиром мекунем  амиқ парварем.
Бигузор авлоди мо мисли падарону бобоёни мо бунёдкорони боғу бӯстон ва ҳимоятгарони табиати ватани мо гарданд! Танҳо ҳамин тавр мо метавонем табиатро ҳифз карда, онро ба наслҳои оянда супорем.
Дар айни замон он чиз хурсандиовар аст, ки ғояи «Модарон – барои кишвари сабз» анъанавӣ гардида, дар маҳаллаҳо «Боғҳои модарон» ташкил карда мешаванд. Дар ин кор низ саҳми муносиби ҳаракати «Оқила аёллар» дар қариб 10 ҳазор маҳалла фаровонии назаррас аст. Вазифаи ояндаи мо аз он иборат аст, ки чунин кори хайрро дар байни аҳолӣ васеъ оммавӣ гардонем.
Писарону духтарони азиз!
Шумо – бунёдкорони қувваи Ӯзбекистони Нав! Дар муваффақ гардидан ба марраҳои баланди халқи мо дониш ва нируи зеҳнӣ, қувваву ғайрат, садоқат ва муҳаббати шумо ба Ватан бебаҳост.
Модар-заминро эҳтиёт карда, ба он меҳр диҳед. Барои ояндаи дурахшон имрӯз дар назди хона, дар кӯча, маҳалла ниҳол шинонда, дар бунёд намудани «Боғи ҷавонон» дар ҳудуди худ ташаббус нишон диҳед!
Ҳамеша дар ёд дошта бошед, шумо фарзандони Ӯзбекистон ҳастед, саҳми шумо ба некуҳолии падару модари шумо, маҳалла ва тамоми халқи мо хидмат мекунад.
Ҳамватанони азиз!
Биёед ниҳолшинонӣ ва нигоҳубини онҳоро на қарз, балки ҳамчун арзиш қабул намоем.
Бигузор ҳар яки мо, вазифаи худро дар назди наслҳои оянда амиқ дарк намуда, лоиҳаи «Макони сабз»-ро ба ҳаракати миллии умумихалқӣ табдил диҳем!
Биёед, Ватани ободу шукуфонро ба фарзандони худ мерос гузорем!

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: