Президенти Ўзбекистон густариши шарикиро бо ниҳодҳои СММ қайд кард

  • Президенти Ўзбекистон густариши шарикиро бо ниҳодҳои СММ қайд кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 апрел дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Аврупо (КИА) Олга Алгаероваро қабул кард.

Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла КИА барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ шуданд.

Ҳамкориҳои судманд дар доираи Барномаи махсуси СММ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Ба идомаи мубодилаи самаранок оид ба ворид шудани Ӯзбекистон ба Созмони ҷаҳонии савдо, инчунин татбиқи барномаи “Макони сабз”, лоиҳаҳои рақамигардонии боркашонӣ ва саноати бофандагӣ манфиатдорӣ баён карда шуд.

 Дар мулоқот масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ бо КИА СММ дар самтҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: