ё худ ҳарфҳое, ки зимни тақдимоти як китоб иброз гардид
Муҳаммадҷон Обидовро шояд муштариёни «Овози тоҷик» шиносанд, зеро вай солҳои дароз ба сифати хабарнигори барномаи иттилоотии «Ахборот»-и шабакаи телевизиони ҷумҳурӣ фаъолият намудааст ва ҳамчун яке аз журналистони пуркору муваффақ ва серпаҳлӯ муаррифӣ шудааст.
Дар толори Иттифоқи нависандагон маросими рӯнамоии «10 рӯз дар ҷазираи Кусто» ном китоби ӯ баргузор гардид. Ин китобро нашриёти «Классик»-и Фарғона чоп кардааст.
– Маросими рӯнамоӣ дар биное ба вуқӯъ мепайвандад, ки чанд сол муқаддам маҳз бо ташаббуси Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев бунёд ёфтааст. Боғу чамани атрофи он низ дар ҳамин раванд арзи вуҷуд намудааст, ки ҳоло ба ҷойи дӯстдоштаи мардуми зиёд, хусусан ҷавонони боилму фарҳанг ва адабдӯст табдил ёфтааст, – гуфт сардабири маҷаллаи «Ҷаҳон адабиёти» Аҳмадҷон Мелибоев. – Обидов дар ҷараёни фаъолият ба мактаби нави журналистика асос гузошт ва ин мактаб аллакай даҳҳо шогирдони худро тарбия менамояд.
Китоб як пора аз натиҷаҳои часпу талоши Обидов дар арсаи адабиёт ва журналистика маҳсуб меёбад. Барои анҷоми чунин кор вай бештар аз сӣ мамлакатро давр зада баромадааст ва дар маҷрои ин сафарҳо ҳодисаву воқеаҳои гуногунро аз сар гузаронидааст.
Ишора гардид, китоби «10 рӯз дар ҷазираи Кусто» барои ҷавонон, ки дар соҳаи журналистика фаъолият мекунанд ва ё машғули таҳсил мебошанд, дастуруламали хуб мебошад. Зеро дар он роҳҳои ба суҳбат кашидани ашхоси мухталиф, ҳатто бо кӣ чӣ гуна суҳбат кардан нишон дода шудааст.
– Мо одат кардаем, ки ба одами атрофи худ мутаваҷҷеҳ намешавем, намедонем, ки вай кисту чиҳоро аз сар мегузаронад. Ба ин гуфтаҳоям давраи охири ҳаёти Қаҳрамони Ӯзбекистон Абдулло Орипов мисоли равшан шуда метавонад. Гуфтаниам, ки Обидов низ солҳои дароз ба туҳмату дасисабозиҳои гуногун рӯ ба рӯ шудааст ва онро бо устуворӣ ва сарбаландӣ сипарӣ намудааст. Ин журналист одами ноёби замони мост: вай рӯзноманигор, дипломат, адиб, сайёҳ ва амсоли он аст, ки дар мамлакат назирашро надидаем, – гуфт мудири Оҷонсии ахбори миллии «Ӯзбекистон» Абдусаид Кӯчимов.
Бино ба ҳарфҳои Ходими шоистаи фарҳанги ҷумҳурӣ Хуршед Дӯстмуҳаммад журналист ва адиб Обидов дар телевизион мактаби хоси худро офаридааст. Хусусан, таҳқиқоти журналистие, ки вай пиёда мекард, боиси ҷалби таваҷҷуҳи аксари тамошобинон, ҳатто дар мақомоти болоӣ низ қарор мегирифт.
– Назди одамони ибтидоӣ рафтану бо онҳо забон ёфта, дар давраи чунин одамон нишастани Муҳаммадҷон қобили таҳсину офарин аст. Ҳамаи онро дар ин китоб хеле равшане возеҳ ба қалам додааст. Гузашта аз ин, аввалин журналистест, ки дар вилояти Фарғона ба таъсиси анҷуманҳои байналмилалии матбуотӣ ё медиа даст задаву басо муваффақ гаштааст, – изҳор намуд бо ифтихор Хуршед Дӯстмуҳаммад.
– Ҳатто шумо метавонед дарёбед, ки муаллиф то чӣ андоза аз маърифат дур будани як қишри ҷомеаи моро баррасӣ намудааст. Ба таври мисол, харҷу масрафҳои бемаънӣ, бо садҳо метр пойандоз истиқбол гирифтани як нафар, ки ба зиёрати Умра рафтааст, тӯйҳои дабдабанок ҳодисаҳое мебошанд, ки дар замири он ақибмондагӣ эҳсос мешавад. Аммо дар як ҷазираи дурдаст ва тарзи зиндагонии мардумаш ибтидоӣ аксари корҳо ба нақша дароварда шудаву хеле сарфакорона ба анҷом расонида мешаванд, – гуфт устоди Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон, профессор Назира Тошпӯлатова.
Мирасрор АҲРОРОВ,
Далер АЗИЗОВ,
мухбирони
«Овози тоҷик».