КУМАК БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ ВА НИЁЗМАНД ВУСЪАТ ПАЙДО МЕКУНАД

Барои дастгирии оилаҳои камбизоат ва ниёзманди ноҳияи Сӯх корҳои зиёд ба анҷом расонда мешаванд.

 Аъзои чунин оилаҳо аз хайру саховат ва кумакҳои моддӣ мунтазам баҳраманд мегарданд. Инчунин, ба беморони вазнин барои барқарор кардани саломатиашон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.
Тавре ки раиси Хазинаи ҷамъиятии хайрияи «Маҳалла»-и ноҳия Расулҷон Мирсаидов гуфт, дар асоси қарори Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Сӯх, ки аз муроҷиати шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд маншаъ гирифтааст, вазъи иҷтимоию молиявии онҳо мавриди омӯзиш қарор мегирад ва дар ин самт ба идораи онҳо раисону фаъолони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия аз наздик мадад мерасонанд. Баъди натиҷагирӣ аз ҳисоби фонди «Саховат ва мадад» барои кумаки моддӣ маблағ ҷудо карда мешавад. 
– Бояд гуфт, маблағ ҷиҳати амалиёти ҷарроҳӣ ва харидани дорувори тиббии ба ашхоси бемор дар асоси шартнома ва мувофиқи тартиби муқарраршуда ба вуқӯъ мепайвандад, – изҳор намуд Р.Мирсаидов
– Барои муолиҷаи сокини кӯчаи «Офтобрӯ»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Навобод Муборак Наҷмиддинова кумаки моддӣ расонида шуд. Инчунин, муроҷиатҳои сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Сӯх» Маъмурҷон Ҳасанов, сокини кӯчаи Бунёдкори ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қизилқиёқ Назира Маҳмудова, сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қақир Гулноза Давлатова дар мавриди таъмири манзил, харидани сару либоси мактабӣ ба фарзандонашон ва таъмини маводи хӯрокворӣ баррасӣ гардиданд ва онҳо бевосита аз ҳисоби маблағҳои Хазинаи «Саховат ва мадад» баҳраманд шуданд. Аз ҷумла, ба Маъмурҷон Маҳмудов барои таъмири манзилаш 5 миллион сӯм кумаки моддӣ расонида шуд, – изҳор кард Расулҷон Мирсаидов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: