Дар Индонезия як бозингар бар асари задани раъду барқ ҳангоми бозӣ ба ҳалокат расид

Бозингари клуби “Персикас Субанга”-и Индонезия бар асари раъду барқ ҳангоми бозӣ ба ҳалокат расид

Фоҷиа рӯзи 10 феврал дар ҷараёни бозии дӯстонаи лигаи сеюм дар варзишгоҳи «Силиванги»-и шаҳри Бандунг рух дод.  Дар дақиқаи 15-уми бозӣ варзишгари 30-соларо барқ ​​зад.

Пеш аз он ҳам раъду барқ ба амал меомад, онҳо ба он аҳамият надода, бозиро давом медоданд.

 Бозингарро дарҳол ба беморхона бурданд.  Аммо  шифокорон наҷот дода натавонистанд - варзишгар даргузашт, хабар медиҳад mir24.tv.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: