МУБОРИЗА АЛАЙҲИ КОРРУПСИЯ ИДОМА ДОРАД

Дирӯз дар маҷлисгоҳи Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ бо иштироки омӯзгор-профессорони факултаи “Фанҳои гуманитарӣ” бо мақсади таъмин намудани иҷрои қонун “Дар бораи мубориза алайҳи коррупсия”-и Ӯзбекистон чорабинӣ баргузор шуд.

Ҳоло дар донишкада зиёда аз 18 ҳазор донишҷӯён таҳсил гирифта, ба онҳо беш аз панҷсад нафар омӯзгор-профессорон дарс мегузаранд. 
– Ҳанӯз вақти оғози кори донишкада, ки ҳамагӣ 45 омӯзгору 780 нафар донишҷӯ дошт, масъалаи порадиҳиву порахӯрӣ умуман вуҷуд надошт. Вале ҳамагӣ дар давоми панҷ соли таҳсил бошад, ки теъдоди омӯзгорон ва донишҷӯён хеле зиёд гаштанд, ҳафт нафар омӯзгорон бо айби порахӯрӣ то ба дараҷаи ҷавобгарии маъмуриву ҷиноятӣ кашида шудаанд, – гуфт проректори донишкада оид ба корҳои маънавию маърифӣ ва масоили ҷавонон, раҳбари гурӯҳи корҳои дохили донишкада  алайҳи коррупсия  Б. Ҳусанов. – Ин ба шаъну шарафи донишкадаи мо доғовар аст. 
Б. Ҳусанов аз ин рӯ хоҳиш намуд, ки дар ин масъала ҳамаи омӯзгорон бо масъулият аз як гиребон сар бароварда, алайҳи ин иллати бад баромад кунанд.
Ҳамчунин, дар маҷлис аз ҷониби омӯзгор-профессорон низ бо саволҳо ба мутасаддиён муроҷиатҳо шуд ва дар худи ҳамон ҷо ҳаллу фасл гардид. Маҷлис қарор кард, ки дар айни замон марҳилаи имтиҳоноти гузаришу назорат идома дорад ва дар пеш имтиҳоноти дохилшавӣ ҳаст, бояд дар ҳамбастагӣ алайҳи порахӯриву порадиҳӣ мубориза бурда шавад.

Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
хабарнигори ҷамоатии «Овози тоҷик».

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: