ПУЛИ «ЧИЛМАҲРАМ» БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРӢ ХИДМАТ ХОҲАД КАРД

Ӯзбекистон кишварест, ки дар он қадру манзалати инсон новобаста аз забон, миллат ва эътиқоди динӣ қобили эҳтиром мебошад.

Барои ҳар як шаҳрванд шароите фароҳам оварда шудааст, ки салоҳият ва маҳорату малакаашро тавассути кору фаъолияти дилхоҳ дар амал татбиқ созад ва соҳиби ҳурмати баланд шавад.

Ҳоло дар тамоми соҳа-ҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ислоҳоти доманфарох пиёда мешаванд. Мардуми сермиллати он барои бунёди давлати озоду обод ва тавоно, амалӣ шудани орзуҳои милливу маънавии худ дар фазои ваҳдату ҳамгироӣ ҳамеша талош ба харҷ медиҳанд.
Чанде муқаддам Президент Шавкат Мирзиёев зимни ташриф ба вилояти Фарғона бо лоиҳаҳои бузурги соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат аз наздик ошно шуд, аз корхонаҳои нави истеҳсолӣ боздид намуд, ба ҳаёти маҳаллаҳо таваҷҷуҳ зоҳир кард. Сарвари давлат рушди нуқоти ҳар як минтақаро таъкид варзид ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ба манбаи даромади мардум табдил додани онро аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати давлатамон арзёбӣ кард. 
Шавкат Миромонович зимнан роҳҳои истифодаи имкониятҳои минтақаи наздисарҳадӣ дар ноҳияи Бешариқро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дод. Вай тақозо намуд, ки корҳои мадди назар ҷиҳати сохтмони пули болои рӯдхонаи Сир бо сифати баланд ва дар муддати кӯтоҳ фарҷом пазирад. Зеро ба охир расидани корҳои сохтмонии ин пул, ки ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаро бо вилояти Суғди Тоҷикистон васл менамояд, аҳамияти байналмилалиро касб хоҳад кард. 
Ҳоло як қатор корҳои сохтмонии он ба анҷом расидааст. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани пул  роҳи рафтуомади мустақимро ба панҷ баробар коҳиш хоҳад дод. Дар натиҷа Бешариқ ба як минтақаи транзитӣ табдил хоҳад ёфт ва аз он ҳудуди 600 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон истифода хоҳанд кард. 
– Муҳимтар аз ҳама, дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани пул  ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар густариш ёфта, ободии рустоҳои наздимарзӣ таъмин хоҳад шуд, – мегӯяд ёвари ҳокими ноҳия оид ба масоили марзӣ Ӯктамҷон Эргашев.
Вай меафзояд, ки сохтмони ин пул ҳанӯз соли 1986 оғоз ёфта буд. Аммо баъд он мутаваққиф шудааст. Дарозии умумии он 231 метр буда, дар самти муқобил, ки марбути Тоҷикистон мебошад, аллакай се қабат бетонҳои оҳанин ба дарозии 131 метр хобонида шудаанд. Сохтану монтаж кардани пояҳои пули ҷониби Ӯзбекистон низ ба охир расидааст. 
– Бо сохтан ва ба истифода додани пул алоқаи бевоситаи як қатор ноҳия-ҳои вилояти Суғди Тоҷикистон хеле сода мегардад. Ба таври мисол, дар айни ҳол сокинони ноҳияи Исфара, ки мехоҳанд ба ноҳияи Ашт бираванд, тавассути Конибодом ба Хуҷанд мегузаранд ва дар маҷмӯъ 200 километр роҳ тай карда, ба Ашт мерасанд. Аммо тавассути ноҳияи Бешариқ ин масофа панҷ баробар кам шуда, имкон фароҳам меорад, ки ҳамагӣ 40 километр роҳи ҳамвору равон зуд тай карда шавад. Барои сокинони шаҳрҳои Конибодом ва Хуҷанд ин масофа ба се баробар коҳиш меёбад, – тазаккур медиҳад Ӯктамҷон Эргашев. 
Аз чунин дигаргунӣ бештар аз ҳама сокинони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Навкати ноҳияи Бешариқ, ки дар минтақаи марзӣ воқеъ гаштааст, хурсанду хушҳол мегарданд.
– Пули мазкур дар 12 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Сокинон ба ин пул «Чилмаҳрам» ном гузоштанд. Сабаб дар он аст, ки дар шафати ин пул зиёратгоҳи «Чилмаҳрамбобо» мавҷуд аст. Барои ҳамин номи пул бо номи зиёратгоҳи мазкур тавъам мебошад, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Навкат Талъатҷон Ортиқов. 
– Ҳаргиз аз лавҳи хотир фаромӯш намешавад, ки ба таъзияи холаам, ки ба хешовандонамон арӯс шудааст, рафта натавонистем ва ҳамеша аз ин ҳол афсӯс мехӯрем. Худи ман 20 сол мешавад, ки аз ноҳияи Ашт ба ҷамоати маҳаллаи Навкат арӯс шуда омадаам. Ба ҳавлии падарӣ дар моҳу сол яку ду бор базӯр рафта меомадам, фарзандонамро ҳамроҳи худ бурда наметавонистам. Пушаймон нестам, ки аз ноҳияи Ашт ба ин ҷо арӯс шудаам, вале падару модарам солҳои дароз аз дидори набераҳои худ маҳрум буданд. Фарзандонам низ онҳоро дуруст намешинохтанд. Ҳоло шукр, ки замонаҳо дигар шуду равуоҳо осон гардид, – мегӯяд бо қаноатмандӣ Умедахон ном зани навкатӣ. 
 Ҳамсари Муродҷон Шерматов – Норинисо аз деҳаи Ӯрмонтоли ноҳияи Ашт ба сокини ноҳияи Бешариқ издивоҷ кардааст. Ба гуфтаи ӯ дар айни ҳол агар тавассути гузаргоҳи Андархон ба ноҳияи Ашт рафтанӣ шавад, як-якуним рӯз сипарӣ мешавад. Аммо агар пули «Чилмаҳрам» кушода шавад, дар як соат ин масофаро тай кардан имконпазир мегардад.
Сокини дигари ноҳия Саъдулло Тӯхтақулов 84 сол дорад. Вай солҳои зиёд раиси маҳалла низ шуда кор кардааст. Бобои 8 фарзанд, 30 набера, 26 абера мебошад. Ду духтараш ба писарҳои хешони аштии ӯ издивоҷ кардаанд.
– Агар пул ба кор андохта шавад, бо духтарҳову набераҳоям тез-тез рӯ ба рӯ мешавам, – мегӯяд Саъдуллоамак Тӯхтақулов.
Ба иттилои ҳокимияти ноҳияи Бешариқ дар ҳамин ҳол ҷиҳати бунёди ин пул байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистони ҳамсоя меморандуми ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид. Ба гуфтаи ин мақомот тезондани имзои меморандум ва тезондани корҳои сохтмони пул барои халқҳои ҳар ду мамлакат хеле муҳим аст. Зеро ин пул барои рушди минбаъдаи равобити тиҷоратию иқтисодӣ, ободонии инфрасохтори минтақаҳо, афзоиши даромади аҳолӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои барқароршудаи хешутаборӣ ва қудову андагии ду халқ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дурдона ҒАФФОРОВА,
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: