МУНОСИБАТИ ЗАМОНАВӢ ДАР ПАХТАКОРӢ ДАРОМАДИ ФЕРМЕРОН ВА КЛАСТЕРҲОРО ЗИЁД МЕГАРДОНАД

Ӯзбекистон оид ба рӯёндани пахта таҷрибаи ғанӣ дорад, ки ба туфайли он, имрӯз ҷумҳурии мо аз рӯйи бисёр нишондиҳандаҳо (аз ҷиҳати майдонҳои пахта, ҳаҷми истеҳсолот, ҳосилнокӣ) дар даҳгонаи кишварҳои пешрафта мавқеи пешбарро ишғол мекунад.

Ӯзбекистон оид ба рӯёндани пахта таҷрибаи ғанӣ дорад, ки ба туфайли он, имрӯз ҷумҳурии мо аз рӯйи бисёр нишондиҳандаҳо (аз ҷиҳати майдонҳои пахта, ҳаҷми истеҳсолот, ҳосилнокӣ) дар даҳгонаи кишварҳои пешрафта мавқеи пешбарро ишғол мекунад.
Аз ҷиҳати потенсиали зеҳнии ташаккулёфта (навъҳои серҳосили пахта, технологияҳои кишоварзии созмон додашуда ва татбиқгардида, истеҳсоли захираҳо барои саноати пахта) ва сифати нах дар байни панҷ давлати пешрафта қарор дорад.
Дар биржаи байналмилалии пахтаи Ливерпул ҳамчун эталон эътироф гардидани навъи пахтаи «Бухоро-6», ки олимони Ӯзбекистон офаридаанд, баҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дастовардҳои мо дар соҳаи пахтакорӣ мебошад. Айни замон, чунин натиҷаҳои мусбат ба туфайли кори олимони ватанӣ дар парвариши навъҳои пахта, тухмипарварӣ ва ташкили технологияҳои кишоварзӣ ба даст оварда мешаванд. Аз ҷумла, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ усули биологии ҳимояи пахтаро, ки олимони ӯзбек таҳия кардаанд, эътироф кардааст ва мо дар ин бобат пешвоёни ҷаҳонӣ ҳастем.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи байналмилалии машваратии пахта (ICAC), дар тӯли солҳои охир дар ҷаҳон дар 33-35 миллион гектар пахта рӯёнда мешавад. Агар 20 сол пеш дар ҷаҳон 17 миллион тонна нахи пахта ҳосил шуда бошад, ҳоло ин рақам ба ҳисоби миёна 25 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Имрӯзҳо дар Ӯзбекистон ба ҳисоби миёна тахминан 1 миллион тонна нахи пахта ба даст оварда мешавад.
Ислоҳоти солҳои охири соҳаи пахтакории ватанӣ оид ба  ҷорӣ намудани механизмҳои бозорӣ, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои фермерон оиди фаъолияти соҳибкории аз ҷиҳати иқтисодӣ озод ва мустақилона истифода бурдан аз  натиҷаҳои меҳнат имкониятҳоро барои коҳиш додани ҳиссаи фурӯши ашёи хом ва ба вуҷуд овардани арзиши иловагӣ аз ҳисоби баланд бардоштани ҳиссаи коркарди он фароҳам меорад. 
Аз ҳосили имсола сар карда сармояи саноатӣ дар рушди кластерҳои пахта ва нассоҷии кишт, коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри дар ҷумҳурӣ бо иштироки сармоягузорони хусусӣ фаъолиятдошта нақши калидӣ хоҳад дошт.
Мувофиқи маълумоти  Вазорати кишоварзӣ  дар соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ дар 921,2 гектари  1033,6 гектар майдон  ё ки дар 89,1 фоиз замине, ки барои кишти пахта пешбинӣ шудааст, корҳо дар асоси шартномаҳои мутақобилан судманд бо кластерҳои пахтаву нассоҷӣ, хоҷагиҳои фермерии ба пахтакорӣ тахассус дошта иҷро карда мешаванд.
Ашёи хоми пахтаи  дар майдонҳои боқимонда киштшуда (112,5 ҳазор га ё ки 10,9 фоизи масоҳати умумӣ) дар асоси шартномаҳо бо корхонаҳои азнавкоркарди хоҷагиҳои фермерии пахтакорӣ фурӯхта мешаванд. Мувофиқи қарори Президенти мамлакат аз 6 марти соли 2020 «Дар бораи чораҳои татбиқи васеи принсипҳои бозорӣ ба соҳаи пахтакорӣ» аз давраи ҳосили соли 2020 сар карда таҷрибаи аз ҷониби давлат муайян кардани нархи хариди нахи пахта бекор карда мешавад.
Аз ҳисоби таъмини иҷрои ҳуҷҷати мазкур дар пахтакорӣ механизми иқтисодӣ ҷорӣ карда хоҳад шуд,  ки дар Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ истифода нашудааст.  Акнун деҳқонон аз тариқи истеҳсолоти озод ва интихоби озоди харидор метавонанд маҳсулоти худро мутобиқи талаботи бозор фурӯшанд.
Ҳамзамон, хоҷагиҳои фермерие, ки пахта мерӯёнанд, ба сифати кластерҳои пахтаву нассоҷӣ ва аъзои кооперативҳои махсуси пахтакорӣ метавонанд маҳсулоти худро (нахи пахта ва маҳсулоти дуюмдараҷа) тавассути кластерҳо ва кооперативҳо бо нархи дар биржаҳо дар асоси шартномаҳои мустақим ташаккулёфта фурӯшанд.
Аммо, агар мо ба ин масъала аз нуқтаи назари фермер – истеҳсолгари пахта муроҷиат намоем, пас ашёи хоми пахта дар муқоиса бо дигар маҳсулоти кишоварзӣ истеъмолкунандагони зиёд надорад. Истифодабарандагони пахтаи хом метавонанд корхонаҳои пахтатозакунӣ ё ки корхонаҳои азнавкоркарди амиқи пахта – истеҳсолкунандагони маҳсулоти бофандагӣ бошанд. Аз ин рӯ, барои фермер ҳангоми фурӯши маҳсулот системаи савдои муташаккил нақши муҳим дорад.
Боз як хусусияти муҳими тадбирҳои ба амал татбиқшаванда дар он аст, ки ҳоло хоҷагиҳои фермерии пахтакор аз ӯҳдадории иҷрои дастурҳои мақомоти гуногуни давлатӣ ва мақомоти назоратӣ дар мавсими нашъунамо оид ба иҷрои нақшаҳо бо ҳар роҳ озод карда шудаанд, ба туфайли он онҳо имкони ҳамчун соҳибкоре, ки фоидаи ҳадди аксарро мақсад кардааст, кор карданро доранд.
Дар чунин шароит ба фермерон дигар лозим намеояд, ки истифодаи сарфакоронаи нуриҳои минералӣ, қарз, маҳсулоти нафтӣ ва дигар захираҳоро назорат кунад. Чунки ҳамаи инҳо дар ҳадафи тиҷоратии фермере, ки  пахта мерӯёнад, мебошад.
Ин чунин маъно дорад, ки акнун хоҷагиҳои фермерии пахтакорӣ дар доираи кластерҳои нассоҷӣ ё кооперативҳои аз ҷониби худи фермерон таъсисёфта кор хоҳанд кард.
Табиист, ки саволе ба миён меояд: оё кластерҳо ва кооперативҳо ба фермерон озодии иқтисодиро медиҳанд?
Кооперативҳо, баръакси кластерҳо, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ озмуда шуда, як шакли иттиҳодияи ихтиёрии соҳибкорон, ки комилан дар асоси демократия асос ёфтаанд, мебошанд. Аммо, мо вазифаҳои пешбинишударо танҳо он вақт иҷро карда метавонем, ки мақомоти маҳаллӣ аз вазифаҳои номатлубе чун ташкили кооперативҳо, таъини раисони онҳо, мониторинги даврии фаъолиятҳо, ки дар шуури мо мустаҳкам шудаанд ва то ҳол аз рӯйи одат амал мекунанд, халос шаванд. Ин яке аз таҳдидҳои хавфноки иҷтимоию иқтисодӣ дар ташкили кооперативҳо мебошад.
Кластерҳои пахтаву бофандагӣ барои дахолати маъмурӣ ба фаъолияти иқтисодӣ ва истеҳсолии хоҷагиҳои фермерии дар сохтори худ амалишаванда фишангҳои зиёд доранд, аммо дар айни замон онҳо ба фермерон имкон медиҳанд, ки кластерҳоро барои фаъолияти муштарак озодона интихоб кунанд.
Ҳоло хоҷагиҳои фермерие, ки пахта мерӯёнанд, дар асл тамоми имкониятҳоро доранд (онҳо на танҳо дар қонунҳо пешбинӣ шудаанд) дар асоси шартномаҳои муфиди бо кластерҳо имзошуда фаъолият нишон диҳанд.
Минбаъд Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои шахсии Ӯзбекистон, мақомоти адлия ва васоити ахбори омма бояд дар ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ ва қонунии хоҷагиҳои фермерӣ, ки дар сохтори кластерҳо фаъолият мекунанд, нақши муҳим дошта бошанд. Танҳо дар ин сурат мо вазифаҳои дар қарор ва фармонҳои қабулшуда пешбинишударо, ки ба ҷорӣ намудани принсипҳои бозорӣ дар соҳаи истеҳсоли пахта нигаронида шудаанд, татбиқ карда метавонем.

Шуҳрат АБДУАЛИМОВ, мудири лабораторияи Институти илмиву тадқиқотии
селексия, тухмипарварӣ ва технологияи кишоварзии парвариши пахта, доктори
илмҳои кишоварзӣ.          
(ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: