Дар оинаи ҳаёти имрӯзи ҷамъияти мо миёнсолон ва калонсолон рӯ намоянд, ҷавонон, айни замон, ояндаи ин диёри рӯ ба тараққӣ мебошанд.
Рушду ривоҷи таърихии ҳар гуна мамлакат, ноил шудани он ба комёбиҳо, ба ҳаёти фаровон даст ёфтани халқ, қабл аз ҳама, ба муносибати давлат нисбати таълиму тарбия, ғамхории он ба ояндаи насли ҷавон вобастагии қавӣ дорад.
Аз ин маъно, масъалаи ҷавонон дар Ӯзбекистон яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатӣ ҳисоб меёбад.
14 сентябри соли 2016 қонун “Дар бораи сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон” қабул гашт. Он аввалин ҳуҷҷатест, ки муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба сифати роҳбари давлат имзо гузошта буд. Вай мазмуну моҳияти рамзии ин ҳуҷҷати муҳими қонуниро баъдан дар баромадҳои худ шарҳу эзоҳ дод ва таъкид кард дар мамлакате, ки бештари аҳолии онро ҷавонон ташкил менамоянд, муттасил ба амал баровардани сиёсати давлатӣ оиди ҷавонон аҳамияти алоҳидаро молик аст. Президентамон гуфт тарбияи насли ҷавон дар рӯҳи садоқат ба Ватан ва арзишҳои миллию маънавӣ, дар ҷавонони ҳарҷониба рушдёфта парваридани ҳисси дахлдорӣ ба тақдири мулк ва мусаллаҳсозиашон ба асосҳои илму таълими замонавӣ яке аз омилҳои муҳими ноил шудан ба комёбиҳо дар риштаҳои гуногун мебошад.
Ҷиҳати муҳофизати ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, фароҳамории шароит ва имкониятҳои нав барои дар ҳар ҷабҳа худро намоиш дода тавонистани онҳо дар мамлакатамон базаҳои мустаҳками ҳуқуқӣ офарида шудаанд. Ин сохтор дар вазъи ҳамоҳангӣ ба вазъи замон торафт такмил дода мешавад. Даҳҳо ҳуҷҷати қонуние, ки аз ҷониби парлумон оид ба ҷавонон қабул карда шудаанд, татбиқи амалии худ меёбанд. Баробари ҳамин ҳуҷҷатҳои зиёди ҳуқуқии байналхалқӣ саривақт ратификатсия карда мешаванд.
Президентамон Ш.Мирзиёев бо назардошти он ки қишри ҷавонон дар ҳамҷамъияти ҷаҳон қисмати муайяни аҳолиро ташкил менамояд, дар минбари Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шудани Конвенсияи СММ дар хусуси ҳуқуқи ҷавононро таклиф намуд, ки ин аз ҷониби ҳамҷамъияти байналхалқӣ мамнунона истиқбол гардид. Роҳбари давлати мо ҳаминро чун асос нишон дод, ки имрӯз дар миқёси дунё ҷавонон бештар аз ду миллиард нафар мебошанд. Дар шароите,ки терроризм ва экстремизм барин иллатҳо шиддат ёфта, тамоми оламро нороҳат месозад, ҳимоя намудани насли ҷавон аз таъсири қувваҳои махуф аҳамияти аз ҳарвақта зиёд касб менамояд.
Ба тарбия фаро гирифта шудани ҷавононе, ки рӯҳан, ақлан ва ҷисмонан солиманд ва фикри мустақилона, нуқтаи назари қатъии ҳаётӣ доранд, аз муҳимтарин вазифаҳо буда, дар ҷараёни амиқгардонии ислоҳоти демократӣ ва рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ фаъолнокии иҷтимоии онҳо бояд баланд бардошта шавад. Ҷавоне ки муассисаи таълимӣ ё касбу ҳунарро хатм намуд, дар ҷустуҷӯйи кор набояд сарсон шавад. Лозим аст иқтидори зеҳнӣ ва эҷодии ҳар як истеъдоди ҷавон дастгирӣ ёфта ва ниятҳои ӯ ба амал бароварда шавад.
27 июни соли 2018 Президент ба Барномаи давлатии «Ҷавонон – ояндаи мо» имзо гузошт ва он бобати ба амал баровардани самаранокии ин гуна корҳо ҳуҷҷати муҳим қарор гирифт. Дар асоси нишондодҳои ин фармон бунёди “Ҷавонон – оянда мо” ташкил карда шуд ва он дар дастгирии ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, татбиқи ғояҳо ва лоиҳаҳои муҳим, аз бонкҳо гирифтани вомҳои имтиёзноки ҳафтфоиза, гирифтани молу мулк бо лизинг нақши босазо бозид. Дар ҳуҷҷате, ки зикр гардид, вазифаҳои сохтории рушди соҳибкории ҷавонон ва маҷмӯи ташаббуснокии онҳо аниқ муайян карда шудаанд.
Дар навбати худ ба таълиму тарбияи ҷавонон, ки яке аз шартҳои муҳими дигаргуниҳои кулл дар Ӯзбекистон ҳисобида мешаванд, эътибор пурзӯр гашт ва ислоҳот дар сохтори таълим мазмуну моҳияти тоза касб намуд. Нисф бештари харҷҳои умумии буҷаи ҷумҳурӣ дар соҳаи иҷтимоӣ имрӯзҳо ба таълими халқ нигаронида шудааст. Табиист, ки ҳар гуна давлат ба бардоштани ин гуна бори харҷ қодир нест, вале бо вуҷуди душворӣ дар диёри мо барои ин маблағ ва захираҳо ҷустуҷӯ ва дарёб карда мешавад.
Ҳамаамон дарк кардаем, тақдир ва натиҷаҳои ислоҳоти кулл ва ояндаи мамлакат, дар навбати аввал, ба савияи кадрҳо, хусусан, кадрҳои ҷавон, ба талаботи давр ва стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавоб додани корбарии онҳо вобаста мебошад.
Бо ташаббуси Президент Вазорати таълими томактабӣ ташкил гашт, таълими умумии ёздаҳсола аз нав ҷорӣ гардид. Квотаҳои қабул ба мактабҳои олӣ ба дараҷаи ҳисшаванда зиёд гашт, шаклҳои шуъбаҳои ғоибона ва шабона аз нав барқарор карда шуд. Дар чаҳор-панҷ соли охир филиалҳои чандин дорулфунуни кишварҳои рушдёфта кушода шуданд.
Ҳамин тавр, дар давраи нави тараққиёти кишвар сиёсати давлатӣ оиди ҷавонон бо гузошта шудани мақсадҳои аниқ давра ба давра, бо амалисозии чораҳои маҷмуӣ ба амал бароварда мешавад.
Панҷ ташаббуси муҳими аз ҷониби роҳбари давлат пешгузошташуда (зиёд кардани шавқи ҷавонон ба мусиқӣ, адабиёт, навъҳои гуногуни санъат, ба амал баровардани ғояҳои ҷавонони ташаббуснок, ривоҷ додани обутоби ҷисмонии насли ҷавон, барои нишон додани қобилияти варзишии ҷавонон офаридани шароитҳои мусоид, ташкил кардани истифодаи самараноки насли ҷавон аз компутер ва интернет, баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, тарғиби китобхонӣ байни онҳо, ҳалли масъалаҳо вобаста ба таъмини занону духтарон бо шуғл) ба ҳаёти воқеӣ ҷорӣ карда шуд.
Дар мамлакат зиёда аз 12 ҳазор иншооти варзишӣ мавҷуд буда, чораҳое, ки барои ба дараҷаи максималӣ фарогирии ҷавонон, таъмини мактабҳои варзишӣ бо анҷомҳои лозимӣ андешида мешаванд, самараи дилхоҳ мебахшанд. Дар ҳудудҳои дурдаст бо баҳисобгирии шароити маҳал аз панелҳои сабуки конструксионӣ толорҳои хурди спорт, майдонҳо бо рӯйпӯшҳои сунъӣ сохта мешаванд. Адади мактабҳои варзишии бачаҳо ва наврасон торафт меафзояд.
Барои нигоҳ доштани ҷавонон аз хурӯҷи зарарноки интернет, омӯзондани онҳо ба истифодаи самараноки технологияи иттилоотӣ дар асоси таҷрибаи пешқадами байналхалқӣ марказҳои таълимии технологияи рақамнок ташкил карда мешаванд.
То соли 2021 дар ҳамаи мактабҳои таълими умумӣ синфҳои компутерӣ ба нуқтаҳои интернетии баландсуръат васл гардонида ва дар марказҳои бозиҳои компутерӣ барномарезӣ ҷиҳати ташкили викторина ва стратегияи рушд ба амал бароварда шуд, ки ин гуна сайъҳо ба васеъ гардондани дониш ва ҷаҳонбинии насли ҷавон нигаронида шудаанд.
Бо мақсади мустаҳкамсозии малакаҳои китобхонии ҷавонон ба ҷойҳо китобҳо фиристода мешаванд. Дар маркази ҳар шаҳру ноҳия дукони китоби намунавӣ дари худ боз кардааст. Растаҳои сайёри китоб низ бо адабиётҳои лозимӣ таъминанд. Тавассути “Библиобус” ба аҳолии деҳот ва авулҳои дурдаст хидматҳои китобхонавӣ расонда мешавад.
Навъе дар Консепсияи рушди сиёсати давлатӣ оиди ҷавонон то соли 2025 қайд ёфтааст, сиёсати давлатии ба истиқболи наздик ва дури ҷавонони Ӯзбекистон нигарондашуда дар татбиқи вазифаҳои стратегӣ, таъмини барқарорӣ, сулҳ ва фаровонӣ дар кишвар низ нақши равшан дорад.
Соли равон қарори Президент дар бораи чораҳои куллан такмил додани сохтори кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳо ба имзо расид, ки дар навбати аввал ба шаклдиҳии “Баланси ҷавонон” ва ташкили воридсозии маълумотҳои зарурӣ ба порталҳои электронии “Дафтари ҷавонон” ва “Портали ҷавонон”, мазмуннок ташкил кардани вақти холии фарзандонамон дар маҳаллаҳо, боз ҳам бештар оммависозии бозиҳои миллии варзишӣ, дастгирӣ ва рағбатноксозии ташаббусҳои ҷавонон, баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоии онҳо нигаронида шудаанд. Дар ҳуҷҷатҳои муҳим беҳуда зикр наёфта, ки “Ӯзбекистон – мамлакати ҷавонон”.
М.ШОДИЕВ,
мухбири “Овози тоҷик”.