ВИЛОЯТИ ФАРҒОНА БО САРМОЯГУЗОРОНИ ЧИНӢ АЗ НАЗДИК ҲАМКОРӢ МЕКУНАД

Баъд аз он ки ҳайати вилояти Фарғона таҳти сарварии ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ба Чин сафар намуд, доираи ҳамкориҳои ин вилоят бо соҳибкорону сармоягузорони Чин беш аз пеш доман фарох мекунад.

Ин сафар натиҷаҳои хеле босамар ба бор овард ва он ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мушоҳида кардан мумкин аст.
Тавре ки дар суҳбат бо «Овози тоҷик» котиби матбуоти ҳокими вилояти Фарғона Дилмурод Ҷумъабоев қайд намуд, аллакай дар аввали сафари амалии ҳайати вилоят боздидашон аз вилояти Сичуан ба амал омад.
– Аъзои ҳайати вакилон дар базаи Синтани ба яке аз калонтарин ширкатҳои истеҳсоли панелҳои офтобии «Тонгвей Солар» ташриф оварда буданд ва бо навигариҳои истеҳсоли энергияи муқобил шинос шуда, маҷрои истеҳсоли панелҳои офтобиро аз назар гузаронданд, – изҳор намуд Д. Ҷумъабоев.
Намояндагони вилоят инчунин аз боғи намоишгоҳи кишоварзии «Tianfu Agriculture Expo Park» дидан намуда, бо технологияҳои навтарин дар соҳаи кишоварзӣ шинос шудаанд. Хусусан, фермаи инноватсионии моҳипарварие, ки зери панелҳои офтобӣ ҷой гирифтаанд, қобили таваҷҷуҳи онҳо гаштааст. Онҳо инчунин аз корхонаи истеҳсоли мошинҳои электрикии «Volvo Cars» дидан карданд, ки дар минтақаи рушди иқтисодӣ ва технологии Чэнду дар масоҳати 650 гектар мавқеъ гирифтааст.
Дар ҷараёни музокира дар Федератсияи саноат ва савдои Чэнду дар бораи таъсиси «Маркази сармоягузорӣ ва савдои Фарғона» дар ин шаҳр ва «Маркази соҳибкорон дар Чэнду» дар Фарғона ба мувофиқа расиданд.
Инчунин, рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ба сатҳи ҳамкориҳои стратегӣ расондани он, ҷалби ширкатҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ба вилояти Фарғона, роҳандозии хатсайрҳои мустақими байни шаҳрҳои Фарғона ва Чэнду, ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда бо ин музофот, ки зиёда аз 100 мактаби олӣ доштааст, аз дастовардҳое мебошанд, ки маҳз дар натиҷаи сафари амалии ҳайати вилояти Фарғона ба Чин ҳосил шудаанд. 
Дар идомаи сафар ҳокими вилоят бо волии музофоти Сичуан мулоқот баргузор карда, ки беш аз 92 миллион нафар аҳолӣ дошта, маҷмӯи маҳсулоти дохилии солонааш 756 миллиард долларро ташкил медиҳад. 
Дар идомаи барқарор шудани ҳамкориҳои бевоситаи судманд ҳокими вилоят як гурӯҳи сармоягузоронро таҳти сарварии Ван Ҷян – директори Департаменти амалиёт ва идоракунии ширкати чиноии «Gansu Construction Investment Heavy Industry Technology Co., Ltd» дидору мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни он мушовири ҳокими вилоят оид ба рушди ҳамкориҳои Фарғона ва Чин Отахон Хайруллоев низ ширкат дошт.
– Дар ҷаласа таҷриба ва равишҳои ширкатҳои чи-ноӣ дар коркарди партов-ҳо, пешниҳодҳо оид ба самаранокии коркарди пар-товҳои саноатӣ ва маишӣ дар минтақаи мо баррасӣ шуда, як қатор корҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахш ба нақша гирифта шуданд, – афзуд Д. Ҷумъабоев.
Дар самтҳои дигар низ вилояти Фарғона бо шарикони чиноии худ ҳамкориро тавсеа бахшиданист. Ба ин гуфтаҳо гуфтугӯи ҳокими вилоят бо намояндагони гурӯҳи ширкатҳои чинии «Шанхай сохтмон инжиниринг» таҳти сарварии Ҷян Юнт Сян мисоли равшан шуда метавонад. Лоиҳаи сохтмони маҷмааи иборат аз 10 бинои 12-ошёна дар ҳудуди шаҳри Фарғона, ки аз ҳисоби сармоягузории ширкати чиноӣ бунёд мешавад, аз натиҷаҳои ҳамин мулоқот маҳсуб меёбад. 
Қобили зикр аст, ки дар вилоят 138 корхона бо сармояи Чин фаъолият дошта, танҳо дар соли 2022 бо маблағи 375,1 миллион доллар ҷалб шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Чин дар чаҳорчӯби 25 лоиҳа ба маблағи 1 миллиарду 224 миллион доллар маблағҳои сармоягузорӣ корҳои амалӣ анҷом дода мешаванд.
Дар баробари инҳо боз метавон тазаккур дод, ки ширкати «Shangxi Const-ruction Engineering», ки ба феҳрасти «80 пудратчии беҳтарини Чин» шомил аст, беҳтарин дастовардҳои тарҳи чиниро дар маҳаллаҳои истиқоматии дар Фарғона бунёдшаванда барномарезӣ кардааст. Он якҷо бо меъмории маҳаллӣ амалӣ сохта хоҳад шуд.
Маъмурияти боз як ширкати чиноӣ – «Хуэйдҷенши» ба вилояти Фарғона ташриф овард ва ба ҳокими вилоят лоиҳаҳоеро тақдим намуд, ки дар қаламрави Экошаҳри Фарғона арзи вуҷуд хоҳанд кард.  
Тавре ки дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят хабар дод, таваҷҷуҳи асосии вохӯрӣ ба масъалаи ба Фарғона овардани мошинҳои баландтехнологии кишоварзӣ ва баъдан дар худи вилоят роҳандозии истеҳсоли ин мошинҳо мебошад.
Онҳо ҳамчунин эълом доштанд, ки омодаанд барои ба минтақаи мазкур овардани мошинҳои муосири пахтачинӣ, ташкили хидматрасонии ин мошинҳо, омода кардани механизаторони маҳаллӣ дар Чин ва такмили ихтисоси онҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Мирасрор 
АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: