Сарвари давлат дар Шуманай бо лоиҳаҳои иқтисодӣ шинос шуд

  • Сарвари давлат дар Шуманай бо лоиҳаҳои иқтисодӣ шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев ба корхонаи «Шуманай экотекс»-и ноҳияи Шуманай ташриф овард.

Корхона, ки соли 2020 ба истифода дода шудааст, метавонад соле беш аз 7 ҳазор тонна ришта истеҳсол кунад. Соли гузашта 51 миллиард сӯмина маҳсулот бароварда, ба арзиши 5 миллион доллар содир намуд.

То ин дам дар ноҳия бекорӣ мушкилии калонтарин  ба ҳисоб мерафт. Корхона бо таъсиси 500 ҷойи корӣ дар таъмини шуғли сокинони маҳаллӣ, бахусус занон, саҳми арзанда гузошт.

Сарвари давлат бо равандҳои технологӣ ва маҳсулот шинос шуда, бо коргарон суҳбат кард. Ба масъулин оид ба азхуд намудани давраҳои минбаъдаи коркарди пахта дастуру супоришҳо дода шуд.

– То ки дар  ноҳия бекорӣ набошад, се-чор чунин корхона вуҷуд дошта бошад. Бояд бинобар дигар самтҳои саноат лоиҳаҳоро татбиқ намуд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар ин ҷо ҳамчунин муаррифии фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Баҳром Илғор Кластер» баргузор гардид. 743 гектар замини кластер ба воситаи лазер ҳамвор карда шуд. Дар 100 гектар технологияи обёрии боронӣ ҷорӣ карда шуд.

– Мо кӯшиш менамоем, ки манбаъҳои даромади аҳолӣ фароҳам оварем, истеҳсоли маҳсулоти умумиро афзун гардонем. Барои ин чӣ лозим? Пеш аз ҳама, об. Аммо дар шароити Қароқалпоқистон баҳисобгирии обу замин махсусан муҳим аст. Агар сарфакорона, эхтиёткорона истифода баред, об ба қадри кифоя мешавад. Барои ин бояд маданияти кишоварзиро баланд бардошт, технологияҳои инноватсионӣ ҷорӣ кард, – гуфт  Президент.

Муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории соҳибкорони вилояти Хоразм, ки ба ноҳияи Шуманай вобаста карда шудаанд, баргузор гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: