Дар вилояти Сурхондарё барои ҷойи муносиб ёфтани ҷавонон дар ҳаёт, дастгирии ҳаматарафаи онҳо, сафарбаркунӣ ба касбомӯзӣ ва таъмин бо кор, инчунин рағбатмандкунии ташаббуси онҳо эътибори калон медиҳанд.
Имрӯзҳо ҷавонони воҳа дар соҳаҳои гуногун истеъдоди худро намоён мекунанд.
Аз 733 ҳазор ҷавонони синни 14-30 доштаи вилоят 33 ҳазору 170 нафарашон ба «Дафтари ҷавонон» дохил гардида, ба 27 ҳазору 502 нафари онҳо ёрии амалӣ расонда шудааст.
Шаҳрванди маҳаллаи Олтинвоҳаи ноҳияи Шеробод Шаҳноза Кӯчарова аз ҷавононест, ки бо кумаки «Дафтари ҷавонон» соҳибкориро пеша намуд. Ӯ тавассути субсидия мошини дарздӯзӣ харид ва дар бинои маҳалла маҳфил ташкил намуда, 100 нафар ҷавононро ба ҳунаромӯзӣ даъват кард. Алҳол Шаҳноза дар Донишкадаи муҳандисӣ-технологии шаҳри Тирмиз таҳсил мегирад ва бо баробари ин дар хобгоҳи талабагон ба 60 нафар духтарони донишҷӯй низ касби дӯзандагӣ меомӯзад.
Дар сурат: Шаҳноза Кӯчарова ба донишҷӯдухтарон асрори касби дӯзандагӣ меомӯзад.
Суратгир:
Ҷ. ҚӮЗИМУРОДОВ (ӮзА).