ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ – РУКНИ АСОСИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ҳар як забон то соҳибшавӣ ба мақоми давлатӣ ҳаводиси гуногуну мухталифро паси сар менамояд.

 Забони давлатии Ӯзбекистон  низ аз ин раванд дар канор намондааст. Агар ба давраи начандон дури таърихӣ назар кунем, маълум мегардад, ки забони давлатӣ дар баробари рушду нумӯъ ба таъсироти муҳити ҳамон давру замон низ мувоҷеҳ шудааст.
Ба хусус, агар солҳои салтанати шӯравиро пеши назар оварем, забони коргузорӣ ва муоширати байни сокинони понздаҳ ҷамоҳири собиқи он маҳз забони русӣ ба ҳисоб мерафт. Барои ҳамин ҷиҳати такомул ва рушду нумӯъи забони ӯзбекӣ як қатор маҳдудиятҳо ба миён омадаанд, ки онро нодида гирифтан имконнопазир мебошад.
Аз ҷараёни суҳбат бо чанд нафар аҳли илму адабу  фарҳанг бармеояд, ки маҳз баъди касби истиқлолияти Ӯзбекистон забони давлатӣ – ӯзбекӣ ба сифати рамзи давлатдорӣ ва сарвати фарҳангиву маънавии кулли мардуми он қобили эътироф гардид ва барои такомули он заминаҳои хубу мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳоло ҳар як сокини мамлакати паҳновари мо дар рушди ин забон ҳиссаи худро мегузорад.
– Ҷумҳурии мо кишвари сермиллат аст ва ҳамаи онҳо дар ин фазову муҳит дар ваҳдату ҳамгироӣ ба сар мебаранд. Дар ин раванд мардуми тоҷиктабори кишвар, ки аз нигоҳи нуфус дар ҷои дуюм қарор дорад, шояд бештар ҳиссагузор бошад. Медонем, ки дар Конститутсияи Ӯзбекистон мавқеъ ва манзалати забони давлатӣ хеле равшану возеҳ инъикос ёфтааст. Дар моддаи чоруми он чунин ҷумлаҳоро мехонем: «Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекист. Он дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таъмини рушду ривоҷ ва эҳтироми забон, урфу одати тамомияти қавму миллатҳои он шароит фароҳам меоварад». Ба ибораи дигар гӯем, Қонуни Асосӣ дар баробари рушди ин забон барои такомули забонҳои дигари мардуми он, аз ҷумла забони тоҷикӣ пурра кафолат медиҳад,–мегӯяд муаллими калони кафедраи забоншиносии Донишгоҳи давлатии Фарғона Ҷумъаи Ҷамол.
Дарвоқеъ, дар кишвари мо таълиму тадрис бо ҳашт забон ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаҳое, ки фарзандони мардуми ғайриӯзбек бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, интишори китобҳои дарсӣ ва маводи дигари зарурӣ низ таъмин гардидааст. Ин муассисаҳо бо омӯзгороне низ таъминанд, ки забони давлатиро ба шогирдони худ тадрис мекунанд. 
– Ҳоло омӯзиши забони давлатӣ дар мактабҳои тоҷикӣ низ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Ман тайи солҳои дароз маҳз ҳамин забонро ба шогирдони худ ёд медиҳам. Дуруст аст, ки фарзандони мардуми тоҷик, новобаста аз он ки дар ин ё он шаҳр зиндагӣ мекунанд ва ё сокини рустоҳои дурдаст мебошанд, аз хурдӣ бо ин забон ошно ҳастанд. Баъзан дар ҷараёни дарс маҳорати як қатор шогирдонамро эътироф мекунам, ки вожаҳои мушкилро аз худ кардаанд, – мегӯяд омӯзгори забони давлатии мактаби таҳсилоти умумии рақами 13-уми ноҳияи Сӯх Зулфизар Раҳмонова.
– Мо соҳиби ин забон ҳастем ва барои рушду пешрафти он аз дигарон дида бояд саҳми бештар гузорем. Дарки ин маъниро баъзан дар як қатор ҳамзабонони худ мушоҳида намекунам. Онҳо зимни суҳбат нисбат ба забонамон беэътиноӣ зоҳир мекунанд, лафзи худро бо калимаву ибораҳои бегона олуда месозанд. Онҳо боз ифтихор ҳам мекунанд, ки дар муқоиса бо забони модарӣ ба забони дигар хеле беҳтар ҳарф мезананд. Намедонам, ки ин ҳолатро чӣ гуна бароятон арзёбӣ кунам, – бо эҳсоси норозиёна изҳор намуд журналисти собиқадор, Ходими шоистаи маданияти Ӯзбекистон Ҳамидҷон Бурҳонов.
Ҳамсуҳбатони дигари мо дар бобати баланд бардоштани мавқеи забони ӯзбекӣ ҳамчун забони давлатӣ фикру ақидаҳои мухталиф дар миён гузоштанд. Яке аз онҳо, ки дар ширкати садову симои вилоят солҳои зиёд боз машғули фаъолият аст, Зуфарҷон Султонов мебошад.
– Баргузор кардани мулоқотҳо, суҳбатҳои мизи мудаввар, ки бевосита ба мавқеи мақоми забони давлатӣ бахшида шудаанд, ҳаргиз аз манфиат холӣ нест. Мо бештар дар бораи ҳисси эҳтиром нисбат ба забони давлатӣ вақте ҳарф мезанем, ки санаи таҷлили он наздик мерасад. Ин мавзӯе мебошад, ки мо ҳамеша бояд ба он рӯй оварем ва дар бораи он намоишҳои телевизионӣ, барномаҳои радиоӣ таҳияву таълиф кунем, аз боби ҳифзу такомули он дар нашрияҳо ва шабакаҳои интернетӣ батакрор гӯему нависем. Зеро муайян кардани мақоми ҳуқуқии забони ӯзбекӣ ҳамчун забони давлатӣ аз роҳҳои гуногун сурат мегирад. Моро лозим меояд, ки бо  истифода аз имкониятҳои мавҷуда, ки дар солҳои касби истиқлол фароҳам оварда шуданд, дар роҳи мустаҳкам шудани мавқеи забонамон пайваста талош ба харҷ диҳем, – гуфт ин ҳамсуҳбати мо.
Қобил ба ёдоварист, ки аксари ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, забони давлатии Ӯзбекистон забоне мебошад, ки бо таърихи дуру дароз ва имкониятҳои ғании худ аз забонҳои зиёд фарқ мекунад. Дар ташаккули он намояндагони беназири адабу фарҳанги ӯзбек нақши муҳим бозидаанд. Осори маърифатпарвар, шоир ва олим Абдулло Авлонӣ хеле пандомезанд. Вай тавонистааст ашъори бархе аз алломаҳои бузурги форсу тоҷикро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кунад ва ба мардум тақдим намояд. Чунин мисолҳоро ин ҷо метавон фаровон қаламдод кард.
Дар ин рӯзҳо Рӯзи забони давлатӣ дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона чорабиниҳои зиёди илмиву фарҳангӣ бо шукӯҳи хос роҳандозӣ мегарданд. Дар муассисаҳои таълимӣ аз роҳи баргузор намудани тантанаҳои идона забони давлатӣ таблиғу ташвиқ карда мешавад. 

Мирасрор АҲРОРОВ, 
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: