Президент бо сокинони маҳалла суҳбат кард

  • Президент бо сокинони маҳалла суҳбат кард

Сарвари давлат ба маҳаллаи Эзгулики ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд ташриф оварда, бо зиндагии мардум шинос шуд.

Дар ин маҳалла 26 бинои истиқоматӣ мавҷуд аст, ки зиёда аз 6 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Президент бо сокинони маҳалла суҳбат кард. Намояндагони насли калонсол қайд карданд, ки ба шарофати ваҳдати мардум ва кормандони мақомоти давлатӣ мушкилоте, ки дар рӯзҳои сарди ҳаво ба вуҷуд омада буд, бартараф карда шуд. Энергетикҳо ва хидмати коммуналӣ шабу рӯз кор карданд, барои бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда чораҳои фаврӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, трансформатори маҳалла нав карда шуд.

 — Ин барои мо бояд дарси ибрат бошад. Мо бояд 3-4 баробар зиёд захираи энергия дошта бошем. Аз ин рӯ, мо ба рушди энергияи барқароршаванда аҳамият медиҳем. Ин алтернативаи боэътимод ва аз ҷиҳати экологӣ тоза аст, – гуфт роҳбари давлатамон.

Қайд карда шуд, ки дар маҳалла бояд ба масъалаи бо кор таъмин намудани аҳолӣ ва тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад. Маҳз аз ин рӯ соли ҷорӣ дар кишварамон Соли ғамхорӣ ба инсон ва таълими босифат эълон шуд. Барои он шароит фароҳам оварда мешавад, ки талабагон баъд аз хатми мактаб ду забони хориҷӣ ва як касбро азхуд карда бошад. Халқи мо ин ташаббусро дастгирӣ мекунад.

Намояндагони насли калонсол дуъо хонда, ба кишварамон сулҳу шукуфоӣ, ба мардум осоиш орзу намуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: