Ҳар як халқу миллат дорои урфу одат ва маданияти ба худ хос аст, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтааст.
Ҳар як халқу миллат дорои урфу одат ва маданияти ба худ хос аст, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтааст. Насли оянда, бахусус, ҷавононеро, ки дар рафтори баъзеашон камбудиҳо назаррасанд, дар асоси чунин урфу одат ва маданият, ки ҷузъи асосии онро маърифати динӣ ташкил медиҳад, бояд тарбия намуд. Афсус, ки ҳоло гурӯҳҳои ифротӣ ва ақидапарастон маърифати исломиро барои мақсади худ маънидод карда, ба рушди он латма мезананд.
Пайғамбарамон Муҳаммад (с.а.в) дар яке аз ҳадисҳо таъкид кардаанд, ки мусулмонон бояд ба дин фурӯ нараванд, яъне баробари баҳраманд гаштан аз неъматҳои ҳаёти дунёвӣ ба тоату ибодат ва ақидаҳои исломӣ низ ба тарзи миёна муносибат кунанд.
Барои ин мо – калонсолон пеш аз ҳама худамон ба маърифати исломӣ соҳиб шуда, сипас дар суҳбатҳои оилавӣ, дар тарбияи фарзандон онҳоро гӯшрас карданамон лозим аст. Дар ин ҷода дар дуконҳои китобфурӯшӣ адабиётҳо бисёранд, ки истифодаи онҳо мувофиқи мақсад аст.
Маърифати динӣ, ба хусус дини мубинамон барои равнақи хислатҳои неки инсонӣ ҳиссаи бузург мегузорад, инсонро ба худотарсӣ, адлу инсоф, поквиҷдонӣ, ростгӯӣ, некахлоқӣ, ватанпарварӣ даъват мекунад.
Маърифати исломӣ ин пеш аз ҳама илми ахлоқ аст. Имрӯз инсон фаҳмидааст, ки бузургтарин илм илми ахлоқ аст. Маърифати динӣ ва илми ахлоқро аз ҳамдигар ҷудо карда намешавад, ки асоси ин ҳар ду ҳадис ва ҳикмату ривоятҳои халқӣ ба шумор меравад.
Ҳадисҳое, ки дар ҷамъоварии он хидматҳои ҳамдиёри мо Имом ал-Бухорӣ ва Имом ат-Тирмизӣ бештар аст, дар олами ислом баъд аз Қуръони карим ҷойи дувумро ишғол мекунад. Мураббиён метавонанд аз ин мероси ғанӣ дар тарбияи насли оянда истифода бурда, рӯзгори онҳоро рангин созанд.
Ҳадисҳое вомехӯранд, ки эҳтиром ба волидон, нияту рафтори нек, маърифатдӯстию илмомӯзиро ташвиқ мекунанд. Ҳаёти инсонро саодатманд сохтани чунин ҳадисҳоро ҳаёт борҳо собит намудааст.
Имрӯз дар мамлакати мо барои илмомӯзӣ шароити зиёд фароҳам оварда шудааст. Биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ сохта мешавад, дар мавзеъҳои мамлакатамон шуъбаҳои муассисаи таълими олии давлатҳои хориҷӣ кушода мешаванд, ки ҳамаи ин ба илмҳои замонавиро аз худ кардани ҷавонон нигаронида шудааст.
Хаёл мекунам, ки агар одамон маърифати исломиро пурра аз худ мекарданд, имрӯз ҷинояткорӣ, вайронкорӣ, дуздию қаллобӣ, фитнаву хусумат барҳам мехӯрд... Бино бар ин мо набояд хотирҷамъ бошем, дар омӯзишу тарғиби маърифати исломӣ, анъанаҳои аҷдодони гузашта сусткорӣ накунем.
Чи хеле ки аллома Фирдавсӣ фармудааст:
Туро донишу дин раҳонад дуруст,
Раҳи ростгорӣ бубод-т то ҷуст.
Назирҷон ЭРГАШЕВ,
вилояти НАМАНГОН.