ДИПЛОМ НЕ, КАСБ МУҲИМ!

Мамлакати мо ба ислоҳи сохтори таълим аз солҳои аввали истиқлолият шурӯъ намуд, вале агар гӯем, ки маҳз дар чаҳор-панҷ соли охир фаъолияти таълими халқ мазмун ва моҳияти тоза пайдо кард ва ислоҳот дар соҳа то андозае самараи худро нишон дод, муболиға намешавад.

Мамлакати мо ба ислоҳи сохтори таълим  аз солҳои аввали истиқлолият шурӯъ намуд, вале агар гӯем, ки маҳз дар чаҳор-панҷ соли охир фаъолияти таълими халқ мазмун ва моҳияти тоза пайдо кард ва ислоҳот дар соҳа то андозае самараи худро нишон дод, муболиға намешавад.
Дар сохтори таълими муттасил, хусусан, таълими томактабию мактабӣ дигаргуниҳои азим амалӣ шуданд. Бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа низ бештар мавриди эътибор қарор гирифт.
Нафақат дар маркази шаҳру ноҳияҳо, баробари ин дар гӯшаҳои дурдаст ҳам мактабҳои барҳавои замонавӣ сохта шуданд. Масканҳои нави таълимӣ ба деҳот ҳусни нав зам менамоянд. Бинои муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таълими умумӣ баъди таъмиру тармим симои худро куллан дигаргун месозанд. Дар баробари ҳамин онҳо бо таҷҳизоти таълимӣ, воситаҳои аёнию техникии замонавӣ таъмин мегарданд.
Дар гузаштаи наздик, тавре ҳамаи мо гувоҳем, баъзе таълимгоҳҳои деҳот ҳоли ногувор доштанд. Дар шаҳрҳо низ на ҳамаи мактабҳои таълими умумӣ аз шароити хуб бархурдор буданд. Дирӯз ва имрӯзи ҳолати мактабҳоро қиёс карда, ба вуқӯъ омадани дигаргуниҳои азимро мебинем, бинобар дар шароити куллан замонавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудани фарзандон дар қалбамон эҳоси мамнуният ва қаноатмандӣ падид меояд.
Алалхусус онҳое, ки тӯли гузаштаи наздик дар дабистонҳои таълими ҳамагонӣ фаъолият бурдаанд, шароит ва имкониятҳои васеи мактабҳои имрӯзаро дида,  дар ҳаёти таълими халқи мамлакат паиҳам рӯй дода истодани воқеаҳои муҳимро эътироф менамоянд. 
Камина дар дабистони таълими умумӣ аз соли 1980 муаллим мебошам. Он вақтҳо аксарият мактабҳои деҳот, аз ҷумла бинои таълимгоҳҳо дар зодгоҳи роқими ин сатрҳо (ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона) куҳнасохт буданд. “Аварийний” мегуфтанд онҳоро. Баъзе синфхонаҳо онқадар валангор буданд, ки ба “синфхона” гуфтан ҳам намеарзиданд. 
Солҳои аввали корам партаҳои сиёҳро ба мизу стулҳо иваз карданд. Дар аввал ҳама хурсанд шудем. Вале дере нагузашта  маълум гашт, ки мизу стулҳо ба ном будаанд. Мешикастанд, корношоям мешуданд. Таъмир бефоида буд. 
Аксарияти синфхонаҳо тангу тор буданд. Хонандагони як синф аз сӣ нафар зиёд, мизу курсиҳо бошад, ба бист нафар мерасид. Хусусан, дар аввали моҳи сентябр, ки бачаҳо баробар ба мактаб меоянд, бо ҷойи нишаст таъмин кардани онҳо коре буд мушкил. Муаллимон бо лабханд якдигарро “тасаллӣ” медоданд: “Ҳа нагуфта “прогул” сар мешавад. Давомот, ки паст шуд, мизу курсиҳо ба ҳама мерасанд”.
Мактабҳое, ки бинобар нарасидани синфхонаҳо машғулотро дар ду баст ба роҳ гузошта буданд, ҳолати боз ҳам ногувортар доштанд. Баъди се соат дарс дар басти дуюм, хусусан дар охири тирамоҳу фасли зимистон, рӯз торик мешуд. Фурӯзонакҳо намерасиданд. Мактаббачаҳое, ки хонаашон дур аст, беқарор мешуданд. Ё ногуфтаву ҷавоб нопурсида аз дарсҳои охирин баромада мерафтанд,ки ин омӯзгоронро ба ташвиш мегузошт.  
Баробари масъалаҳои мизу курсӣ ва чароғ ҳолати ногувори системаи гармигузаронӣ  масъулонро азият медод. Директорро лозим меомад барои таъминоти мактаб бо сӯзишворӣ давутоз кунад.
Ҳарчанд мактаб мудири қисми хоҷагӣ дошт, бе дахолат ва ҳаракатҳои роҳбари мактаб масъалаи таъминот ҳал намешуд. Ба замми ин бинобар ҷалби хонандагон ба пахтачинӣ дарсҳо ду-се моҳ монда мерафт,ки ин ба азхудкунӣ бетаъсир намемонд.    
Аз нимаи дуюми солҳои ҳаштодум сафарбарсозии мактаббачаҳо ба корҳои саҳро қатъ ёфт. Вале муаллимро бо дархости роҳбарони навоҳӣ масъулони хоҷагиҳо ҳамон кор мефармуданд. Вай маҷбур буд кори мактабро сӯе гузошта, фармудаи “калон”ҳоро кунад, аз иҷрои ҳар гуна корҳои сиёҳ рӯй натобад. Ба торафт пастфуроии обрӯ ва нафузи муаллим дар ҷамъият хеле ночиз будани маоши ӯ низ сабаб мегашт.
Қисме аз муаллимон маҷбур буданд дар таътили думоҳа барои таъмини рӯзгор ба шаҳрҳои Русия раванд. Ба тиҷорат машғул шаванд ё мардикорӣ кунанд. Аксар вақт дер ба мактаб бармегаштанд, ки ин низ мушкилот тавлид мекард. Як қатор муаллимон мактабро тамоман тарк карда, ба корҳои дигар гузаштанд. Роҳбарони мактабҳо,то дарсҳо монда нараванд, маҷбур буданд шахсони ба омӯзгорӣ нолоиқро низ ба кор қабул кунанд. Хусусан, аз ибтидои солҳои навадум мушкилот дар таъминоти кадрҳои педагогӣ барои пастшавии сифати таълим ва савияи дониши хонандагон замина офарид. Занону духтарони ба ном дар омӯзишгоҳҳо хонда ё бо ҳар гуна роҳҳо соҳиби дипломшуда, ё худ ҷавонони чаласаводи ҷуз мактаб аз ҷои дигар  барояшон кор пайдо карда натавониста низ акнун “муаллим” буданд ва баробари  омӯзгороне, ки маҳорати хуби педагогӣ дошта, нони худро ҳалол карда мехӯранд, музд мегирифтанд.  
Маоши муаллим хеле ночиз буд, вале ҳамонро ҳам дар вақташ намедоданд. Китоби дарсӣ ва ашёи хониш намерасид. Китобҳои дарсиву бадеии дар давраи шӯравӣ чопшударо ба мафкура номувофиқ гуфта, аз китобхонаҳои мактаб бардоштанд. Рафҳои китобхонаҳо холӣ шуда монданд. Вазъияти мактаб ва муаллимро дида, хатмкардагони аълохони дабистонҳои таълими умумӣ ҳаракат мекарданд ба донишкадаҳои педагогӣ не,  ба муассисаҳои  дигари таълими олӣ ҳуҷҷат супоранд. Аксар маврид ҳамонҳое, ки ба мустаҳкамии дониши худ бовар надоранд, барои дохил шудан ба донишкадаҳои омӯзгорӣ ҷуръат менамуданд ва бе душворӣ, бо шиносбозиву порадиҳӣ донишҷӯ мешуданд.
Ба бачаи кундсаводе, ки мактаб чизе дода натавонист, муаллими донишкада чӣ ҳам дода метавонист? Лекин  вай модоме илоҷе карда ба институт дохил шуд, «контракт»-ро пардохт, дониш дорад ё не, диплом мегирифт. Диплом, ки дошт, мактаб ӯро қабул мекард.
Бо вуҷуди ин қадар мушкилот ва иллат дар сохтори таълим дар дабистонҳо фидоиёни соҳа низ заҳмат кашида, ба аз таҳти дил кор кардан, шогирдони лаёқатнок баровардан кӯшиш ба харҷ медоданд.  
Дар ибтидои асри бистуяк дар мактабҳо системаи баҳогузории рейтингӣ ҷорӣ шуду кори муаллим боз бештар гардид. Хусусан дар охири чорякҳо ва ҷамъбасткунии холҳо вақти зиёди ӯ ба “ҳисобу китоб”-ҳои заруру нозарур сарф мегашт.
Тақрибан аз солҳои 2010 мактаб то андозае рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Шароити таълим хубтар гардид. Маоши муаллимро бардоштанд. Тӯли чанд соли охир бошад, тавре дар боло ишора карда гузаштем, дигаргуниҳои азим дар соҳа рӯй доданд. 
Чаро гузаштаи ба ҳама маълумро ба хотир оварда ва суханҳоеро, ки гуфта шудаанд, такрор мекунам? Фикр мекунам аз ёд набаровардани гузашта дар корҳое, ки имрӯз пеш мебарем, аз фоида холӣ не. Фикр ва шукр мекунем. Муаллим кӣ буд ва кӣ гашт? Мактаб чӣ ҳол дошту ҳоло ба чӣ гуна имкониятҳо молик гардид.
Аммо сифати таълим, дараҷаи дониши хонандагон аз пештара беҳтар гашт ё нагашт?
Ба ин суол, мутаассифона, ҷавоб додан душвор. Дар давраҳое ҳам,ки шароит хуб набуд ва маоши ночиз медоданд, қисми асосии омӯзгорон аз таҳти дил кор мекарданд. Виждон роҳ намегузошт онҳо дар мактаб беҳуда вақтро кӯр намоянд. Ба ҷои нолидан роҳҳои гуногуни бо донишҳои мустаҳкам фарогирии донишандӯзро меҷуст муаллими ташаббускор.Шогирдони сазовор мебаровард.
Вале шароити моддӣ имкон намедод фарзандони оилаҳои камтаъмин, бо вуҷуди аълохон будан, ба донишкадаҳо ҳуҷҷат супоранд. Дар сафи абитуриентҳо асосан ҳамонҳое қарор доштанд  дониши бақувват не, “тақдирсози бақувват” доштанд.
Имрӯз ҳатто дар деҳаҳои дурдаст кулли шароити замонавӣ дар сохтори таълим – дастрас. Кор кардан лозиму халос. Вале чаро натиҷаҳо чандон қаноатбахш не?
Кушода шудани шуъбаҳои ғоибонаи институтҳои педагогӣ ҳодисае буд басо муҳим. Вале дарҳо, ки кушода шуданд, дар қатори донишдорҳо чаласаводҳо, ҳатто бедонишҳои “одамдор” (ё пулдор) худро ба дарун заданд. Бо чорае институтро хатм карданд ва хатм мекунанд. Бо ин гуфтанием яке аз иллатҳои асосии сохтори таълим – дар мактабҳо фаъолият бурдани омӯзгорони номуносиб.
Ягон соҳа кадри номуносибро дошта намеистад –  ходиме, ки корро мувофиқи талаб пеш бурда натавонист, сабукдӯш мегардад. Вале намешунавем ходими педагогиеро бинобар ноил шуда натавонистанаш ба натиҷае аз мактаб пеш карда бошанд. Муаллимӣ кори ман набудааст, гуфта ихтиёран аз мактабравиҳо – ҳодисаи нодир. Баръакс, баробар бо муаллимоне, ки худро нишон додаанд, он “борҳои зиёдатӣ” аз шароит меноланд, маоши баланд, мукофотпулӣ талаб мекунанд. Аз болои директор менависанд...
...Маоши муаллимон чанд бор бардошта шуд ва боз ҳам баландшавии музди меҳнати ходимони соҳа ба нақша гирифта шудааст. Ин ҳамаро хурсанд мекунад. Хусусан, волидонро, ки мехоҳанд муаллим бештар маош гирифта ва хубтар кор кунаду аз бачаҳо (падару модарон) чизе тамаъ накунад, фарзандон бо асосҳои дониши замонавӣ мусаллаҳ гарданд. Аммо дар қатори муаллимони фаъолияташон ба маоши баланд арзанда, тавре ишора рафт, барои илоҷе карда дар мактаб чашми рӯзро кур карданашон музд мегирифтагӣ “хасу хошокҳо” кам не.
Ба ақидаи фикрҳои солим, аввал мактабро “тоза” карда (ҳарчанд ин бисёр душвор аст!) баъд бояд музди муаллимро бардошт. Таъминоти кироии муаллиме, ки маҳорати хуби педагогӣ надоштаву сарам-дилам кор кунад ҳам назар ба ходимони соҳаҳои дигар баландтар музд мегирад, аз рӯи адолат нест, албатта ва ин ба эътирози барҳақ сабаб шуданаш мумкин.
Депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Алишер Қодиров чанде пеш изҳор кард, аз 10 триллион сӯми барои таълими халқ ҷудошуда танҳо 1,7 триллион сӯм барои сохтмони мактабҳои нав ҷудо мегардаду халос, ба ҷои баланд бардоштани маоши омӯзгорон, ки байнашон камсавияҳо кам не, ба сохтмони мактабҳо бояд бештар сармояҳоро ҷалб намуд. Чунин фикри депутат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба эътироз ва муҳокимаҳо сабаб шуд. Баъзеҳо ӯро нодуруст фаҳмиданд – гӯё вай тарафдори маоши баланди омӯзгорон нест. Баъд депутат ба суханони гуфтааш шарҳ дод. Гуфт, ки муаллимӣ бояд ба яке аз касбҳои гаронбаҳо табдил ёбад. Ба ин танҳо бо роҳи рақобати солим ноил шудан мумкин. Рақобат муаллимони савиянок ва бесавияро ҷудо карда медиҳад. Пеш аз қабул ба донишкадаҳои омӯзгорӣ гузаронидани озмунҳои эҷодию психологӣ доири касб хеле зарур.
Ба таъкиди депутат, омӯзгори пастсавия ҳар қадар маоши баланд гирад, ин нафақат ғаши дигаронро меорад, балки ба афзуншавии толибилмони бесавия сабаб мегардад. 
Дар педагогика кор кардани шахсони тасодуфӣ бар он монад, ки ҷарроҳии мураккабро ҷарроҳи пастсавия мегузаронад. Фарқ он аст дар ҷарроҳӣ инсон зарар бинад,  дар педагогика авлод зарар диданаш мумкин.
Дар даврае, ки ҷаҳонигардӣ хусусан дар соҳаҳои илму фан, техника ва технология шиддат меёбад, кор дар мактаб боз ҳам душвор ва муаллим пурмасъулияттар мегардад. Зеро ин шиддат дар назди мактаб ва муаллим талабҳои навро мегузорад. Ислоҳи оқилонаи сохтор, такмил додани усул ва воситаҳои замонавии омӯзиш, боз ҳам ғановатманд сохтани мазмуни таълим  бештар долузарбӣ касб менамояд.
Имрӯз, мутаассифона, на ҳама донишандӯз ва хатмкардагони муассисаҳои таълими миёна қобилияти мустақилона фикр кардан доранд ва ба асосҳои дониши замонавӣ мусаллаҳанд. Ин аст, ки дар ҳаёти мустақилона мавқеи худ пайдо кардани фарзандонамон душвор мекӯчад, зеро малака, донишу таҷрибаи онҳо кофӣ нест.
Аз бисёр ҷиҳат ба моддиёт вобастагии маънавиёт ба касе сир нест.
Хуб аст, ки барои ба МТО дохилшавӣ ва таҳсил дар онҳо фарзандони оилаҳои камтаъмин аз баъзе имтиёзҳо истифода бурданашон мумкин. Вале ин маъное надорад, ки мушкилоти масъалаи таҳсили камтаъминҳо пурра ҳал шуда бошад. Имрӯзҳо низ қисми муайяни фарзандони оилаҳои ниёзманд, бо вуҷуди қобилиятнок будан, ба МТО ҳуҷҷат намесупоранд. Дар ҳолати ҳуҷҷат супурдан ва  донишҷӯ шудан бошад, вақте холҳояшон ба “шартнома” мерасад, аз баҳри хондан мебароянд, ки сабаби ин маълум. Бинобар ҳамин хуб мешуд “шартнома” дар донишкадаҳои педагогӣ, тавре дар Олмон ҳаст, бекор гардида ва омӯзгорони оянда танҳо дар асоси гранти давлатӣ ба таҳсил фаро гирифта шаванд, то камтаъминҳо низ пурра ба хондан ҷалб гарданд. 
Донишҷӯён танҳо ба хотири диплом таҳсил нанамоянд, танҳо бо умед ва мақсади оянда омӯзгори ҳақиқӣ шудан хонанду хонанду боз хонанд. Президент низ ба ин маъно таъкид намуда, ки: “Диплом мутлақо лозим нест, касб лозим, дониш лозим...”
Хусусан ба мактабҳо, вақте ояндаи ин мамлакат аз остонаи мактаб сар мешавад. 

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: