ЧОРАБИНӢ ДОИР БА РУШДИ ФАРҲАНГ

Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ бо ташаббуси вазорати маданият доир ба мавзӯи «Ҷамъбасти соли гузашта ва нақшаҳои соли ҷорӣ» нишасти матбуотӣ ба амал омад.

Чорабиниро вазири Вазорати фарҳанг Озодбек Назарбеков бо суханони муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Бояд қайд намуд, ки вазорат соли 2023 дар миқёси кишвар 12 ҷашнвораву конфронси байналмилалӣ ташкил кард ва ба кишварҳои хориҷӣ 35 маротиба сафарҳои эҷодӣ анҷом дод. Дар 17202-то консерту намоишҳое, ки дар мавзеъҳои гуногуни саросари мамлакат баргузор гардид, 9 миллиону 687 ҳазор нафар ва дар 10586 спектаклҳои театрӣ 3 миллиону 203 ҳазор нафар тамошобин иштирок намуданд.
Дар давраи охири соли 2023 дар асоси иҷрои ҷоннок 110 чорабинии консертӣ баргузор гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дучанд зиёд шудааст. Илова бар ин, дар 7 вилояти ҷумҳурии мо, аз ҷумла, Андиҷон, Бухоро, Навоӣ, Намангон, Фарғона, Хоразм ва Сурхондарё чорабиниҳои «Корвони фарҳанг» дар сатҳи баланд ташкил гардида, аз ҷониби ҳунармандони шинохта ба аҳолӣ барномаҳои консертӣ пешкаш карда шуд.
Дар соҳаи кинематография низ як катор корҳои амалӣ анҷом дода шуданд, аз ҷумла, 149 филм – аз он 21-то филми бадеӣ, 73 филми ҳуҷҷатӣ, 10 филми мултипликатсионӣ, 9 сериал, 36 филми кӯтоҳметражӣ намоиш дода шуд.
Мувофиқи маълумоти мутасаддиён соли ҷорӣ дар Театри давлатии мусиқии ба номи Бердақи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон таҳти мавзӯи «Мавқеи эҷодкорони ҷавон дар рушди театр ва драматургия», моҳи феврал дар шаҳри Тошканд бо унвони «Таҷрибаи шаҳри Тошканд дар рушди самаранокии фаъолияти театрҳо» семинар-тренинг баргузор шудааст. Дар чаҳорчӯбаи ин чорабиниҳо дар даҳлези бинои театрҳо лавҳа аз таърихи театр, суратҳои спектакл, либосҳои миллӣ, декоратсия, китоб ва маҷаллаҳо намоиш дода шуданд. Дар намоиши спектаклҳо наздик ба 10 ҳазор нафар тамошобин иштирок карданд. 
Бахшида ба 32-солагии ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва «Рӯзи ҳимоятгарони Ватан», 32-солагии ширкати миллии ҳавопаймои «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари»,  8-март – Иди байналхалқии занон барномаҳои идонаи консертӣ ташкил карда шуданд ва дар онҳо санъаткорони номӣ ва хонандаҳои эстрадӣ иштирок карданд.
Дар моҳи феврал бахшида ба 583-солагии Алишер Навоӣ дар Театри калони давлатии академии ба номи Алишер Навоӣ ва дар Театри миллии академӣ-драмавии ӯзбек бахшида ба 541-солагии Заҳириддин Муҳаммад Бобур  бо иштироки шоиру нависандагон, адибон ва санъаткорон шабнишинии «Назм ва наво» гузаронида шуд.
Вазорати маданият бо ҳамкории Кумита доир ба корҳои дини Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Агентии миллии «Ӯзбеккино» ба муносибати 32-солагии Маркази байналмиллалии мадании ҷумҳурӣ дар тамоми гӯшаю канори мамлакат, ҳудудҳои дурдаст ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо мақсади тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим, дӯстию ҳамдилӣ консерти хонандаҳои эстрада, намоиши филм ва театрҳои сайёр ташкил кард.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: