РИШТОН МЕҲМОНОНИ САФАРИ МАТБУОТИРО ПАЗИРУФТ

Дар вилояти Фарғона ҳафтаи дувум аст, ки пресс-тур ё сафари матбуотии вакилони воситаҳои ахбори умум аз ҷумлаи нашрияҳои давлативу хусусӣ, радио ва телевизион, блогнависон идома дорад.

Дар вилояти Фарғона ҳафтаи дувум аст, ки пресс-тур ё сафари матбуотии вакилони воситаҳои ахбори умум аз ҷумлаи нашрияҳои давлативу хусусӣ, радио ва телевизион, блогнависон идома дорад.
Ин чорабинии муҳим тибқи барномаи хоси Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тарафи бахши вилоятии ин агентӣ ва дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилоят роҳандозӣ шудааст. Ин бор журналистону блогнависон ба ноҳияи Риштон омаданд, то ки бо бунёдкориҳо ва дигаргуниҳои соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз наздик ошно шаванд.
Дар ноҳия “Шаҳраки кулолон” барпо шудааст, ки ҳусни шаҳрро афзудааст. Сафари матбуотӣ маҳз аз боздиди он оғоз ёфт. Ин шаҳрак аз маҷмӯае иборат аст, ки мувофиқи анъанаҳои меъмории миллӣ ва бо тарҳу ранги замонавӣ сохта шудааст. Масоҳати он бештар аз як гектарро ишғол намудааст. Ин бино аз ду ошёна иборат мебошад.
Дар ошёнаи аввали он бист нафар кулолон-ҳунармандони маъруф машғул хоҳанд шуд. Ҳамчунин дар ин ошёна онҳо метавонанд маҳсулоти худро ба фурӯш расонанд. Дар як тарафи ин маҷмӯа осорхона ҷой гирифтааст. Он зиёда аз дусад ашёи кулолгариро ба намоиш мегузорад. Ин ашёҳои намоишӣ аз давраҳои гуногун боқӣ мондаанд. Дар мавриди гирдоварии он як гурӯҳ кулолони номии Риштон саҳми калон гузоштанд.
Ба гуфтаи раиси Иттиҳодияи ҳунармандони ноҳияи Риштон Бунёд Юнусов ашёи ин осорхона бо маҳсулоте ғанитар гардонида хоҳад шуд, ки мардум низ аз ҳар гӯшаву канори Риштон оварда месупоранд.
– Ин маҷмӯаи зеборо ширкати “SQB-Capital”-и назди «Ӯзсаноатқурилишбанк» сохтааст. Маблағи умумии он 19 миллиард сӯмро тақозо намуд. Ҳоло барои баргузор намудани маросими кушоиши он корҳои омодагирӣ вусъат пайдо кардаанд. Ин маросим барои моҳи оянда муқаррар шудааст, – гуфт Бунёд Юнусов.
Яке аз афзалиятҳои маҷмӯаи ҳунармандӣ дар он арзёбӣ гардид, ки ошёнаи дуввум барои зисти ҳунармандон низ мусоидат мекунад ва шароити созгор офарида шудааст. Ба ибораи дигар, ҳунармандон баъди анҷоми кор ба ҷое нарафта, дар он ҷо шабҳоро бо фароғат рӯз карда метавонанд.
– Дар “Шаҳраки ҳунармандон” анқариб 230 сокинони шаҳри Риштон ва атрофу акнофи он ба кор таъмин хоҳанд шуд. Дар оянда ин маркази ҳунар ба яке аз ҷойҳои содиротии маҳсулоти кулолгарӣ табдил меёбад. Ба ин васила, мо метавонем дар ноҳияи худ ба рушду ривоҷи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони маҳалливу хориҷӣ ҳиссаи арзандаи худро гузорем, – мегӯяд ноиби аввали ҳокими ноҳия Абдусалом Сиддиқов.
Бино ба гуфтаҳои ӯ маслаки асосии ӯ журналистӣ мебошад, барои ҳамин медонад, ки соҳибони ин касб дар тарғибу ташвиқи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳӣ нақши созанда мебозанд. Вай иброз намуд, ки барои ҳамин дар ҷараёни пресс-тур маҳз ба “Шаҳраки ҳунармандон” даъват кардани аҳли матбуоти давлативу хусусӣ ва вакилони сомонаҳои интернетӣ барномарезӣ гардид. Журналистон қувваи бузург эътироф шудаанд. Боздиди онҳо аз ин шаҳрак ва дидору мулоқотҳои онҳо бо аҳли ҳунари кулолгарии Риштон ҳаргиз бенатиҷа нахоҳад монд.
– Шаҳри Риштон ғайр аз он ки кулолони машҳуру маъруфро ба дунё овардааст, ҳамчунин олимону фозилон ва адибону журналистони зиёдро зодаву парвардааст. Муаллифи китоби “Ал-Ҳидоя” Бурҳонуддини Рошидонӣ, арбоби давлатӣ, адиб ва фарҳангсолори маъруф Мирзо Абдулло Бокӣ, Ҳунарпешаи халқии собиқ иттиҳод Муҳаммадҷон Қосимов ва як қатор чеҳраҳои дигар маҳз дар ҳамин Риштони куҳанбунёд ба дунё омадаанд ва дар ҷабҳаҳои гуногун фаъолият кардаанд, – изҳор кард Абдусалом Сиддиқов.
Дар шафати ин маҷмӯа ёдгории таърихии “Хоҷаи Рушноӣ” маскан гузидааст, ки бо таҳти ҳимояти молии «Ӯзсаноатқурилишбанк» куллан тармим шудааст. Дар ин зиёратгоҳ корҳои зиёди ободонӣ низ ба фарҷом расидаанд. Албатта, зиёратгоҳи “Хоҷаи Рушноӣ” намунаи беҳтарини арзишҳои миллии мо маҳсуб меёбад ва бо азму ҷазми зиёд барои наслҳои оянда дар тарҳу ҳашамати нав ба мерос гузошта мешавад.
Иштирокчиёни сафари матбуотӣ аз дидани бинои “Кохи ӯзбек-тоҷик”, ки расман “Ҷамъияти ӯзбекону тоҷикон” муаррифӣ шудааст, хеле ба ваҷд омаданд. Маросими ифтитоҳи он чанде муқаддам баргузор ва дар он ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, сафири томулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ширкат карда буданд.
Дарвоқеъ, ӯзбекону тоҷиконро аз қадим риштаҳои дӯстиву бародарӣ ва хешу таборӣ баҳам мепайванданд. Ин ду халқ ҳамеша ба дӯстиву рафоқати миёни якдигар содиқ мондаанд, маросимҳои хурсандиашон бе иштироки якдигар намегузарад.
– Арзи вуҷуд намудани чунин кохи дӯстӣ тараннумгари он аст, ки мову тоҷикон ёру бародарем. Мо дар ин замину макон ҳамчун гӯшту нохун ба сар мебарем. Ҳамин анъанаҳои нек асрҳо идома доранд. Ин ду халқ дар рушду такомули мамлакат ва пешрафтҳои бузурги он ҳиссаи худро мегузоранд. Бобоёну падарони мо қадриятҳои дӯстиву бародариро ба мо мерос гузошта рафтаанд. Мо бояд ҳамон меросро бо камоли майл идома диҳем, – мегӯяд мухбири ҳафтаномаи “Ҳуррият” дар водии Фарғона Маъруфахон Солиева.
– Солҳои пеш чанд бор ба ин чойхона омадаам ва бо дӯстони риштониам сари як пиёла чой суҳбат кардаам, – гуфт сарпарасти бахши вилоятии Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии ҷумҳурӣ Бӯрибой Амонзода.
Вай афзуд, ки баъди муддати дарози гусаста шудани робитаҳои миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон дар барқарории дӯстиву рафоқати миёни ин ду халқ маҳз Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси нек зоҳир намуданд. Ин бино низ маҳз ба шарофати иқдоми неки ду сарвари давлат арзи вуҷуд намудааст.
– Ҳар гуна кӯшкро дӯст зинат мебахшад. Мо дӯстиву рафоқати ӯзбекону тоҷиконро бояд ҳамеша талқин намоем. Зеро Президенти мамлакатамон ба як нукта таъкид варзидаанд, ки ин ду халқи бародар шохаҳои як дарахтанд, – мегӯяд Амонзода.
Ногуфта намонад, ки ин бино дар ивази 150 миллион сӯм комилан бозсозӣ гардидааст. Он чанд сол дар маркази шаҳри Риштон ба ҳайси чойхонаи “Ором” фаъолият мекард, вале баъд фаъолияташро мутаваққиф сохт. Барои бунёди он аз шаҳри Исфараи Тоҷикистон устоёни гулдаст даъват шудаанд. Нақшу нигори он маҳсули дасти ҳамон устоҳои исфарагӣ мебошад. Имрӯз бо тақозои замон бинои мазкур ҳамчун рамзи дӯстии байни ду халқ ба хонаи дӯстӣ мубаддал гардидааст.
Толори васеи бино барои баргузории анҷуману маҳфилҳои фарҳангӣ ҷудо карда шудааст. Дар якчанд утоқи алоҳида дарсу машғулиятҳои забон ва адабиёти тоҷик, омӯзиши забони тоҷикӣ баргузор мешаванд, шайдоёни мусиқиву рақс ин ҷо гирдиҳам омада, машғули тамрик хоҳанд шуд. Рафҳои китобхона аллакай садҳо нусха китобҳои адибони классику муосири тоҷику ӯзбекро ҷаъоварӣ ва ба маърази муштариёни илму адабу фарҳанг гузоштааст.
– Ҷамъияти ӯзбекону тоҷикон ҳадафҳои зиёд доштааст. Ба таври мисол, тибқи нақшаи корӣ он дар вусъати муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳанги байни ду кишвар ҳисса мегузоштааст. Созмонҳои ҷамъиятии ду кишвар бо ҳам робитаҳои хуб барқарор намудаву ҳамкориҳоро ба роҳ меандохтаанд, ки барои манфиатҳои ҳарду миллат равона хоҳанд шуд, – мегӯяд корманди ширкати садову симои вилояти Фарғона Гулрухсор Омониддинова.
Самти дигари кори ҷамъияти дӯстӣ ташвиқу тарғиби пешрафту дастовардҳои ду кишвари ҳамҷавор мебошад. Гуфта мешавад, ки роҳандозии дидору мулоқотҳои вакилони соҳаҳои хоҷагии халқ ва ба ин васила, тавсеа додани ҳамкориҳои дутарафа дӯстиву рафоқати миёни ин ду халқи бародарро боз мустаҳкам хоҳад кард
Ногуфта намонад, ки ҷавонони ду кишвари ҳамҷавор барои идомаи таҳсилоти олӣ дар донишгоҳҳои якдигар низ имкони бештар пайдо мекунанд. Дар баробари ин, барномаҳои таълимии тоҷикӣ дастрас мегарданд, хонандагони китобҳои илмиву бадеии тоҷикӣ дар ноҳияи Риштон ба карат афзоиш меёбад.
Боздиду шиносоӣ бо кону фаъолияти Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Русӯзтекс”-и Риштон низ дар иштирокчиёни сафари матбуотӣ таассуроти амиқ боқӣ гузошт. Директори он Магомед Косоев аз зумраи соҳибкороне арзёбӣ гардид, ки аз усули кластер фаровон истифода менамояд. Маҳз дар ин замина ноҳияи Риштон баъди се даҳсолаи нокомиҳо соли севвум аст, ки пайиҳам дар ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда нақшаи давлативу шарномавии пахтасупориро иҷро мекунад.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки Магомед Косоев дувоздаҳ сол аст, ки муқими ин шаҳристони қадимиву зебо мебошад. Барои ривоҷи корхонаи калобаресӣ, ки хеле аз фаъолият бозмонда буд ва ташкили кластер маблағи зиёд сарф намуд.
– Ин соҳибкор аз ягон бонк кредит нагирифтааст, балки бо маблағҳои шахсии худ кори корхонаро дубора ба роҳ андохтаву дар хоҷагиҳои фермерӣ усули кластериро ҷорӣ намуд. Ҳатто як миллиарду дусад миллион сӯми ба тороҷ рафтаи корхонаи калобаресиро ҷуброн кард. Ин маблағе буд, ки қаблан барои ривоҷи корхона ҷудо карда шудааст, – мегӯяд ноиби ҳокими ноҳияи Риштон оид ба масъалаҳои ривоҷи саноат, сохтмони капиталӣ, коммуникатсияҳо ва хоҷагии коммуналӣ Нозимхӯҷа Орифов.
Дар бораи дастовардҳои усули кори кластер боз ба ҳамин ҷиҳат таваҷҷӯҳ  дода шуд, ки ҳар як қитъа замини 320 хоҷагии фермерӣ аз ҷониби мутахассисон дақиқ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Натиҷа нишон дод, ки бар асари муносибати нодуруст нисбати замин, ба роҳ намондани  корҳои агротехникӣ, аз меъёр хеле кам пошидани нуриҳои минералӣ  таркиби аксар майдонҳои таҳти кишти пахта ва гандум қарордошта вайрон шудааст. Корҳои обёрӣ низ сари вақт гузаронида нашудаанд. Баъди ғунучини ҳосил хоҷагиҳои фермерӣ шудгори тирамоҳиро ба таъхир гузоштаанд.
– Ин камбудиҳоро ба таври фаврӣ бартараф карданд. Ҳатто то моҳи апрел ба шудгори майдонҳои кишти пахта машғул шуданд. Бар ивази меҳнати шабонарӯзӣ баъзе қитъаҳои майдонҳои кишт дубора “зинда” шуданд. Дар муддати кӯтоҳ барои иҷрои корҳои гуногун нӯҳ миллиард сӯм харҷ гардид, – гуфт Нозимхӯҷа Орифов.
Ҳоло 450 нафар дар корхонаи мазкур машғул ҳастанд. Барои онҳо шароити хуби корӣ офарида шудааст. Коргарон аз маоши худ қаноатманд мебошанд. Кишоварзон аз ҷустуҷӯ ва пайдо кардани техника, сӯзишворӣ, нуриҳои маданиву минералӣ ва амсоли он комилан озод шудаанд.
Дар нишасти матбуотӣ доир ба сохтмони хонаҳои баландошёна, роҳҳои бартараф намудани норасоиҳои гази табиӣ, оби ошомиданӣ ва амсоли он низ ба журналистону блогнависон маълумоти муфассал дода шуд. Онҳо аз бунёдкорӣ ва дигаргуниҳои зиёди ноҳияи Риштон огоҳ шуданд.
Сафари матбуотии журналистону блогнависон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона идома хоҳад кард. Ҳамчунин якчанд мулоқот ва нишастҳои матбуотӣ бо роҳбарони идораҳои тартибот низ пешбинӣ шудаанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири махсуси “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: