ОМӮЗГОР НА КАМ АЗ ПАДАРУ МОДАР АСТ!

Дар бораи омӯзгорон на танҳо рӯзҳои ид, балки бояд ҳар рӯзи Худо гуфту андешид, аз ҳолашон воқиф гашт, агар кумаке аз дастамон намеояд, бо чанд сухани ширин дилбардорие намуд.

Омӯзгорон як қишри воломақоми ҷомеа ҳастанд, ки арзандаи ин муносибати аз сидқи пок мебошанд. 
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ фармудааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Ҳамин байти олӣ мақоми аъзами омӯзгоронро дар сатҳи баланде ифода мекунад, ки пас аз ин фикр ҳама афкор дар бораи номаш муаллим ба назар беҷило мерасанд. Ҷомии бузург аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҷаҳолат бар дӯши ҷомеа чун шаби торест ва он маҳз аз хидмати омӯзгорон, ки хуршеди сипеҳр ҳастанд, рӯшанӣ меёбад. Пас, бидуни шакке метавон гуфт, ки омӯзгорон равшангарони ҳаёти мо ҳастанд ва пешрафти ҳар кишварро ба ҷидду ҷаҳд ва гирумони аз сидқи тамоми омӯзгоронаш пайванд медонанд. Агар он мамлакат ба тавфиқе мушарраф гардад, шодон ба забон меоранд, ки ҳатман омӯзгорони хубе доштааст. Дар ҷаҳон мамолики пешрафта хеле зиёданд ва он кишварҳо ба чунин сатҳи баланди тараққиёт маҳз ба туфайли хидматҳои омӯзгорон мушарраф гаштаанд. Ин аст, ки дар ин авохир ҳукумати ҷумҳурии мо низ асоси ҳама гуна пешрафтҳоро ба хидмати омӯзгорон тавъам дониста, соли равонро «Соли қадри инсон ва таълими босифат» эълом дошт. Президент дар ҳар маърӯзаи худ такроран маҳз аз омӯзгорон ва соҳаи таълим ёд меорад ва аз гарму самимӣ ҳарф заданҳояш пайдост, ки ӯ бо ҳар тори пуди худ эҳсос мекунад, ки пояҳои Ӯзбекистони Навро танҳо омӯзгорон метавонанд истеҳком бахшанд, обод созанд. Вай мутмаин аст, ки ҳар шогирди босаводи омӯзгорон дар зудтарин фурсат борвар гашта, дар пешрафти кишвар хидмат хоҳанд кард. Мақоми омӯзгор ва қадри ӯро бояд ҳар як фарди ҷомеа ҳис кунанд ва дар эҳтироми ин тоифаи бошарафи ҷомеа хирадмандона рафтор созанд. Рафтори хирадмандона чист? Ин рафторест, ки аз ҳар яки мо тақозо мекунад, то ба омӯзгорони ҳақиқӣ ва хидмати онҳо арҷ гузорем ва бо баробари нахустин дидор бо чеҳраи шукуфон пешвозаш гирем. Ҳоло замони «Тракторчиҳо омаданд, омӯзгоронро аз хона бадар кунед!» – танзи бонамаки айёми бечораҳолии омӯзгорон гузашт ва ҳукумат худ сидқан хушбин аст, ки таълим дар қаламраваш рушд кунад, босаводон зиёд гарданд, ба як ҳисоб Ватанро обод созанд! Аз ин рӯ, вақте омӯзгор мегӯем, як қишри бенавою аз назарҳо афтодаро набояд тасаввур кард. Балки тоифаеро дар зеҳнҳоямон бедор созем, ки ҳарчанд худ сарватманд ва дорои хонаву ашёи қиматбаҳо нестанд, аммо асоси ҳамаи дороиҳои моро онҳо гузоштаанд. Агар аҳли ҷомеа ба дарки ин фикр расанд, ҳар рӯзи омӯзгорон ба иди ҳақиқие мубаддал мегардад. Агар омӯзгорон чунин муҳаббати моро эҳсос кунанд, барои илм омӯхтани фарзандони мо остин барзада ва тамоми неруи худро барои ривоҷи дониши онҳо сарф хоҳанд намуд. Дуруст аст, ки дар байни омӯзгорон гуна-гуна шахсон ҳам ҳастанд, ки дар пешаи худ содиқ набуда ва ба обрӯи ин тоифаи шарафманд футур мерасонанд. Ин хайлро дар урфият туфайлихӯр меноманд ва андешаи вайрони онҳо мудом аз пайи шолиҳо курмаквор об хӯрдану зистан аст. Ин гурӯҳ натанҳо барои обрӯи омӯзгорон хавф эҷод мекунанд, балки барои кулли ҷомеа, давлату миллат... басо зиёнкор ва хавфноканд. Акнун фурсате расида, ки «хидмати» чунин омӯзгорони туфайлихӯрро, ки мехоҳанд ба равиши об бел задаву заҳмате накашида, ба соҳили мурод бирасанд, хоини миллату давлати хеш эълон карда шаванд! Ба қарибӣ бо як муаллими куҳансоле мусоҳиб гардидаву ин назари ӯро шунида, хеле хушам омад. Хайр, чаро не? Охир, аз хидмати хирсонаи баъзе омӯзгорон ҷамъият чӣ қадар зиён мебинад, ки тасаввураш дар дил ваҳме меангезад. Як насл бесавод мемонад ва он насли бесавод чандин даҳсола боиси тирарӯзии ҷомеа мегардад. Ин аст, ки ба фикри он омӯзгори собиқадор, соҳаи таълимро аз вуҷуди касифи чунин омӯзгорон бояд пок сохт, ба ҷойи онҳо мутахассисони варзидаро бо имтиҳон қабул кард. Қабул кардани муаллимонро ба кор на шуъбаҳои таълими томактабӣ ва мактабии шаҳру ноҳияҳо, балки роҳбарони дабистонҳо ва комиссияи махсуси иборат аз омӯзгорони беҳтарин ба анҷом расонанд. Роҳбарони мактабҳо дар пеши идораҳои болоӣ савганди масъулият кунанд ва ҳар сол ҳисоботе ироа созанд, ки бар ивази маблағи сарфнамудаи давлат чӣ натиҷае ба даст оварданд: – кадом шогирдонашон ғолиби озмунҳо шуданд, ё шумораи ба макотиби олӣ дохил шудаи онҳо чанд нафаранд... Агар дар ин росто талабот қатъӣ ва орӣ аз коррупсия бошад, ҳар роҳбари дабистон кӯшиш хоҳад намуд, ки дар атрофи худ мутахассисони беҳтаринро ҷамъ оварад. Аммо имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки баъзе муаллимони чаласавод базӯр кашола шуда мегарданд, то як илоҷ карда ба нафақа бароянд ва роҳбарони мактабҳо низ рӯихотир намуда, вуҷуди онҳоро таҳаммул мекунанд. Агар аз тамоми омӯзгорони як мактаб навиштани иншо ё нақли хаттиеро талаб кунед, кифоят аст, ки сатҳи дониши касбии онҳо муайян гардад, ки барои номаш муаллим хеле зарур аст. Бояд ғалберро аз об бардошт ва ба мису тилло тафовут гузошта, кори мактабу маорифро эҳёи нав бахшид. Мутафаккире гуфта, ки «Наҷоти мо дар таълим аст!» Пас, роҳ ба сӯйи наҷотбахш паймуд ва домани он маҳкамтар дошт. Он вақт сифати таълим ҳам тағйир кардаву обрӯи омӯзгорон ва дабистони онҳо низ боло хоҳад рафт. Мо шоҳиди он мегардем, ки дар баъзе маҳалҳо ин ё он намуди пешаҳо ривоҷ карда, баъзан аз як деҳа дар як соҳа даҳҳо мутахассисони ҳамсон ба вуҷуд омада, соҳаи ҳамон қаламравро соҳибӣ мекунанд. Ин аз он дарак медиҳад, ки дар мактаби ҳамон мавзеъ як ё ду омӯзгори донишманде кор мекунанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоии интернет   як зарбулмасали ҷопонӣ ба чашмам афтид, ки хеле хушам омад: «Аз ба омӯзгор ҳафт қадам дур гард, то мабодо ба сояаш қадам гузорӣ». Дар ҳамин як ҷумла чи қадар самимияте нуҳуфта аст, ки нисбат ба омӯзгорон иброз гаштааст. Аз ин баъд то мақоми омӯзгорон боз ҳам баланд ва ҷойгоҳи онҳо дар дилу дидаҳо қарор ёбад, ба ҳуқуқи онҳо бояд афзуд. Пеш аз ҳама, мақоми омӯзгорро расман бо падару модар баробар сохт. Он сон, ки падару модари худро бояд эҳтиром созему парасторӣ намоем, омӯзгоронро низ дар ҳамон поя иззат намоем. Баъдан, барои омӯзгорони беҳтарин, ки барои давлату халқи худ сидқан меҳнат мекунанд, нишонаи махсуси сарисинагие сохт, ки аз рӯи он мардум донанд, то ин омӯзгор аз пешқадамтаринҳост ва ба ҳама эҳтиром лоиқ мебошад. Ҳуқуқи чунин омӯзгоронро аз дигар омӯзгороне, ки илми нисбатан паст доранд ва ё мехоҳанд курмаквор рӯз бурда, андешаашон ҷуз замонасозӣ фаротар нест, бартарӣ бояд дод. Дар зеҳни мардум ҳам бояд ҷой дод, ки соҳибони чунин нишонаҳои сарисинагӣ ба эҳтироми махсус ва иззату икроми шоиста сазоворанд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: