ЧУН МУРАББӢ ШУД ПАДАР...

Тараққиёти босуръати иқтисодиёти ҷаҳонӣ, рушди босуръати илму техника, дар ҳаҷми калон дохил гардидани инноватсияҳои истеҳсолӣ, фарогирии васеи шабакаҳои интернетӣ ва дар ин замина муҳайё гардидани имконоти зиёд барои худомӯзии ҷавонон, ба тарбия ва ташаккули камолоти онҳо бетаъсир намонд.

Мустақилии ҷавонон афзуд ва баъзеҳо мувофиқи салоҳдид ва ҷаҳонбинии танг роҳу равиши зиндагии худро интихоб менамоянд. Касеро гӯш намеандозанд, ҳатто панду насиҳатҳои падару модарро ё худ қарибу наздиконро. Тарзи зиндагии сабуку осонро пеша намуда, ба урфу одатҳои бегонаи ба менталитети мо зид эътиқод оваранд. Ҳатто байни волидон, ки ба тарбияи атфоли худ масъул мебошанд, падару модароне пайдо шудаанд, худро «замонавӣ» пиндошта, ба тарбияи фарзанд беэътиборона муносибат доранд.
Имрӯз ибораи «маданияти оммавӣ» доман густурдааст. Бегонапарастӣ байни ҷавонон беш аз пеш ба мушоҳида мерасад. Ноҳурматӣ ба мероси мондагори ниёкон, қадриятҳои миллӣ, поймол гардидани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ҳукмфармо гардидааст. Дар замири ин ҳама «замонавӣ» будан нуҳуфта аст. Ҷавононе, ки сафедро аз сиёҳ, хубро аз бад фарқ намекунанд, ба ин ҷараён рӯ оварда, ба он гаравидаанд.  Баъзан волидон ба ин ҷараён бепарвоӣ ва беэътиборӣ менамоянд.Онҳо масъулияти худро дар тарбияи фарзанд ба фаромӯшӣ додаанд. Ташвишовар аст ин ҳолат.
Тарбия чист? Тарбия ва таълим чӣ ҳамбастагӣ ва аз ҳам чӣ тафовут доранд? 
Истилоҳи «тарбия» дар ФЗТ ба маънои парвариш, адаб омӯхтан, таълим ва омӯхтан шарҳ ёфтааст. Тарбиятгар бошад, ба маънои он ки парвариш мекунад, тарбияткунанда, мураббӣ омадааст.
 «Таълим» ба касе чизеро омӯхтан, ёд додан, яъне ба касе дониш додан, дониш омӯхтан будааст. Пас тарбия, пеш аз ҳама, таъсиррасонӣ мебошад. Баъзан мо тафовути истилоҳоти «парвариш» ва »омӯхтан, ёд додан»-ро дарк намекунем. Ҳамин ҷо ба иштибоҳ роҳ медиҳем. Ба донишомӯзии фарзанд эътибор диҳем ҳам, ба парвариши ӯ беэътиборӣ менамоем. Тарбияи фарзанд шабеҳ ба ниҳолпарварист. Агар ниҳолро хуб парвариш намоем, обу донашро дар вақташ диҳем, он зуд ба воя расида, ҳосили фаровон медиҳад. Фарзанди хуб ҳам ба «боғи падар» табдил ёфта, боиси ифтихори ӯ мегардад. 
Тарбияи фарзанд масъалаи масъулиятнок ва муҳими рӯз аст. Тарбияи фарзанд дар батни модар оғоз меёбад. Ошкор аст, инсон дар ду ҳолат инсон аст: ҳаёти моддӣ ва маънавӣ. Чун аз онҳо яке осеб дид, инсони комил ба воя намерасад. Ва ин ҳар ду марбут ба тарбия ва таълим мебошад. Ин ҳодисаи иҷтимоӣ марбут аст ба ҳолати моддӣ ва маънавии модар. 
Айёми кӯдакӣ низ ба тарбияи бадан (тозагӣ ва хӯрду хӯрок) пеш аз ҳама шири модар вобаста аст. Ба ташаккули маънавияти кӯдак суруди «Алла» ва оҳанги қироати он таъсири амиқ дорад. Ривоят мекунанд, ки истилоҳи «Алла»аз калимаи «Аллоҳ» ба миён омада, модар аз Офаридгор илтиҷо дорад, то кӯдакашро дар паноҳаш нигоҳ дошта, солим ба камол расонад. «Алла» нахуст сарчашмаест, ки маҳз туфайли модар ба кӯдак ғизои маънавӣ бахшад, эҳсосоти ватандориву ватанпарварӣ, қаҳрамониву далерӣ, меҳру оқибат, муҳаббати инсондӯстиву инсонпарвариро ташаккул диҳад. Қалби кӯдакро аз ҳар гуна ғубору олудагиҳои бегона покиза нигоҳ дорад.
Афсонаву ривоятҳо дар ташаккули маънавияти кӯдак нақши босазо доранд. Маҳз афсонаю ривоятҳо дар зеҳну қалби кӯдак «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек»-ро, ки анъанаи аҷдодии мост, сайқал медиҳанд. Дар замири ҳар як афсонаву ривоят одобу ахлоқ, некӣ, ору номус, ғурур, андеша барин фазилатҳои инсонӣ нуҳуфта аст. Сад афсус, имрӯз сурудани «Алла»-ю нақли афсонаю ривоятҳо қариб, ки аз байн рафтааст. Модарони ҷавони аллагӯ, момою бобоёни афсонагӯ кам андар кам дучор меоянд. Ҷойи ин ҳама манбаъҳои гаронмояи маънавиро сурудҳои аврупоии гӯшакҳо гирифтааст. Бегонапарастӣ маҳз аз ҳамин ҷо ибтидо гирад. Кӯдак аз меҳри модару бобою момои афсонагӯ маҳрум аст. Ба қалби поку беолоиши ӯ забони бегонаву оҳанги бегона роҳ меёбад. Онҳо фарзанди «замонавӣ» тарбия мекардаанд?! Бепарвоиву беэътиборӣ қадамест ба сӯйи «маданияти оммавӣ». Бешубҳа, аз тараққиёт ва дигаргуниҳои кулли хоҷагии халқ барномаҳои оинаи нилгун, хосатан, истеҳсол ва ба навор гирифтани мултфилмҳо дар канор намондааст. Тариқи барномаҳои телевизон ҳар гуна мултфилмҳо ба намоиш гузошта мешавад. Онҳо ба менталитети мо хосу мос аст ё не, модарон кӯдаки худро назди телевизор гузошта, ба кори худ машғул мешаванд. Фарзанди онҳо чиро тамошо мекунад, онҳоро фарқ надорад. Кӯдак хомӯш бошад бас аст онҳоро. Имрӯз мултфилмҳое ба тамошо гузошта мешаванд, ки мо – калонсолон назди аҳли оила аз тамошои он шарм медорем. Ғояи баъзе мултфилмҳоро таҷовуз, ваҳшоният ё худ «муҳаббат» ном ҳиссиёти нафратовар фаро гирифтааст. «Ҳуҷуми мӯр-чаҳо», «Ширкати махлуқҳо» ном мултфилмҳо аз зумраи филмҳои номбурдаанд.
Ҳа, имрӯз китобхонӣ кам шудааст, «Алла»- гӯиву афсонагӯйӣ ба фаромӯшӣ расида. Солҳои сол ифодаи «таълиму тарбия» вирди забонҳо буд. Вале мо ба таълим эътибори бештар дода, тарбияро ба фаромӯшӣ дода будем. Ҳикмати мондагори «Олим шудан осон, одам шудан мушкил аст»-ро ба фаромӯшӣ додем. Аз таҷрибаи бойи ниёкон мақсаднок корбурд накардем. Аз пайи фарҳанги бегонагон давидем. Мадди назар намудем, ки Абдурауф Фитрат фармуда буд: «Таҷрибаи аврупоиҳоро омӯхтан зарур аст. Таҳсил дар Аврупо набояд ба мақсади таърифу тавсифи адолати аврупоиҳо, балки барои ҳимоя ва наҷоти худ аз онҳо сурат гирад». Зикри як нуктаро муҳим медонам. Имрӯз аксар ҷавонон асосан як ё ду фанни асосии имтиҳони ба донишгоҳ дохилшавиро мехонанду меомӯзанд. Назди репетитор ҳам ҳамин фанҳоро ёд мегиранд. Китоби бадеӣ намехонанд, асосҳои маънавиятро ба пуррагӣ намеомӯзанд. Вақти холии худро бо шунидани сурудҳои бегонаи интернет ва тамошои ҳар гуна шабакаҳои он мегузаронанд. Ба ин ҷараён баъзан падару модарон бепарвоӣ мекунанд, ё худ беэътиборанд. Рафтори фарзандро назорат намекунанд. 
Ба мушоҳида мерасад, ки ҷавонон ҷараёнҳои геосиёсӣ ва мафкуравии ҷаҳонро хуб дарк намекунанд, дар ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ назари худро надоранд. Мавқеи муайяни худро дар ҷамъият пайдо карда наметавонанд. Ин омилҳо ба мураккабшавии муносибатҳои оила ва ҷамъият, бепарвоӣ ва лоқайдӣ, ба «маданияти оммавӣ» гаравидани ҷавонон замина пайдо кард. Ислоҳоти доманадори ояндасози соҳаи таълим ба тарбияи ҷавонон бетаъсир намонд. Дар ин самт низ мақсад ва вазифаҳои  стратегии тарбия  муайян гардид. Дар мактабҳо фанни «Тарбия» ҷорӣ гардид.
Дар Ӯзбекистони Нав муносибат ба тарбия мақоми сазовор пайдо кард. Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд афзуд. Албатта, ислоҳоти соҳаи таълиму тарбия дар ташаккули ҷавонони комил самара медиҳанд.
Шоир фармудааст:
Дар муҳаббат тифли ашкам 
гавҳари дил мешавад,
Чун мураббӣ шуд падар, 
фарзанд қобил мешавад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: