Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари давлатӣ ба Тоҷикистон 19 апрел бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ин кишвар Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат сатҳи олии кунунии муносибатҳои гуногунҷанбаи шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Тоҷикистон бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.
Масъалаҳои фаъолсозии минбаъдаи табодули байнипарлумонӣ, робитаҳои муассир дар сатҳи кумитаҳои дахлдор ва шӯроҳои минтақавӣ ҷиҳати дастгирӣ ва пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ ва барномаҳои фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
Нақши муҳими вакилони ду кишвар дар гузаронидани инвентаризатсияи ҳуҷҷатҳои қабулшуда ва назорати парлумонӣ аз болои иҷрои саривақтии созишномаҳо дар сатҳи олӣ зикр гардид.