Дар ҷараёни ислоҳоти пайдарпайи сектори молиявӣ як қатор тадбирҳо амалӣ шуданд, ки дар натиҷаи онҳо барои пешбурди тиҷорати пешрафтаи бонкӣ ва пурзӯр гардондани фазои рақобат дар ин сектор шароити зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд.
Дар ҷараёни ислоҳоти пайдарпайи сектори молиявӣ як қатор тадбирҳо амалӣ шуданд, ки дар натиҷаи онҳо барои пешбурди тиҷорати пешрафтаи бонкӣ ва пурзӯр гардондани фазои рақобат дар ин сектор шароити зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд.
Аз ҷумла, қонунҳои нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон”, “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи танзими асъор”, «Дар бораи пардохтҳо ва низомҳои пардохт», ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқанд ва барои сармоягузории хориҷӣ дар бахши молиявӣ муҳити ҷолиби ҳуқуқӣ фароҳам меоранд, қабул шуданд.
Ҳамзамон, таҳлили вазъи кунунӣ дар бахши бонкӣ мавҷудияти як қатор мушкилоти низомиро нишон медиҳад, ки ба рушди сектори бонкӣ мувофиқи тағйиротҳои иқтисодӣ ва талаботи ҷомеа, ба монанди саҳми баланди иштироки давлат дар сектори бонк, сифати нокифояи менеҷмент ва идоракунии хавфҳо дар бонкҳо бо иштироки давлат, сатҳи пасти миёнаравии молиявӣ дар иқтисодиёт халал мерасонанд.
Оид ба баланд бардоштани дастрасии хидматрасониҳои молиявӣ, васеъ гардондани иштироки бонкҳо дар минтақаҳо ва фарогирии спектри ягонаи хидматрасониҳо дар ҳамаи нуқтаҳои аҳолинишин чораҳои иловагӣ андешидан зарур аст.
Бошитоб андешидани чораҳо оиди дар низоми бонк васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ дар асоси қарорҳои замонавии хидматрасонӣ, технологияи молиявӣ, дар сатҳи зарурӣ таъмин кардани бехатарии иттилоотӣ, инчунин кам кардани таъсири омили инсонӣ дар пешниҳоди хидматрасониҳои молиявӣ тақозо мегардад.
Бо назардошти вазифаҳои дар Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ» муайяншуда, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2 марти соли 2020 №ФП - 5953 тасдиқ шудааст, инчунин бо мақсади тағйири кулли бахши бонкӣ, ки ба ҳавасмандгардонии рушди сектори хусусӣ, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории бонкҳо, дастрасӣ ва сифати хидматрасониҳои бонкӣ нигаронда шудаанд:
1. Самтҳои асосии ислоҳоти сектори бонкӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон инҳо муайян карда шаванд:
баланд бардоштани самаранокии низоми бонкӣ тавассути фароҳам овардани шароити баробари рақобат дар бозори молиявӣ, қарздиҳии қатъӣ дар асоси бозор, кам кардани вобастагии бонкҳо аз захираҳои давлатӣ, навсозии хидматрасониҳои бонкӣ ва ташкил кардани инфрасохтори муассир ва автоматикунонии фаъолияти бонкҳо, инчунин зина ба зина бекор кардани вазифаҳои ғайримуқаррарии бонкҳо;
таъмини устувории молиявии низоми бонкӣ бо роҳи беҳтар кардани сифати сандуқи қарзӣ ва идоракунии хавфҳо, риоя намудан ба афзоиши мӯътадили ҳаҷми қарздиҳӣ, татбиқи сиёсати мутавозини макроиқтисодӣ, такмил додани идоракунии корпоративӣ ва ҷалби менеҷерҳо бо таҷрибаи амалии байналмилалӣ, ҷорӣ намудани роҳҳои технологии баҳодиҳии хавфҳои молиявӣ;
кам кардани ҳиссаи давлат дар сектори бонкӣ тавассути табдил додани ҳамаҷонибаи бонкҳои тиҷоратӣ бо ҳиссаи давлатӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои замонавии кори бонкӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва маҳсулоти барномавӣ, фурӯши саҳмияҳои пакетҳои давлатии бонкҳо дар асоси рақобат ба сармоягузороне, ки таҷриба ва дониши зарурӣ доранд, инчунин ислоҳоти мувозии бонкҳои тиҷоратӣ ва корхонаҳои дорои ҳиссаи давлат;
баланд бардоштани дастрасӣ ва сифати хидматрасонии молиявӣ тавассути муттаҳид гардондани иштироки давлат ва андешидани чораҳои мақсаднок ба сегментҳои ба таври бояду шояд мавриди хидматрасонӣ қарор гирифтанашуда ва осебпазир, ба таври васеъ ҷорӣ намудани хадамоти фосилавӣ барои аҳолӣ ва тиҷорати хурд, рушди шабакаи нуқтаҳои хидматрасонии камхарҷ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккул ва инкишофи ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҳамчун қисми таркибии системаи ягонаи молиявии ҷумҳурӣ.
2. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
Стратегияи ислоҳсозии низоми бонкии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2025 мувофиқи замимаи №1;
«Харитаи роҳ» оид ба ислоҳсозии низоми бонкии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи № 2.
3. Нишондиҳандаҳои мақсаднок оид ба татбиқи Стратегияи ислоҳсозии низоми бонкии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2025 мувофиқи замимаи № 3, ки аз ҷумла инҳоро пешбинӣ менамоянд, муқаррар карда шаванд:
баланд бардоштани ҳиссаи активҳои бонкҳо бе ҳиссаи давлат дар ҳаҷми умумии активҳои низоми бонкӣ аз 15 фоизи ҳозира то 60 фоиз то соли 2025;
баланд бардоштани ҳиссаи ӯҳдадориҳои бонк дар назди сектори хусусӣ дар ҳаҷми умумии ӯҳдадориҳо аз 28 фоизи ҷорӣ то 70 фоиз то охири соли 2025;
дар соли 2025 ҷалб намудани ҳадди ақалл се сармоягузори стратегии хориҷии дорои таҷрибаи зарурӣ, дониш ва шуҳрат ба сармояҳои ҳадди ақалл се бонк бо ҳиссаи давлат;
– баланд бардоштани ҳиссаи ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ дар ҳаҷми умумии қарздиҳӣ аз 0,35 фоизи кунунӣ то 4 фоиз дар соли 2025.
4. Бо пешниҳоди Вазорати молия ва Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи:
бо кӯмаки институтҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ намудани хусусигардонии зина ба зинаи ҳиссаи давлатӣ дар БСТ «Ипотека-бонк», БСТ «Узпромстройбанк», БСТ «Асака», БСТ «Алоқабанк», БСТ «Қишлоқ қурилиш банк» ва БСТ «Туронбанк» бо назардошти дар зинаи аввал тағйироти институтсионалии онҳо (трансформатсияи фаъолият) ва дар давраи дуюм — фурӯши саҳмияҳои пакети давлатӣ;
нигоҳ доштани ҳиссаи давлат дар сармояи оинномавии ҶС «Бонки миллии фаъолияти корҳои иқтисоди хориҷӣ», БСТ «Агробанк» ва БСТ «Микрокредитбанк» бо мақсади қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба хидматрасониҳои молиявӣ, татбиқи васеи механизми дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ («фабрикаи лоиҳаҳо»), таъмини дастрасии минтақавии хидматрасониҳои бонкӣ дар ҷараёни ислоҳоти низоми бонкӣ;
муттаҳид кардани бонкҳои ҷудогона дар асоси талаботи танзим, инчунин аз нуқтаи назари иқтисодӣ мувофиқи мақсад будани азнавташкилдиҳии онҳо тибқи қонунгузорӣ дар асоси ташхиси фаъолияти онҳо ва баҳогузории вазъи молиявӣ розигӣ дода шавад.
5. Дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон идораи лоиҳавӣ оид ба трансформатсия ва хусусигардонии бонкҳои тиҷоратӣ бо ҳиссаи давлатӣ дар доираи шумораи штати тасдиқнамудаи вазорат таъсис дода шуда, ба онҳо ҳуқуқҳои зерин дода шаванд:
ҷалби мушовирони байналмилалӣ ба ҳайси мушовир дар ҷараёни трансформатсия ва хусусигардонии бонкҳои тиҷоратӣ;
баргузор намудани гуфтушунид ва имзои созишномаҳо бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорони имконпазири хориҷӣ оид ба масъалаҳои тағйирот ва хусусигардонии бонкҳои тиҷоратӣ.
Муқаррар карда шавад, ки ба Идораи лоиҳавӣ муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳбарӣ мекунад.
6. Бонки марказӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба на дертар аз соли 2024 баргузор намудани баҳодиҳии ҳолати сектори молиявӣ бинобар барномаи Бунёди байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонии FSAP чораҳо андешанд.
7. Дахолати роҳбарони вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ба фаъолияти бонкҳо, аз ҷумла идоракунии хавфҳои соҳибкорӣ, ки ба ташаккули сандуқи қарзӣ ва дороиҳои бонкӣ алоқаманд аст, манъ карда шавад.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон назорати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкро дар самти пешгирии дахолати маъмурӣ ба фаъолияти бонкҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ пурзӯр гардонад.
8. Вазорати рушди иқтисодиёт ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тӯли ду моҳ оиди таҳкими институтсионалии Фонди давлатии дастгирии рушди фаъолияти соҳибкорӣ бо шомил намудан ба таркиби Шӯрои идоракунии аъзои мустақили фонд чораҳо андешанд.
9. Бонки марказӣ ва Вазорати молия якҷоя бо дигар вазорату идораҳои манфиатдор дар муддати се моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намоянд.
10. Мавқеи 1-3 замимаи №1 ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 апрели соли 2019 таҳти №ҚП-4300 «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани механизмҳои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ» беэътибор дониста шавад.
11. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов ва раиси Бонки марказӣ М.Б Нурмуратов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
12 майи соли 2020.