СУТ ваксинаи дуюми зидди вараҷаро барои истифода тавсия медиҳад

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ дар миёни кӯдакон ваксинаи дуввуми зидди вараҷа R21/Matrix-M-ро тавсия додааст.

Аввалин ваксинаи зидди вараҷа RTS, S/AS01 аз ҷониби созмон дар соли 2021 тасдиқ шудааст, менависад "Известия".

«Ҳарду ваксина дар пешгирии бемории вараҷа дар кӯдакон бехатар ва самаранок мебошанд. Дар сурати васеъ истифода бурдани онҳо, интизор меравад, ки онҳо ба саломатии аҳолӣ таъсири ҷиддӣ расонанд” - гуфта мешавад дар хабар.

Ташкилот ба зиёд будани талабот ба ваксинаҳои зидди вараҷа таваҷҷуҳ карда, қайд намуд, ки миқдори мавҷудаи ваксинаи тасдиқшуда хеле маҳдуд аст. Бо илова кардани ваксинаи R21/Matrix-M ба рӯйхати тавсияшуда, интизор меравад, ки митқдор, махсусан дар минтақаҳое, ки вараҷа ба саломатии ҷомеа таҳдид мекунад, пурра карда шавад.

Коршиносон мегӯянд, дар афроди гирифтори паразите, ки боиси вараҷа дар хунашон мешаванд, на ҳама вақт нишонаҳо зоҳир мешаванд. Аломатҳои вараҷа табларза, ларзиш, хунукхурӣ, дарди сар, дарди мушакҳо, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунравӣ ва заифиро дар бар мегиранд. Агар сари вақт табобат карда нашавад, сироят метавонад боиси зардпарвин, камхунӣ, нокомии гурда, рагкашӣ, дарҳамбарҳамии шуур, кома ва марг гардад.

Вараҷаро табобат кардан мумкин аст, агар он сари вақт ташхис карда шавад. Илова бар ин, ҳоло ваксинаи зидди вараҷа мавҷуд аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: