САЗОВОРИ БОВАРӢ БОШЕМ

Табиб барои ҳифзи саломатии инсон, ки бебаҳотарин сарвати дунё маҳсуб мешавад, талош меварзад ва дар дилаш шамъи умед афрӯхта, ӯро ба ҳаёт бармегардонад.

На ҳар як шифокор метавонад пештози соҳаи худ гардад. Ба ӯ қабл аз ҳама дақиқкорӣ, сабру тоқат, меҳрубонӣ ва дар айни ҳол собитқадамӣ, қобилият, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ лозим аст. 
Яке аз чунин кормандони соҳаи тиб, ки ба хотири саломатии мардум фидокорона меҳнат мекунад ва сазовори эътибору эҳтиром гардидааст, акушер-гинекологи тоифаи олӣ Дилором Ҳасанова мебошад. 
Ӯ соли 1951 дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон таваллуд ёфтааст. Соли 1979 Донишкадаи тиббии Тоҷикистонро хатм намуда, тақозои тақдир ба ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон омад. Аз соли 1981 инҷониб фаъолияти худро дар шуъбаи гинекология ва паталогияи занони ҳомилаи иттиҳодияи тиббии ноҳияи Косонсой идома медиҳад.
Ӯ беш аз 40 сол аст, ки дар ин кору вазифа аст. Дар тӯли ин солҳо ӯ садҳо беморонро шифо бахшида, дояи  садҳо кӯдакон гардидааст. Таҷриба, дониш ва маҳорати солҳои зиёд андӯхтаашро ҳоло ба шогирдонаш меомӯзад, яъне мактаби устоду шогирдро ба амал татбиқ менамояд. 
– Ҳамчун акушер гинеколог ҳифзи саломатии занону духтаронро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморам. Шикояти онҳоро шунида, сабабҳои пайдоиши бемориро меомӯзам ва мувофиқи он ба табобат мепардозам, – гуфт ҳангоми суҳбат бо мо Ҳасанова.
– Дилором Мирзораҳимовна, имрӯзҳо занон бештар аз чӣ шикоят мекунанд?
– Онҳо асосан аз камхунӣ, фишори баланди хун шикоят мекунанд. Сабаби ин истеъмоли нодурусти ғизо ва нарасидани витаминҳост, зеро имрӯз тағйирёбии обу ҳаво, олуда гардидани атмосфера ва норасоии оксиген дар тана омили ин бемориҳо мегардад. Аз ин рӯ, тавсия медиҳам, ки маҳсулоти сервитаминро бештар истеъмол кунанд.
– Оё шарт аст, ки занону духтарон бе ягон сабаб ба духтур муроҷиат кунанд?
– Сарфи назар аз он, ки занону духтарон беморанд ё на, муоинаи гинекологҳо бояд дар як сол як маротиба гузаронида шавад. Ба сифати гинеколог ман бояд беморонро аз 18-солагӣ қабул кунам. То ин синну сол тавсия медиҳам, ки духтарон аз назорати гинекологи кӯдакон гузаранд. 
Бисёр вақт беморон метарсанд ё шарм карда, бо мушкили худ ба духтур муроҷиат намекунанд. Вазифаи ман пешгирии ҳолатҳои хоси занона аст, зеро аз модари солим, фарзанди солим ба дунё меояд.
– Дар тарзи муқаррарии ҳаёти занон ба беморӣ гирифтор шудани онҳо чӣ сабаб мегардад ва барои пешгирии бемориҳо чӣ маслиҳат медиҳед?
– Имрӯз дар бораи тарзи ҳаёти солим, масъулияти ҳар як шахс дар назди худ бисёр ҳарф мезанем. Фикр мекунам, чорабиниҳои профилактикӣ ва табобати саривақтӣ бисёр зарур аст. 
Маслиҳати ман ин, ки занону духтарон ба саломатии худ эътибор диҳанд. Агар пеши бемориро саривақт нагиранд, ба оқибатҳои номатлуб оварданаш мумкин.
– Занони ҳомила барои беҳтар кардани системаи иммуни худ бояд ба чӣ эътибор диҳанд?
– Системаи иммун асосан аз маводи ғизои табиӣ, меваю сабзавоти тар ва хушк ҳосил мегардад. Мо кӯшиш менамоем, ки бо воситаҳои ёрирасон, хун ва дору кумаки тиббӣ расонем.
– Модар барои ба дунё овардани кӯдаки солим чӣ бояд кунад?
– Танҳо дар сурати солим будани модар фарзанди солим ба дунё меояд. Пас, пеш аз ҳама модар бояд тарзи ҳаёти солимро риоя кунад.
Бояд бигӯям, ки имрӯз тибби муосир ба зинаи баланди инкишоф расидааст, ки сабаби беҳбудии зиндагии мост. Шифокорон бояд, дар баробари маҳорати баланди касбӣ доштан, бо ҳисси масъулият адои вазифа намоянд. Охир, ба мо ду ҳаёт – ҳаёти модар ва кӯдакро бовар карда месупоранд.

Суҳбаторо Махфират МАМАҶОНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: