БАРОИ БЕҲТАР ШУДАНИ ҲАЁТИ ХАЛҚАМОН ТАМОМИ ИМКОНИЯТҲО ИСТИФОДА МЕШАВАНД

Муборакбодии Солинавии Президент Шавкат Мирзиёевро ба халқи Ӯзбекистон якҷо бо фарзандон, набераҳо, дар оғӯши оила бо эътибори бузург ва ҳаяҷон шунидем.

Муборакбодии Солинавии Президент 
Шавкат Мирзиёевро ба халқи Ӯзбекистон якҷо бо фарзандон, набераҳо, дар оғӯши оила бо эътибори бузург ва ҳаяҷон шунидем. Агар гӯям, ки ин табрик ба ҳамдиёронамон кайфияти дучандон, рӯҳи нав, нирӯ ва ба оянда эътимоду умед бахшид, муболиға намешавад.
Ҳар як шаҳрванде, ки онро шунидааст, аз ин муборакбодӣ маъноҳои амиқ гирифт, дилаш аз ғуруру ифтихор саршор гардид, сараш чун кӯҳ боло шуд. Бахусус аз ҷониби Президент «Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол» номгузорӣ шудани соли 2022-юм қалби миллионҳо нафар шаҳрвандонамонро ба ваҷд овард, агар таъбир ҷоиз бошад, ба онҳо илҳом бахшид.
Бешубҳа, чунин номгузорӣ ба соли равон аз ҳизби мо ва тамоми гурӯҳҳои дараҷаи гуногуни депутатии он, ки баҳри бо кори муносиб таъмин кардани шаҳрвандон, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани ҳуқуқҳои асосии инсон, ҳифзи озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо барин ғояҳои нек саъю ҳаракат доранд, фаъолнокии махсус тақозо менамояд.
Зеро гиромидошти қадри инсон ин таъмин сохтани ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як шахс, манфиатҳои қонунии онҳоест, ки дар кишварамон зисту зиндагӣ мекунанд. Дар ин бобат маҳалла, ки асоси ҷамъияти мо ба шумор меравад, нақши ҳалкунанда дорад. Маҳалла осуда бошад, кишвар осуда мегардад. Маҳалла обод бошад, мамлакат обод мешавад. Чунин номгузорӣ ба соли нави мо дар ана ҳамин як ҷумла ифодаи худро пайдо мекунад.
Дар муборакбодӣ инкишоф додани шабакаҳои иқтисодиёт ва соҳибкорӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар маркази эътибор қарор дошт, зиёд кардани даромад, музди меҳнати аҳолӣ, нафақа, стипендияҳо, афзун намудани миқдори нафақаҳо минбаъд низ идома меёбанд, ин барои бо кор таъмин кардани аҳолӣ ва аз байн бардоштани нодорӣ роҳи дуруст ва оқилона мебошад. Зеро агар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд, ҳазорҳо нафар ҷавонон,  бонувону духтарон соҳиби манбаи даромад мегарданд.
Президенти мо  беҳуда гаштаву баргашта такрор намекунад, ки фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бояд дар маркази эътибори роҳбарони   тамоми дараҷаҳо қарор дошта бошад. Зеро агар одамон ҷойи корӣ дошта бошанд, даромад ба сари ҳар аҳолӣ афзояд, инсон бо мақсадҳои бузург зиндагӣ мекунад, дар оилааш оромиву осудагӣ, дар кори ӯ барака мешавад. Хеле хурсандиовар аст, ки дар мамлакати мо барои таъмин сохтани аҳолӣ бо шуғл низоми нав ба миён омада, корҳо дар ин бобат муттасил идома меёбанд.
Аз ин нуқтаи назар Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон ба сифати нирӯи асосии сиёсии мамлакат барои аҳолиро бо кори мувофиқ таъмин кардан, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ба сифати пойдории муҳимтарини пешрафти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат коҳиш додани дараҷаи бекорӣ эътибори махсус медиҳад. Ҳизб баробари ба амал татбиқ намудани барномаи солонаи бо шуғл таъмин сохтани аҳолӣ ва дастгирӣ намудани амалиёти фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, аҳолии бекор, бахусус ҷавононро барои ба кор ҷойгир кардан кумак мерасонад. Зеро соҳибкорӣ гарави бо шуғл таъмин сохтани аҳолӣ мебошад!
Роҳбари давлат дар муборакбодии ҷашнии худ ба халқамон изҳор дошт, ки беш аз пеш обод кардани мамлакат, бо хонаву манзилҳои замонавӣ таъмин кардан, аз ҷумла дар тамоми ҳудудҳо барпо намудани «Мавзеъҳои Ӯзбекистони Нав» аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ маҳсуб меёбанд, барои минбаъд ҳам фаровон ва пурмазмун гардидани ҳаёти халқамон аз тамоми нирӯ ва имкониятҳо истифода бурда мешавад. Ин дар навбати худ қонеъ сохтани талаботи рӯзафзуни халқамон ба хонаву ҷо мебошад, ин қадами муҳимест, ки барои фардо – ҳаёти фаровони оянда гузошта шудааст.
Хулоса, метавон гуфт, ки мо барои нисбат ба соли 2021-ум беҳтару самарабахштар гардидани Соли нави 2022-юм тамоми асосҳоро дорем. Зеро дар соли равон бо сарварии Президент баҳри беҳтар шудани дараҷа ва сифати ҳаёт, афзудани даромади ҳамаи тоифаҳои аҳолӣ аҳамияти махсус дода мешавад.
Ҳаёти халқи мо беш аз пеш фаровон хоҳад шуд.

Қаҳрамон ЭРГАШЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: