Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 октябр дар чаҳорчӯби барномаи сафари корӣ дар шаҳри Пекин дар кароргоҳи барояш ҷудошуда раиси холдинги индустралӣ-саноатии «Amer International» Ван Вэнинро қабул кард.
Ҳамчун яке аз конгломератҳои пешбари Чин, «Amer International» лоиҳаҳоро дар соҳаҳои технологияҳои баланд, электроника ва саноати нимноқилҳо, соҳаҳои истихроҷ ва азнавкоркард амалӣ менамояд. Ширкат ба рейтинги ҷаҳонии "Fortune 500" дохил карда шудааст. Портфели лоиҳаҳои фаъол дар Чин ва хориҷи кишвар бо арзиши умумии беш аз 60 миллиард доллар дорад.
Ван Вэнин қайд кард, ки барномаи ислоҳоти ҷорӣ дар Ӯзбекистон шароити мусоид фароҳам оварда, барои фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ, бахусус чинӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки ширкат кишвари моро самти асосии тиҷорат дар минтақаи Осиёи Марказӣ медонад.
Лоиҳаҳои пешомаднок оид ба коркарди амиқ ва истеҳсоли маҳсулоти серталаби инноватсионии мис бо арзиши баланди иловагӣ, аз ҷумла молҳои электротехникӣ, батареяҳои аккумуляторҳо барои мошинҳои барқӣ, микроэлектроника ва нимноқилҳо баррасӣ шуданд.
Дар бораи иштироки раиси ширкати «Amer International» дар кори Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ ва ифтитоҳи намояндагии минтақавӣ дар кишвари мо, инчунин қабули "харитаи роҳ" ҷиҳати суръат бахшидан ба лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ созиш ҳосил шуд.