Бо ташаббуси сарвари давлат ба фаъолият оғоз намудани бинои нави Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино воқеаи таърихӣ гардида буд.
Дирӯз дар ин маскан боз як воқеаи фаромӯшношаванда рух дод.
Маросими тантанавии кушодашавии клиникаи замонавии донишкада, ки ҷавобгӯи талабҳои имрӯза аст, ба амал омад.
Ҳокими вилоят Ботир Зарифов бо оғозёбии фаъолияти клиникаи замонавӣ табрику муборакбод намуд. Ин муолиҷагоҳи азим бо воситаҳои зарурии муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардида, имконияти волои бо усули технологияҳои навтарин муолиҷакуниро соҳиб аст. Дар ин ҷо баҳри муолиҷагирии беморон, фаъолияти табъи дили кормандони тиббӣ, такмили дониш ва маҳорати донишҷӯён ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст. Клиника дар як вақт ба 200 нафар хидмати статсионарӣ ва ба 300 нафар ёрии амбулаторӣ расонда метавонад.
Арзиши лоиҳа 65 миллиард сӯм буда, барои табъи дил муҷаҳҳаз намудани муолиҷагоҳ 55 миллиард сӯм маблағ харҷ гардидааст. Акнун дар ин ҷо бемориҳои нейрохирургия, травматология, ҷарроҳии дил, номӯътадилии гардиши хун дар мағзи сар, эндоурология, ҷарроҳии таҷдидкунӣ, кардиологияи интервенсионӣ ва ғайра муолиҷа карда шуда, имконият медиҳад, ки мардум дигар овора шуда ба хориҷа нараванд. Пешбинӣ шудааст, ки ояндаи наздик дар клиника ҷарроҳиҳои мураккабтарин низ ба роҳ монда мешавад.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.