Дар шаш вилояти Ӯзбекистон хатари фаромадани тарма эълон шудааст

Дар шаш вилояти Ӯзбекистон хатари фаромадани тарма эълон шудааст

21 марти соли 2024 дар қитъаи ағбаи “Қамчиқ”-и шоҳроҳи А-373 “Тошканд-Ӯш” бориши барф дар назар аст, баъзан бориш шиддат гирифта, туман падид омада, биниши роҳ то 50 м бад мешавад, дар натиҷаи дар як сония то 18-23 метр вазидани шамол дар роҳҳо этимоли ба миён омадани яхбандӣ  имконпазир аст.

Тибқи маълумоти хидмати Узгидромет 21-27 марти соли 2024 дар натиҷаи боришот ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла:

дар вилояти Кашкадарё: дар ноҳияҳои Деҳқонобод, Китоб, Қамашӣ, Шаҳрисабз;

дар вилояти Сурхондарё: дар ноҳияҳои Бойсун, Қумқурғон, Сарёосиё, Узун;

дар вилояти Самарқанд: дар ноҳияҳои Нуробод, Қӯшробод, Самарқанд, Ургут;

дар вилояти Ҷиззах: дар ноҳияҳои Бахмал, ЗОмин;

дар вилояти Тошканд: дар ноҳияҳои Бӯстонлиқ, Паркент, Оҳангарон (низоми кӯҳҳои Чоткал);

дар вилояти Намангон: дар ноҳияи Поп хавфи фаромадани тарма эълон карда шудааст.

Аз шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ ва истироҳат мекунанд, инчунин аз ронандагоне, ки ба ин минтақаҳо сафар мекунанд, хоҳиш карда шуд, ки чораҳои эҳтиётӣ андешанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: