Ғозғон ҷавонтарин шаҳри Ӯзбекистон аст.
Он то соли 2019 тобеи ноҳияи Нурато буд. Бо қарори Девони Вазирони ҷумҳурӣ ҳокимияти шаҳри Ғозғон дар тасарруфи вилояти Навоӣ ташкил шуд.
Ғозғон таърихи қадима ва нуфузи ҷаҳонӣ дорад. Конҳои мармараш ба он шуҳрат овардаанд. Мармари Ғозғон ба 35 ранг ҷило медиҳад. Харидоргир аст. Ин санг бисёр бинову иншооти давлатҳои ҷаҳонро оро додааст. Обидаҳои таърихиро дар Эрону Туркия, Афғонистону Қазоқистон, Тоҷикистону давлатҳои дигар бо мармари Ғозғон таъмир кардаанд. Дар бунёди истгоҳҳои метрои Маскав ва Санкт-Петербург, телеманораи «Останкино», кохи «Украина» дар Киев, ёдгории 26 комиссар дар Боку, бинои сирк дар Новосибирск,театри драма дар шаҳри Бишкек, Нигористони Третяков дар Маскав аз мармари Ғозғон истифода бурдаанд.
Дар сохтмонҳои дохили кишвар низ санги мармари Ғозғон васеъ истифода мешавад. Ин масолеҳи пурқиммат дар бунёди осорхонаҳо, меҳмонхонаи «Ӯзбекистон» ва дигар коху қасрҳо истифода гардидааст.
Айни ҳол дар ин ҳудуд ду кони калони мармар ва конҳои «Пашот-1» ва «Галерян», ки ба истеҳсоли гранит тахассус доранд, фаъол мебошанд. Ҳаҷми умумии конҳои мармар 36 миллион метри мукааб ва конҳои гранит 108,3 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Баъди мақоми шаҳрро гирифтани Ғозғон дар он сохтмони биноҳо ва таъмиру васеъ кардани роҳҳо авҷ гирифт. Биноҳои маъмурӣ бунёд гардиданд. Дар даромадгоҳи шаҳр ҶММ «Мармаробод» ташкил ёфт. Ин корхона бо пешниҳоди Президенти кишвар, ки ҳангоми ташриф ба Ғозғон маслиҳат дода буд, бунёд гардид. Технологияи замонавӣ аз Хитой оварда шуданд. Корхона аз ашёи хом маҳсулоти тайёр истеҳсол мекунад. Дар он беш аз 300 нафар бо шуғли доимӣ таъмин гардидаанд.
Умуман, Ғозғон пас аз гирифтани мақоми шаҳр бо суръат пеш меравад. Шаҳр ҳусни нав пайдо кардааст. Аҳолии бекор бо шуғли доимӣ таъмин гардида, сатҳи зиндагӣ торафт боло меравад.
Ӯзбакбойи РАҲМОН, хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.