ДАР ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН БАРНОМАИ СЕСОЛАИ ТАРАҚҚИЁТ БА АМАЛ ТАТБИҚ МЕГАРДАД

Зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 10 ноябр ҷамъомади видеоселекторӣ доир ба масъалаҳои инкишофи иҷтимоиву иқтисодии Қароқалпоқистон баргузор гардид.

Зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 10 ноябр ҷамъомади видеоселекторӣ доир ба масъалаҳои инкишофи иҷтимоиву иқтисодии Қароқалпоқистон баргузор гардид.
2 октябр дар сессияи ғайринавбатии Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон роҳбари давлат вазифаҳоеро муайян намуда буд, ки ба инкишофи ҳар як шаҳр ва ноҳия ва беҳсозии ҳаёти аҳолии минтақа нигаронда шудааст. Барои муайян намудани мушкилоти ҳалталаб ва таҳияи барномаи нави тараққиёт ҳолати беш аз 37 ҳазор хонавода ва воҳидҳои соҳибкорӣ омӯхта шуда буд.
Дар асоси ин таҳлил барномаи маҷмӯии инкишофи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар солҳои 2020-2023 таҳия гаштааст. Бинобар он, бо мақсади боло бурдани ҷолибияти сармоягузории минтақа барои корхонаҳои нав чандин имтиёз пешниҳод мегардад. Ғайр аз ин, ин имтиёзро корхонаҳои дар саноат ва хидматрасонӣ дубора барқароргардидаи ноҳияҳои Тахтакӯпир, Бузатов, Шуманай ва 45 маҳаллаву авуле, ки ба тоифаи аз инкишоф бозмонда ғалтидаанд, соҳиб мегарданд.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ масъалаҳои ташкили муназзами татбиқи чорабиниҳое, ки дар барнома муайян карда шудаанд, баррасӣ гардиданд.
Аз он ҷумла боназардошти «нуқтаҳои пешравӣ»-и 17 ноҳия ва шаҳр 1359 лоиҳаи сармоягузорӣ ба қимати 12,3 триллион сӯм барои татбиқ дар солҳои 2020-2022 ташкил ёфтааст. Ҷалб намудани 523 миллион доллар сармояи бевоситаи хориҷӣ ва ба вуҷуд овардани қариб 20 ҳазор ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст.
Ба Вазорати сармоя ва савдои хориҷӣ ба вуҷуд овардани 27 кластери саноатие, ки аз рӯи системаи «аз ашёи хом то маҳсулоти тайёр» кор мекунад, супориш дода шуд.
Ба воситаи ин барнома дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ва об чандин вазифа муайян карда шудааст. Сухан дар бораи ҷойгир намудани сабзавоти ба содирот мунҷаргардида дар майдони 12 ҳазор гектар, ки дар онҳо парвариши пахта қатъ гардида, аз нав кишт намудани 36 ҳазор гектар замини аз кишт хориҷшуда ва ташкил намудани минтақаи озоди иқтисодии «Қарақалпоқ-агро», ба вуҷуд овардани плантатсияи кунҷит ва афзудани саршумори ҳайвоноти зотӣ, барои ҳайвонот ва меваву сабзавот махсус гардондани ноҳияи Хуҷайлӣ меравад.
Инчунин чорабиниҳо дар бобати соле сарфа намудани 2,5 миллиард метри мукааб об андешида мешавад. Ба аҳамиятнок будани таъмири 14,2 ҳазор километр канал, татбиқи технологияи сарфаи об дар 45 ҳазор гектар майдони кишт, насб кардани дастгоҳҳои ҳисобкунӣ дар нуқтаҳои тақсимоти об, тарозаи нурии 38 ҳазор гектар замин ишора гардид.
Дар назди Вазорати хоҷагии қишлоқ ва Вазорати хоҷагии об вазифаҳои марбут гузошта шуданд.
Барнома бархурди алоҳидаро ба инкишофи ноҳияҳои Тахтакӯпир, Бузатов, Шуманай пешбинӣ менамояд, ки ин минтақаҳо нисбатан дараҷаи пасти инкишофи иҷтимоиву иқтисодиро моликанд. Аз он ҷумла, солҳои 2021-2023 татбиқ намудани 172 лоиҳа ба қимати 409 миллиард сӯм барои беҳсозии инфрасохтори истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ дар ин ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, 150 лоиҳа ба қимати 2 триллиону 340 миллиард сӯм дар 45 маҳалла ва авуле, ки шароити мураккаб доранд, татбиқ хоҳанд гардид. Пардохт аз рӯи фоизи кредитҳо барои ин лоиҳаҳо аз Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба андозаи 50 фоиз аз ставкаи пойгоҳии фоизи Бонки марказӣ ҷуброн карда мешавад.
Роҳбари давлат аҳамияти ба вуҷуд овардани корхонаҳои нав, таъмини шуғл ва кӯмак ба оилаҳоро барои аз қашшоқӣ баромадан таъкид намуд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои дигар намудани намуди ноҳия ва шаҳрҳои Қароқалпоқистон, сохтмони роҳ ва иморот муҳокима гардиданд.
Мақсад гузошта шуд, ки дар се соли наздик 856 километр роҳи автомобил сохта ва таъмир карда шуда, 2,5 ҳазор километр шабакаи оби ошомиданӣ кашида шуда, дараҷаи бо оби ошомиданӣ таъмин намудани минтақа то 70 фоиз расонда шавад. 235 иморати шомили 7 ҳазор ҳуҷра, аз он ҷумла 36 иморати арзони бисёрҳуҷраи соҳиби 2084 ҳуҷра барои оилаҳои ҷавон ва аҳолии камтаъмин бунёд хоҳад гардид.
Ҷараёни кори реноватсияи шаҳри Нуқус, сохтмони объектҳои инфрасохтори замонавӣ муҳокима гардиданд.
Дар иртибот бо соҳаи тандурустӣ дар бобати пурра рақамӣ намудани фаъолияти бунгоҳҳои тиббии деҳот ва поликлиникаҳои оилавӣ, ташкили бригадаҳои тиббӣ ва муоинаи скрининги аҳолӣ супоришҳо дода шуд. Вазифаи ташкили дарс дар мактабҳо аз рӯи усули нав, баланд бардоштани малакаи омӯзгорон гузошта шуд.
– Умуман дар Қароқалпоқистон низоми нави ташкили кор ва назорат ба вуҷуд оварда мешавад. Барои ин дар Сенати Олий Маҷлис кумитаи нав оид ба рушди минтақаи ҳавзаи Арал, беҳсозии ҳаёт ва афзудани даромади аҳолӣ ташкил гаштааст, – гуфт Шавкат Мирзиёев,
Дар ҷамъомад шахсони масъул дар бораи чораҳои таъмини татбиқи барнома маълумот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: