Сафири Ӯзбекистон Ботирҷон Асадов: МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИ КИШВАРҲОИ МО ТӮЛИ ДАҲСОЛАИ ОХИР ХЕЛЕ ПУРМАҲСУЛ ШУДАНД

Дар гузориш муносибатҳои Ӯзбекистон ва Русия бинобар ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, маданиву инсонпарварӣ ва сайёҳии ду мамлакат махсус таъкид мегардад.

Дар гузориш муносибатҳои Ӯзбекистон ва Русия бинобар ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, маданиву инсонпарварӣ ва сайёҳии ду мамлакат махсус таъкид мегардад. Қайд карда мешавад, ки муносибатҳои байни мамлакатҳоро дар давраи кунунӣ метавон тӯли даҳсолаи охир хеле пурмаҳсул номид. Онҳо бо ҳусни тафоҳум, ғановатмандӣ ва муттасилӣ, аз ҳама муҳимаш, сифати робитаҳои дуҷониба тафриқа доранд. 
Оҷонсӣ ба суханони сафир истинод оварда, хабар медиҳад, ки Русия аз ҷумлаи шарикони бузурги тиҷоратии Ӯзбекистон ба шумор меояд. Бинобар натиҷаи соли гузашта ҳаҷми савдои дуҷониба аз нуҳ миллард доллар гузашт ва мунтазам инкишоф меёбад. 
Русия ҳамчунин яке аз сармоягузорони пешоҳанги иқтисодиёти мо мебошад. Тӯли се соли охир дар Ӯзбекистон миқдори корхонаҳо бо иштироки сармояи Русия ду баробар афзуд. Алҳол шумораи онҳо қариб ба се ҳазор адад мерасад. Лоиҳаҳои коопеаратсияи саноатӣ дар соҳаҳои маъданҳои кӯҳӣ, энергетика, кимиё, аграрӣ, мошинсозӣ ва электротехника фаъолона татбиқ мешаванд. 
Ҳамчунин пешрафти ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Русия дар ҷанбаҳои маданиву инсонпарварӣ қайд мегардад, ки солҳои охир ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуданд. Дар байни кишварҳо муносибат дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, театр, киноматография ва ҷабҳаҳои дигари маданиву башардӯстона вусъат пайдо мекунанд. Соли гузашта дар Тошканд ва Маскав ҷамъомади зеркомиссияҳо оид ба фарҳанг баргузор шуданд, ҳамчунин ду конфронси арбобони осорхонаҳо ба вуқӯъ пайваст. Соли сипаришуда дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург Рӯзҳои маданияти Ӯзбекистон ва Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон бомуваффақият баргузор гардиданд. 
Ғайр аз ин дар гузориш иттилоъ дода мешавад, ки алҳол шаҳрвандони Русия барои истироҳат бештар ба Ӯзбекистон мераванд. Талаботи ба саёҳати Ӯзбекистон дар байни сайёҳони Русия тайи соли охир афзуд. Миқдори сайёҳони Русия ба Ӯзбекистон тӯли шаш моҳи соли 2023-юм нисбати то ҳамин давраи соли гузашта 1,9 баробар зиёд гардид ва 345 ҳазор нафарро ташкил дод. Соли гузашта ин нишондиҳанда 185,6 ҳазор сайёҳро ташкил медод.

АИ «Дунё»,
шаҳри Маскав. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: