Имкониятҳои системаи автоматиконидашудаи таъмини амнияти ҷамъиятӣ намоиш дода шуданд

  • Имкониятҳои системаи автоматиконидашудаи таъмини амнияти ҷамъиятӣ намоиш дода шуданд
  • Имкониятҳои системаи автоматиконидашудаи таъмини амнияти ҷамъиятӣ намоиш дода шуданд
  • Имкониятҳои системаи автоматиконидашудаи таъмини амнияти ҷамъиятӣ намоиш дода шуданд
  • Имкониятҳои системаи автоматиконидашудаи таъмини амнияти ҷамъиятӣ намоиш дода шуданд

Роҳбари давлат аз Маркази ягонаи идораи таъҷилии саридораи корҳои дохилии шаҳри Тошканд боздид ба амал овард.

Марказ бинобар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ташкили чорабиниҳои иловагӣ оид ба такомули минбаъдаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати таъмини бехатарии ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» аз 2 апрели соли 2021 ташкил гаштааст.

Марказ, ки ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз гаштааст, дар асоси «Харитаи электронии геоинформатсионӣ» кор мекунад, ки бо он 55 пойгоҳи электронии маълумотҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ, нақлиёт, оид ба вазъиятҳои фавқулода, Гвардияи миллӣ, Кумитаи андоз ва дигар идораҳо васл гардида, инчунин 7,3 ҳазор видеокамера бо бештар аз 10 ҳазор объекти иқоматӣ ва ғайрииқоматии шаҳри Тошканд васл гаштааст.

Ин ба босамар идора намудани қувва ва василаҳои таъмини бехатарии ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Аз он ҷумла, дар шароити ҳолати зинда танзими ходимонеро, ки дар маҳалҳои ҷамъиятӣ дар аснои хидмат мебошанд, таъмин менамояд. Дар натиҷа расидан ба маҳалли ҳодиса 3-5 дақиқаро фаро мегирад.

Ҳамаи ин дар таъмини мақсадҳои «Шаҳри бехатар», «Маҳаллаи бехатар», бармаҳал ифшо намудани ҳуқуқвайронкунӣ нақши муҳим дорад. Ҳамин тариқ дар давраи гузашта дар пойтахт 925 ҷиноят хеле зуд ифшо карда шудааст.

Ба Маркази ягонаи идораи таъҷилӣ инчунин низомҳои иттилоотии «Е-манзил», «Шакл-1», «Е-меҳмон», «Кадастр» васл гаштааст, аз камераҳои мушоҳидаи видеоӣ маълумотҳо ғун мегардад. Аз ҷониби мутахассисони ҷавони иштирокдори лоиҳаи «Як миллион нафар барномасоз» барои марказ низоми «Сипар» таҳия гаштааст.

Маҷмӯа ҳамкории зичро бо сохторҳое, ки барои бехатарии ҷамъиятӣ масъуланд, таъмин намуда, таҳияи маълумотҳоро дар чорчӯбаи пойгоҳи ягона, қабул намудани қарорҳои дуруст бо кумаки василаҳои автоматии таҳлил ва баҳои вазъияти таъҷилӣ ва вазъияти ҷиноятӣ  таъмин месозад.

Президент дар заминаи босамар истифода намудани низом, татбиқи қарорҳои рақамӣ ба фаъолияти инспекторон оид ба профилактика, андешидани чорабиниҳои баъдӣ оид ба баланд бардоштани самаранокӣ ва зудамалии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ низ супоришҳо дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: