Дар ду вилояти Ӯзбекистон заминларза ба амал омад

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 7 марти соли 2024 соати 00:34 ба вақти маҳаллӣ заминларза ба амал омад.

Маркази заминларза дар ноҳияи Миришкори вилояти Қашқадарё воқеъ буд.

Бино ба маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, координатҳои заминларза чунинанд: 38,76 дараҷаи арзи шимолӣ; 64,85 градус тӯли шарқӣ. Бузургии M=4,6. Чуқурӣ 10 км. Масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу ғарб 464 километрро ташкил медиҳад.

Қувваи заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон:

Вилояти Қашқадарё: 2 балл, 81 км;

Вилояти Бухоро: 2 балл, 117 км.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: