ПОЛИКЛИНИКАИ МАХСУС ДАР ҒИҶДУВОН

Бо мақсади пешгирӣ намудани сирояти коронавирус дар ҳудудҳо, таъмин кардани вазъияти эпидемиологӣ, ба беморон шабу рӯз расондани хидмати тиббӣ мувофиқи фармоиши Вазорати ҳифзи тандурустӣ аз 25 сентябри соли ҷорӣ имкониятҳои нав ба вуҷуд меоянд.

Аз ҷумла дар назди поликлиникаи  марказии бисёршабакаи ноҳияи Ғиҷдувон ташкил ёфтани поликлиникаи махсус дар ин бобат ба аҳолӣ хидмати самаранок мерасонад. Ин маскани саломатӣ дорои шаш хона буда, дар ин ҷо 2 пулмонолог (духтурони бемориҳои шуш), 2 инфексионист (духтурони бемориҳои сирояткунанда) ва 9 нафар ҳамшираҳои тиббӣ муроҷиаткунандагонро саривақт қабул мекунанд. Барои онҳое, ки ба беморӣ гумонбар мешаванд, ЭКГ, рентген, лаборатория ва хидматҳои дигар ба роҳ монда шудаанд. Сирояткардагон ба беморхона бо автомобили «Ёрии таъҷилӣ» фиристода мешаванд. Ба эҳтиёҷмандон ёрии амбулаторӣ расонда мешавад. Бемороне, ки дар шароити хона муолиҷа мегиранд, ба поликлиникаҳои оилавӣ вобаста карда мешаванд. Дар назди поликлиникаи махсус шифохонаи рӯзона амал мекунад. 

А. АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: