КОРХОНАЕ ДАР ОҒӮШИ САҲРО

  • КОРХОНАЕ ДАР ОҒӮШИ САҲРО
  • КОРХОНАЕ ДАР ОҒӮШИ САҲРО

Чанде муқаддам дар ноҳияи Риштон корхонаи муштараки Ҷамъияти саҳҳомии Ӯзбекистону Тоҷикистон – «RISHTAN PREMIUM VEGETABLES» арзи вуҷуд намуд.

Ин корхона дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони «Навбаҳор» воқеъ гардида, аз шумори аввалин корхонаҳоест, ки бо маблағи сармоягузорони дохилӣ ва Тоҷикистон бунёд ёфтааст. 
Сарвари ин корхонаи муштарак Изробӣ Усмоноваи риштонӣ мебошад, ки дар меҳнат обутоб ёфтааст ва писарони худро низ ба меҳнати ҳалол одат кунондааст. Вай аввал дар шаҳри Риштон як корхонаи хурди хусусии нассоҷӣ ташкил кардааст ва занону духтарони маҳаллиро  ба ҷои кор таъмин кардааст. Аммо ба ин қаноат накарда, худро ба оғӯши саҳрои бекарон задааст, то ки як корхонаи калони истеҳсолӣ таъсис диҳад. 
– Ғояи сохтани гармхона пайдо шуду ба минтақаи дашт омадем ва ҷои мувофиқеро интихоб кардем. Ин ҷоҳо заминҳои партов ҳисоб меёфт ва касе ҷуръат намекард, ки барои обод кардани он сармоя сарф кунад. Ҳокими ноҳия қарор баровард ва мо ба кор пардохтем. Аввал 70 сотих заминро ҳамвор карда, ба он бештар аз 350 мошини КамАЗ хок оварда рехтем. Аз хонаводаҳои мардум поруи маҳаллӣ харида, ба ин ҷо кашондем, то ки замин ҳосил диҳад, – мегӯяд Изробӣ Усмонова.
 Барои бунёди гармхонаи дарозиаш 100 метр ва арзаш 60 метр даҳҳо тонна симон, тақрибан 20 километр маводи филизӣ, садҳо километр лӯлаҳои гуногундиаметр, ҳазорҳо метр сим, коғази ғафси палостикӣ ва амсоли он истифода шудааст. Сохтмони гармхонаи дуюм ба тӯли 90 ва арзи 40 метр низ кайҳо анҷом ёфта, дар он як гурӯҳ коргарон ба парвариши сабзавоти гуногун  машғуланд. Маблағи умумии сохтмони танҳо ду гармхона дастикам 300 ҳазор доллари амкрикоиро ташкил медиҳад. 
  Дар шафати гармхона барои захираи об ҳавзи калону чуқур сохтаанд, ки тавассути он бо усули қатраӣ кӯчатҳои помидору бодиринг обёрӣ карда мешаванд. Яке аз соҳибкорони ноҳияи Истаравшани вилояти Суғди Тоҷикистон - Баҳриддин Баротов ба сифати сармоягузор ҳамкори онҳо мебошад. Барои сохтани гармхонаҳо аз ҳисоби ин инвестори тоҷик 240 ҳазор доллари амрикоӣ ворид шудааст. Ҳоло гармхона  чанд маротиба ҳосили помидору бодиринг бор меоварад ва даромади соҳибони он сол аз сол меафзояд.
 Изробӣ Усмонова аз зумраи занони баландтолеи ноҳияи Риштон мебошад. Зеро дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ ширкат кардааст, ки  Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев он ҷо ҳузур дошт.
– Бори аввал буд, ки дар чунин маросими мутантан ширкат мекардам. Вақте ки ровӣ исму насаби маро эълон кард, аз як сӯ вуҷудамро эҳсосоти гуворо фаро гирифт ва, аз сӯи дигар, ҳаяҷони сахт маро пахш карда буд. Баъд бо ифтихор ба назди Президенти мамлакат омадам. Он кас  ордени давлатии «Дӯстӣ»-ро овехтанду дастонамро нарм фишурда, бароям муваффақият хостанд, – мегӯяд Изробӣ Усмонова.
 Домани фаъолияти корхонаи муштараки Ҷамъияти саҳҳомии Ӯзбекистону Тоҷикистон — «RISHTAN PREMIUM VEGETABLES» оҳиста васеъ мегардад ва бунёди сехи кулолгарӣ ба манбаъи дуюми даромади ин корхона табдил ёфтааст. Он дар майдони 12 сотих сохта шудааст ва коргарон ба истеҳсоли маҳсулоти сафолин ва чиниворӣ машғуланд.
 Дарвоқеъ, ҷуръати Изробӣ Усмонова қобили таҳсину офарин мебошад, зеро вай дар ҷустуҷӯи инвестори хориҷӣ шудаву маваффақ гардидааст, ки ӯро пайдо кунад. Маҳз бо сармояи воридкардаи ҳамон инвестор ба корҳои муқаддамотии худ шурӯъ кардааст ва ҳоло аз ҳисоби даромади кишти маҳсулоти сабзавот ва зарфҳои гуногуни сехи кулолгарӣ вазъи иқтисодии худро хеле мӯътадил намудааст.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: