ПАЙВАНДГАРИ ИМРӮЗУ ФАРДО

Нахустин китоби ашъори Ҷонибек ҳанӯз соли 1973 бо сарсухан ва фотеҳаи устоди шодравон, Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ба табъ расида буд.

Нахустин китоби ашъори Ҷонибек ҳанӯз соли 1973 бо сарсухан ва фотеҳаи устоди шодравон, Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ба табъ расида буд. Дар муҳити адабии Тоҷикистони он рӯзгор алоқамандони адабиёт хуб медонистанд ва хуб медонанд, ки устод Боқӣ Раҳимзода на ба ҳар адиби ҷавон сарсухан навиштаю дар ҷодаи шоирӣ фотеҳаи “роҳи сафед” медод. Вале чунин шарафи бузург дар он солҳо ба Ҷонибек насиб гардида буд, зеро устоди шодравон дар шахси ӯ шоири асил, навпардоз ва  ҳақшиносро дарёфта буд. Азбаски сарсухани Боқӣ Раҳимзода дар он рӯзгор аввалин назари воқеъбинона ба шеъри Ҷонибек буд, ҳоло онро пурра иқтибос меоварем: “Шеърҳои Ҷонибек бештар дар саҳифаҳои рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон”, ки худ ходими он аст ва ҳам дар матбуоти тоҷик чоп мешаванд. Шоири ҷавон дар олами адаб навқадам аст. Вале ашъори дар маҷмӯаи нахустин фароҳамовардаи ӯ гувоҳӣ медиҳанд, ки роҳи худро меҷӯяд ва саъю кӯшиш дорад, ки аз худ нишона бигузорад. Чунон ки гуфтааст:
Навсафар ҳастам агар дар роҳи шеър
Шеър сар кардам, Ватан, бо номи ту.
Бехабар аз мушкилоти роҳи шеър
Ман сафар кардам, Ватан, бо номи ту.
Дар ашъори Ҷонибек меҳри Ватан, садоқат ба идеалҳои замон, корнамоиҳои комсомолон ситоиш ёфтаанд. Шоири ҷавон ба навиштани ашъори ҳаҷвӣ низ майл дорад ва чанде аз онҳо, ки дар ин китоб дохил шудаанд, айни муддао ҳастанд. Чунон ки меваи нахустини ниҳол насиби боғбон асту боғбон аввал таъми онро чашида хурсанд мешавад, мо ҳам аз чоп шудани ин маҷмӯа хурсанд буда, орзу дорем, ки оҳиста-оҳиста шоир бо тобишҳои дигар ба камол расад ва мисли дарахти пурбор шавад ва тобиши офтоби зиндагӣ қувваи ӯро  сершираву хуштаъм гардонад.
Мо ба Ҷонибек бо ин китоби нахустинаш дар арсаи шоирӣ роҳи сафед хоста, умедворем, ки бештар омӯзад, асрори шоириро дарёбад, маҳорати худро сайқал диҳад ва ба барорҳои эҷодӣ соҳиб шавад”. (Ҷонибек. Қарз.– Душанбе: Ирфон, 1973.– С. 5-6).
Маҳз ба шарофати ҳамин дуои устоди фақид Боқӣ Раҳимзода ва талошҳои пайгирона Ҷонибек дар тӯли солҳо ба ивази раҳҷӯиҳо ва дарёфтҳои тоза “дарахти пурбор” шуду ба камол расид. Маҷмӯаҳои гуногунаш, аз ҷумла “Қарз”, “Ифтихор”, “Арзи дил”, “Розҳо” ва “Зангула”, ки ҳосили ранҷҳои мудаввоми ӯянд, шаҳодат медиҳанд, ки соҳибашон дар роҳи шеъру шоирӣ ба камол расида буд. Вале марги нобаҳангом риштаи ҷустуҷӯҳои ӯро новақт барканд ва устоди шодравони дигар – Лоиқ Шералӣ ба маҷмӯаи шеърҳояш – “Саховат”, ки “завҷаи ҷоннисораш Кимиёхонум ҷамъ оварда” (Лоиқ) ва баъди марги шоир соли 1998 дар Душанбе чоп шуда буд, таҳти унвони “Тӯшаи шоир барои фардо” пешсухани марсиягуна навишт ва бо ихлосу иродат аз ӯву шеъраш тамҷид кард. Ҷонибек барои Лоиқ “марди дӯстнавозу дӯстисоз, ...шоири гармрӯ ва нармдил... “пайвандгари ду соҳил” – шаҳпуле буд миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, шаҳпуле буд миёни тоҷикону ӯзбекон”. (Ҷонибек. Ҳамон ҷо, с. 5).
Лоиқ бо ҳасрат навишта буд, ки “Ҷонибек, агар имрӯз зинда буд, барои фардо ва фардоиён шояд тӯшаҳои тозаву нодиртаре фароҳам месохт, аммо чӣ метавон кард, ки аҷал парвои пайғамбар надорад...” (Ҷонибек. Саховат, с. 5). Оре, аҷал парвои Ҷонибек ҳам надошт, вале ҳасрати Лоиқ ин буд, ки “Риштаи ҷони Ҷонибекро, он ҷони беорому пуртакопӯро миқрози аҷал дар остони панҷоҳсолагӣ бурид. Мисраъҳои шеърҳои нотамомаш дар рӯи варақҳо чун охирин риштаҳои тору пуди ҳастияш аз ҳам ҷудоянд ва дигар ба ҳам гиреҳ намехӯранд ва дигар ба ҳам пайваста як пора шеър, як пора меҳр, як пора оҳ, як пора дард нахоҳанд шуд...Эй дареғ!” Лоиқ низ, ки дареғогӯи Ҷонибеки ҳамшину ҳамхезаш буд, дигар нест. Ба Ҳақ пайваст! Вале андешаҳои ӯ дар шинохти шахсият ва ҳунари Ҷонибек ҳоло раҳнамои мо ҳастанд. 
Лоиқ хонаи Ҷонибекро “дар Тошканд қароргоҳи адибон, олимону ҳунармандони Тоҷикистон” шинохта, таъкид ҳам карда буд, ки “Ӯ дар Бухорову Самарқанд ва Душанбеву Хуҷанд хонаи зиёде дошт, ки худаш хонаи умед мехонд: хонаи банда, Ҷӯрабек Муродов, Гулназар, Даврон Ашӯр, Атахон Сайфуллоев, Саидалӣ Маъмур, Иноят Насриддин, Давлати Даврон, Акбар Абдулло... дафтарҳои маҷаллаи “Садои Шарқ”, ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”, “Омӯзгор”, Иттиҳодияи адибон, нашриёти “Адиб”... Афсӯс, имрӯз дар ин хонаҳо ва дафтарҳо ҷои ӯ холист, вале моломол аз ёди ӯ, аз нафасҳо ва хандаҳои баланди ӯст”. (Ҷонибек. Ҳамон китоб, с.5).
Оре, ҳар гоҳ мо – хонандагони осори Ҷонибек китоби ашъорашро сари даст гирифта, андешаву орояшро мурур мекунем ва аз халои муассисот (мактаби деҳаи Фориши кӯҳна) ва кӯчаҳое (кӯчае дар шаҳри Самрқанд ва ноҳияи Фориш), ки ба номи ӯ номгузорӣ шудаанд, мегузарем, эҳсос мекунем, ки ӯ зиндаасту фақат ба Ҳақ пайвастааст. Воқеан осори гаронқадре, ки аз ӯ боқӣ монда, ба қавли Лоиқ “як кӯлборест аз дӯши марди сафар дар роҳ афтода ва агар ҳар раҳгузаре сари вақт ба он бархӯрд кунад, порае  тӯшаи маънавӣ ва рӯҳонӣ хоҳад ёфт, тӯшае, ки рангу бӯи лаҳазоти талху ширини умри кӯтаҳбақои шоирро дорад. Тӯшае, ки соҳибаш беш аз сӣ сол зарра-зарра андӯхта, инак дар раҳгузори фардо ниҳодааст”. (Ҷонибек, Ҳамон китоб, с. 5).
Соҳиби ин “тӯшаи маънавӣ ва рӯҳонӣ” дар роҳи шеъру шоирӣ каси тасодуфӣ ё ҳавасбоз набуд. Вай истеъдоди комили ҳунарӣ дошт ва аз аввалин шеърҳояш тарзу тариқи хоси андешарониву тасвиргариаш ошкор буд. Аз ҷумла, шеъри “Навсафар”, ки  аз аввалин сурудаҳои ӯст, ҳадаф ва дурнамои ормони ҳунариашро ба сароҳат ифода мекард:
Навсафар ҳастам агар дар 
роҳи шеър,
Шеър сар кардам, Ватан,
 бо номи ту.
Бехабар аз мушкилоти роҳи шеър, 
Ман сафар кардам, Ватан, 
бо номи ту.
То наафтад кӯдаки навроҳгард, 
Такя бар дастони модар мекунад.
Дил ба тоқи осмони меҳри ту,
Худфурӯзӣ ҳамчу ахтар мекунад.
Меҳри модар кӯдаки гаҳвораро
Тоб бахшад, ҳамраҳи мардум
 кунад.
Зикри номат, эй Ватан, рӯзе маро,
Дар ҷаҳони шоирӣ маълум кунад.
Ҷонибек бо ҳамин ният ба қаламрави шеъри форсии тоҷикӣ, ки нобиғагони бешуморе дошту дорад, ворид шуд ва бо вуҷуди умри кӯтоҳ диданаш нақш ва ҷойгоҳи худро дар ин ҳавза мушаххас намуд. Ин  мушаххасот, пеш аз ҳама, дар фарогирӣ ва ифодаи мавзӯву мундариҷа, ғоя ва тарзи тасвир, ки бо бадеияташ тафовут дорад, зоҳир мешавад. Дар шеъри ӯ аз нахустин қадамҳояш сар карда, масоили иҷтимоӣ, фарҳангӣ, арзишҳову муқаддасоти миллӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, чеҳраи шахсиятҳои бузурги адабию фарҳангӣ, ки дар тафаккури бадеии ӯ яке аз василаҳои таъсиргузори имрӯзиёнро ба фардоиён пайвастан аст, мақом ва манзалати калидӣ пайдо кард.
Ҷонибек шеъре дорад ба номи “Қарз”. Аз нигоҳи аввал суоле табиӣ дар зеҳни хонанда пайдо мешавад, ки дар ин шеър чӣ чизе шоирона аст? Вале чашми тезбини ҳунаршинос метавонад ба зудии зуд аз ҷанбаи ҳунарии завқ ва хаёли шоир огоҳ шавад ва итминон пайдо кунад, ки шоир шеъри зебо ва пурмаъние офаридааст. Моҳияти инсонии  амалу кирдор ва масъулияти инсонии худро дар назди одамон ва ҷомеа шинохтан тафсири шоиронаи мафҳуми “Қарз” аст, ки шоирро зинда медорад ва ба талошу пайкори ҳамешагӣ савқ медиҳад. Дар оинаи воқеият шоирона дарк ва арзёбӣ кардани “ранҷу азоби модар” барои сарсабз будани “ниҳоли умри” фарзанд ва дар баробари он ҳама ранҷи кашидаи падару модар худро қарздор шинохтан дарёфти табиати шоиронаи усули тасвир аз ҷониби шоир аст, ки ба ҳар кас даст намедиҳад. Кашфи табиати шоирона будани ин шеър аз он ҳам пайдост, ки шоир вуҷуди худро ба ҳастии инсонии падару модар ва устод пайвастааст, ки хусусияти ҳамабиниву ҳамагирӣ дорад:
Аз даме, ки чашм бикшодам 
ба олам, дӯстон,
Боз шуд сарчашмаи ранҷу азоби
 модарам.
Оби ин сарчашма ҳоло боз боло 
мешавад,
Аз қади модар агарчи як ваҷаб 
болотарам.

То ниҳоли умри ман сарсабз 
бошад доимо,
Бо замин пайванд бошад, 
гул кунад, бор овард,
Об шуд қалби падар, дар пои 
нахли умри ман
Авҷи вай он даврро бар ёд 
такрор оварад.
То намоям фарқ дар олам 
сияҳро аз сафед,
Бо азобе кард мӯяшро сафед 
устоди ман.
Бар сипоҳи илмдорон гар шавам 
ҳам раҳбалад,
Кай равад рӯзи алифомӯзиям аз 
ёди ман...
Устоди фақид Худоӣ Шарифов боре гуфта буд, ки “Барои чӣ ва ба кӣ даркор аст шоирӣ, ки як инсоне умри азизи худро ғарқи дарёи он месозад, то ки дунёи шеър ба вуҷуд оварда бошад? Ин суол ва посухи он ба монанди шеъри забони форсӣ қадимист, гарчӣ шоирон онро мувофиқи мақсадҳои маънавию рӯҳонии худ, ба ҳар навъе, гуфтаанд”. Ҷонибек низ аз шеъру шоирӣ, ки асли маънои ҳастии инсонӣ ва ҳунариаш буд, ҳадафею хоҳишею таманное дошт. Дар шеъри “Шоир намегӯяд дурӯғ” таъкиди Ҷонибек бар ин аст,  ки “Шоир намегӯяд дурӯғ, Шоир сухан меофарад”. Шоир аз ҷудоии ошиқони ноком, аз бечорагию дармондагӣ, танҳоӣ, қадрношиносӣ, бепарвоии инсонҳо ранҷ мебарад. Ба ифодаи сареҳтар, шеър ҳангоми бесозу барг дар роҳ мондан, шикастадилӣ, костани некӯиву зебоӣ, марги зудрас, қадршиносӣ, шарҳи дарду армон ба кор меояд. Хулосаи Ҷонибек аз шеъри ёдшуда ин аст, ки шоир ва шеъри ӯ дар шебу фарози рӯзгор ҳамеша дастгир, ёригар,  ёри ҳамдам ва шафиқи инсонҳо  буду ҳаст ва мемонад. Ин андеша дар бораи шоир ҳақ аст. Шоирон аҳли завқ ва аз ҷумлаи раҳнамоёни рӯҳонии аҳли башаранд. 
Ҷонибек низ дар умри кӯтоҳи хеш ҳамеша дар талоши он будааст, ки рози дилу ҷони муосирони худро гӯяд ва дар ин маънӣ ҳастии шоиронаи шахсияти ӯро мо метавонем аз шеъраш берун оварем. Дар шеъри “Нома ба номи мардум” на фақат асли худу ҷаҳони худ, балки бунмояҳои фитрии қалам ва қаламкашро ифшо мекунад, ки тасвири ҳолшиносонаю шоиронаи сарнавишти бо сарнавишти халқ гиреҳхӯрдаи ҳунарманд аст, ки худаш низ порае аз сардамдорони ин саҳнаи сӯхтану сохтанҳост:
Эй мардуми бурдбори тоҷик,
Парвардаи маъниҳои борик!
Бо шеър зи мом хӯрдаӣ шир,
Бе тир ҷаҳон гирифта бо шеър.
Аз ширу шакар туро каломе,
Бо номи ту номаҳои номӣ.
Нерӯи қалам ғами ту кам кард,
Аъдои туро қалам-қалам кард...
Ман низ ба каф гирифта хома...
Ҷонибек дар ин ва бисёре аз шеърҳои дигараш ба масъулияти иҷтимоиву ахлоқии шоир дар назди ҷомеа таъкид варзида, дар ин замина мехоҳад ба василаи хидмати шоиста ва дархӯри ҷомеъа дар рӯзгор номею нишоне аз худ боқӣ гузорад. Ба ин далел, ӯ пойдории номи хешро танҳо дар мавҷудияти ашъораш намебинад. Шеъри ӯ якҷоя бо шеъри форсии тоҷикӣ, шеъри Лоиқ (“Барои Лоиқ”) ва...забону миллати худ, ҳамроҳ бо обу хоки ватан, шодиву нишот ва дарду доғи ҳаммиллатонаш поянда хоҳад монд. Аз ин ҷиҳат умқ ва вусъати мавзӯоти шеъраш фарогир ва монданист. Аз ҷумла, ишқ дар тасвир ва тафсири шоиронаи  ӯ фақат баёнгари розу ниёзи ошиқу маъшуқ набуда, балки маънои фарогир дорад. Ба ифодаи дигар, ишқ дар тарзи андеша ва нигориши ӯ фақат маънои  хусусӣ ва шавқонӣ надошта, шоир бо ироаи ин мавзуъ бунмояҳои ахлоқиву армонии инсонро, ки нируи одамсозиву ҷаҳонсозӣ дорад, ба муҳокима мекашад. Ба ин далел, мо шеърҳои дар васфи модар сурудаи Ҷонибекро низ ба ин даста пайваста, таъкид карданием, ки муҳаббати модар барои шоири ҳолшиносу розҷӯву розгӯ амонати безаволии инсон аст, ки ӯ дар шеъраш замонат додааст. Барои дарки консепсияи ҳунарии шоир аз шеъри “Дуои модар” пораеро иқтибос карда, сипас мавзуъро идома медиҳем: 
Оварам, модар, ба ту рӯи ниёз,
Гарчи бигзаштам зи ҳар шебу
 фароз.
Риштаи ҷонро бароят медиҳам,
То бигардад риштаи умрат дароз.

Давлату дунёи худ донам туро,
Устуни фардои худ хонам туро.
Ман ҷаҳон бишнохтам бо чашми ту,
Дидаи бинои худ донам туро.
Тасвири чеҳраи модар дар ин шеър таъсиргузор буда, шоир симои азизеро ҳунармандона ба тасвир кашидааст, ки ҷаҳонро бо чашми ӯ бишнохтаасту ҳастии модар ҳастии инсонӣ ва ҳунарии ӯро шакл додааст. Ба ин далел пеши модар “рӯи ниёз” меоварад, “риштаи ҷонро” барояш медиҳад, “то бигардад риштаи” умраш дароз. Модарро “давлату дунёи худ”, “устуни фардои худ”, “дидаи бинои худ” ва худро шохае “аз дарахти умри” ӯ, ёдгоре “зи рахти умри ӯ” мешиносад ва шоирона чунин натиҷагирӣ мекунад, ки то ҷавон ҳаст, модар ҷавон мемонад ва “садди сад”-ро хоҳад шикаст. Ин шеър муҷассамаи ҷовидонаи рӯҳ, амалу кирдор ва садоқату эътиқодмандии фарзанд дар пои модар буда, дар шеърҳои ба модар бахшидаи Ҷонибек бо хун сиришта шудаанд ва ҷанбаи амиқи ахлоқиву маънавӣ доранд. Ба ин далел яке аз боризтарин чеҳраҳо дар шеъри шоир модар буда, илова ба он ки Ҷонибек дар поси хотири модар шеърҳои зиёд, аз ҷумла “Модарам”, “Ёди модарам” ва ғайра сурудааст, рӯҳу равони модар дар хилоли шеърҳои дар мавзӯоти гуногун навиштаи ӯ низ ҳаракат дорад, ки садоқату дилсӯзӣ ва эътиқодмандии фарзандро ба ин зоти пок, ки биҳишт  зери пояш аст, ифода мекунад.
Мавзӯи дигари серистифодаи ашъори Ҷонибек ишқ аст. Ишқ дар шеъри ӯ рози инсони худшиносу худогоҳ аст, рози дилу хоҳишҳо, рози шавқу шӯр, рози андешаву гирифториҳо буда, дар ҳама ҳолат ифодагари хостҳои рӯҳӣ ва маънавии инсони худогоҳ аст. Хусусияти барозандаи ашъори ошиқонаи Ҷонибек дар он аст, ки дар ин гуна шеърҳои вай ваҳдати шакл ва паҳнои вазъи рӯҳию шавқи инсонӣ имконияти номаҳдуди маъниофариниро таъмин кардаанд. Ба ифодаи дигар, Ҷонибек, ки худашро аз пайравони тарзу тариқати шоирии Лоиқ дониста, бо боло рафтани шеъри ӯ “шаҳбозсифат пар” задааст, дар пайравӣ ба устодаш мавзуъ ва муҳтавои ин гуна шеърҳоро, бахусус дар шакли ғазал вусъат бахшидааст. Аз ҷумла охирин ғазалҳояш, ки дар китоби “Саховат” таҳти унвони “Сатрҳои охирин” ба чоп расидааст, дар ин равиш ҷолиби диққатанд. Яке аз ин гуна ғазалҳо, ки бо байти
Кош рӯзи вопасин ман пеши поят 
ҷон диҳам,
Ё бароят ҷон диҳам, ё ки ба ҷоят 
ҷон диҳам.
сар мешавад, бо самимият, тасвири ҳолнамову образнок ва ифшои рози дили ошиқи ҷоннисор хеле ҷаззоб ва таъсиргузор аст. Дар боби ғазалҳои ошиқонаи шоир суханро кӯтоҳ карда, афзуданием, ки ин гуна шеърҳои ӯ сазовори нақд ва арзёбии ҷудогона мебошанд.
Дигар аз мавзӯоте, ки дар эҷодиёти Ҷонибек мақоми хос доранд, мавзӯи ватан, миллат ва ҳуввияти миллӣ, масоили иҷтимоиву ахлоқӣ мебошанд, ки шоир бо ҳунармандӣ ба тасвир ва ироаи онҳо пардохтааст. Дар ин раванд ватанхоҳӣ ва даъвату тарғиби рӯҳияи ватанпарварӣ дар шеъри шоир дар шаклҳои гуногун ифода ёфтааст. Яке аз онҳо ситоиши ватан, тамҷид аз дирӯзу имрӯз ва пойдориву устувории он мебошад. Дар ин замина шеърҳои “Самарқанд”, “Фарёди беватан”, “Байти зодгоҳ”, “Ватан” ва ғайра дар шинохти шоиронаи ин мавзуъ ва тафсири шоиронаи он ҳарфи тоза ва монданиянд. Ин гуна шеърҳои шоирро шукӯҳу ифтихор аз гузашта ва гароиши ормонгароёна ба фардои ватан шукуҳи хоси ғиявию зебоишиносӣ бахшидаанд, ки баёнгари тарзи хоси идроки бадеии Ҷонибек аз ин мавзуъ мебошад.
Ҷонибек дар сурудани шеър сабки хоси худашро дорад, ки бо лаҳни гуфтораш якест. Овои хоси ӯ аз паси ҳар сатри шеъраш ба гӯш мерасад, ки низ ба касе монанд нест. Ҳамчунин паҳлуи дигари ҳунари шоирии Ҷонибекро дар аксари анвои шеър тасаллути ҳунарӣ пайдо кардани ӯ мушаххас месозад, ки дар ин навиштаи мухтасар имкони баррасии ин масъалаҳоро надорам ва ба вақти дигар хоҳам гузошт. Дар фароварди сухан байтеро аз ӯ иқтибос када, ба ҷои фотиҳа ҳадяи пойи рӯҳаш менамоям:
Шоири мо дар дили мо зиндааст,
Дил аз ӯ бигрифтаю дил додаем.

Ҷумъа ҲАМРОҲ,
мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои 
Шарқи хориҷаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд,
доктори илмҳои филология, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: