СОҲАИ МАЪНАВИЯТ АЗ СОҲАҲОИ ДИГАР ДАҲ ҚАДАМ БОЯД ПЕШ БОШАД, МАЪНАВИЯТ БА ҚУВВАИ НАВ, БА ҶУНБИШИ НАВ БОЯД ТАБДИЛ ЁБАД!

Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 22 декабр ҷамъомади васеи Шӯрои ҷумҳурӣ оид ба маънавият ва маърифат баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Олий Маҷлис ва Девони Вазирон, депутат ва сенаторон, вазирон, ҳокимон ва ҳамчунин намояндагони соҳаи маънавият ва маданият, арбобони адабиёт ва санъат иштирок намуданд.
Тавре ки маълум аст, раиси ин шӯрои ҷумҳурӣ Президент ба шумор меравад, раисони шӯроҳо дар маҳалҳо бошад – роҳбарони аввали минтақаҳо мебошанд. Сабаб он аст, ки илм, маориф, тарбия ва маънавият дар мамлакатамон масъалаи аввалиндараҷа мебошад. 
Роҳбари давлат таъкид кард, ки барои рушди ин соҳаҳо пойгоҳҳои мустаҳками иқтисодӣ лозим аст ва чорабиниҳоеро номбар намуд, ки дар ин самт андешида мешаванд. Аз он ҷумла, соли ҷорӣ барои соҳаи иҷтимоӣ маблағи хеле зиёд – 134 триллион сӯм ҷудо карда шудааст. Дар муқоиса бо соли 2016 ин 5-6 баробар зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки суръати рушд дар ҷаҳон хусусияти суръатнок касб намуд, таъсири ҷараёнҳои номуносиб мамлакати моро низ дар канор намегузоранд. 
– Аз таърих маълум аст, ки дар вазъияти мураккаб, вақте ки таҳдид ба Ватан ва тақдири халқ пурзӯр мегардад, маҳз ватанпарварони шуҷоъи миллат – вакилони аҳли зиё, шоирон ва нависандагон, арбобони санъат, ходимони соҳаҳои маънавият ва маърифат бо қалб ва дили бедор ба майдон мардонавор баромадаанд. Ҳоли ҳозир, вақте ки мамлакатамон ба марҳалаи нави баланди тараққиёти худ дохил мегардад, бароямон мисли об ва ҳаво чунин кадрҳои комил мисли ниёгони ҷадидамон лозиманд, ки дар қатори аз худ намудани дастовардҳои илми Ғарб инчунин дар рӯҳи арзишҳои миллӣ тарбия ёфтаанд, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Муайян карда шудааст, ки қарори Президент дар бораи омӯзиш ва рушди ғояҳои ниёгони ҷадидамон қабул мегардад. Аз он ҷумла, дар маҳалли таърихии Бухоро Музейи давлатии мероси ҷадидон сохта мешавад. Рӯзномаи нави «Ҷадид» ба нашр оғоз менамояд. 
Дар солҳои охир корҳои вусъатнок дар соҳаи маънавияту маърифат ба амал меояд. Фонди мақсаднок оид ба дастгирии соҳаҳои маънавият ва эҷод таъсис ёфта, инчунин Донишкадаи тадқиқотҳои иҷтимоиву маънавӣ бунёд мегардад. Миқдори кормандон дар низоми Маркази ҷумҳурии маънавият ва маърифат ду баробар зиёд гардида, чорабиниҳо оид ба рағбатноксозии модӣ андешида мешаванд. 
Дар рушди соҳа Қонуни қабулгардида «Дар бораи фаъолияти маданӣ ва ташкилотҳои маданӣ» аҳамияти муҳим касб менамояд. Бо мақсади ҳифз ва ғанӣ сохтани анъанаҳои миллӣ марказҳои мақом, санъати бахшӣ ва аския ба вуҷуд оварда шудааст. Инчунин фаъолияти беш аз 20 муассиса, мисли дастаи рақси «Баҳор», Филармонияи давлатӣ, Оркестри давлатии симфония роҳандозӣ гардиданд. 11 музейи нав, 2 театр, 28 мактаби мусиқӣ ва санъати бачагона, 5 муассисаи олии таълим ба вуҷуд оварда шуданд. 
Умуман, ҳаҷми дастгирии давлатии соҳаҳои маданият ва санъат дар муқоиса бо соли 2017 панҷ баробар афзуда, соли 2023 ба ин мақсадҳо маблағ дар ҳаҷми беш аз 712 миллиард сӯм равона карда шудааст. 
Чунин ҷашнвораҳои байналхалқӣ, мисли «Мақом», «Санъати бахшӣ», ҳунармандӣ, «Лазгӣ» ба ҳукми анъана даромадааст. Рӯзҳои маданияти Ӯзбекистон дар 24 мамлакати хориҷӣ, аз он ҷумла давлатҳои ҳамсоя дар дараҷаи баланд баргузор гардиданд. 
Дар солҳои охир ба Рӯйхати мероси мадании ғайримодии ҷаҳонии ЮНЕСКО боз 9 намунаи мероси миллиамон, шаҳри Бухоро бошад, ба «Шабакаи шаҳрҳои эҷодӣ» дохил гардиданд. Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО рӯзи таваллуди ниёи бузургамон Абурайҳони Берунӣ васеъ ҷашн гардид. 
Санъати кинои Ӯзбекистон низ ба роҳи инкишоф рӯ меорад. Филмҳои таърихӣ дар бораи сарлашкарҳо ва мутафаккирони бузургамон ба навор бардошта мешавад. Тақрибан пас аз чоряк аср Ҷашнвораи байналхалқии кинои Тошканд эҳё гардид.
Хиёбони адибон ба вуҷуд оварда шуда, бинои муҳташами Иттиҳоди нависандагон дар пойтахт бунёд гардида, дар минтақаҳо хонаҳои нави эҷодӣ сохта шуданд. Адибоне, ки фаъолияти эҷодии босамар доранд, бо манзили нав дар асоси имтиёз таъмин карда шуданд. Арбобони маъруфи эҷодӣ васеъ қайд гардид. Бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи истеъдодҳои ҷавон Семинари Зомин барқарор карда шуд. 
Чунин маҷмӯаҳои адабӣ, мисли «Дурдонаҳои адабиёти турк»-и 100-ҷилда, «Навоишиносии давраи истиқлол»-и 30-ҷилда, «Дурдонаҳои адабиёти қароқалпоқ»,  «Ҳадя ба аскари ҷасур», ки бори аввал нашр гардиданд, дар ҳаёти маънавиамон рӯйдоди муҳим гардиданд.
Дар ҷамъомад вазифаҳои бартаринок дар ин самтҳо баррасӣ гардиданд. Роҳбари давлат назари худро бинобар нӯҳ самти кор иброз намуда, ташаббусҳои муҳимро изҳор кард. 
Таъкид шуд, ки пеш аз ҳама бояд ҳуҷҷати алоҳидаи барномавӣ оид ба рушди ғояи миллӣ таҳия намуд, ки барои корамон дар соҳаи маънавият ва маърифат чун дастури методӣ хидмат хоҳад кард. 
Бо таассуф таъкид шуд, ки дар байни баъзе гурӯҳҳо ҳодисаҳои боло гузоштани фикрҳои динӣ, ки ба Конститутсия ва қонунҳои мо мухолиф мебошанд ва ҳатто аз онҳо боло гузошта мешаванд ва арзишҳои дунявиро гуноҳ мешуморанд, пурзӯр мегарданд. Президент суханони маърифатпарвари бузург Ибратро мисол овард, ки гуфтааст: «Агар уламо меҳнат кунад, миллат албатта беҳтар мегардад». Таъкид шуд, ки зиёиён, насли куҳансол, ҳамватаноне, ки ҳаҷ ва умраро анҷом додаанд, бояд маънавиятро тарғиб намоянд, одамонро ба корҳои нек ҳидоят кунанд.
Таълим дар маркази диққат боқӣ мемонад. Зарур аст, ки дар ин соҳа низ баробарӣ таъмин гардад, аз он ҷумла, дастрасии духтарон ба таълим ва таҳсили касбӣ барои рушди ҷамъият аҳамияти муҳимро молик аст, таъкид шуд дар ҷамъомад. 

Дуюм, масъулияти ҳокимон барои корҳои маънавияту маърифат баланд бардошта мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳо хонаҳои маънавият ва маърифат кушода мешаванд.
– Ҳоло соҳаи маънавият аз соҳаҳои дигар даҳ қадам бояд пеш бошад, маънавият ба қувваи нав, ба ҷунбиши нав бояд табдил ёбад! – гуфт Президент. 
Дар асоси пешниҳодоте, ки намояндагони аҳли зиё дар вохӯрии начандон пеш дар вилояти Сурхондарё иброз намуданд, барилова ба сектори 4, ки дар минтақаҳо фаъолият мебаранд, сектори маънавият ташкил хоҳад гардид. Сектор ба сифати сохтори кории шӯроҳо оид ба маънавият ва маърифат фаъолият хоҳад кард. 
Сеюм, барномаи рушди санъати театрӣ таҳия мегардад. Дар он фармоишҳои эҷодӣ барои песаҳои беҳтарин, баланд бардоштани истеъдоди ходимони эҷодӣ ва ёрирасон дар хориҷ, таъсиси мукофоти ба номи Маннон Уйғур барои коргардонҳои ҷавон ва дигар чорабиниҳо пешбинӣ мегарданд. 
Аҳамияти моҳе як рӯзро «Рӯзи театр» эълон намудан дар идораҳо ва муассисаҳо, ташкили боздиди ҷамоаҳо аз театрҳо таъкид гардид. 
Чорум, дар мазмуннок гузарондани фароғати аҳолӣ фаъолияти 837 маркази маданӣ хеле муҳим аст. Дар онҳо қариб 4 ҳазор маҳфил фаъолият дорад, ки беш аз 120 ҳазор нафар вакилони ҷавонон машғул мебошанд. 
Аммо баъзе марказҳо бинои худро надоранд, ба 8 ҳазор дастгоҳи мусиқӣ эҳтиёҷ вуҷуд дорад. Ба ҳокимон супоришҳои марбут дар ин бора супурда шуд. 
Инчунин аз соли оянда эътиборан дар ҳар як ноҳия фаъолияти як маркази маданӣ ташкил карда мешавад, ки соҳиби толори тамошобин, китобхона, кинозал ва хонаҳои маҳфил бошанд. Барномаи оид ба беҳсозии пойгоҳи модиву техникии беш аз 600 ҷамоаи бадеии ҳаваскор дар маҳалҳо қабул мегардад ва барои ин 100 миллиард сӯм равона мекунем. 
Панҷум, омӯзиши илмӣ ва рушди санъати мақом ва бахшӣ пурзӯр карда мешавад. 
То ҳанӯз 120 мақом, достонҳои санъати бахшӣ, суруд ва таронаҳои халқӣ барои «фонди тиллоӣ» сабт гаштаанд. Ба қарибӣ Президент қарорро дар бораи ҳифз, омӯзиши илмӣ ва тарғиби мероси ғайримодии маданӣ ба имзо расонд. Дар он, аз он ҷумла, вазифаҳо оид ба вуҷуд овардани Донишкадаи маданиятшиносӣ ва мероси мадании ғайримодӣ, пажӯҳиши мусиқа ва фолклори қадима мушаххас карда шудааст, ба андозаи замонавӣ табдил додани беш аз 3 ҳазор достон, мақом ва асарҳои фолклорӣ, ки дар фондҳои мамлакатамон нигоҳдорӣ мешаванд, пешбинӣ гаштааст.       
Хабари муҳими дигар ин аст, ки мактабҳо бунёд хоҳанд шуд, ки анъанаҳои нодири намунаҳои мероси фарҳангӣ, аз қабили мақом, катта ашӯла, санъати бахшӣ, атласу адрас, кулолгарӣ ва заргариро идома медиҳанд.
Шашум, инкишофи мусиқӣ ва рақс минбаъд ҳам дастгирӣ карда мешавад. Аз ҷумла, дастаи «Баҳор» фаъолияти худро дар кохи машҳури санъат, ки пештар филармония дар он ҷо воқеъ буд, пеш мебарад. Гастролҳои ансамблҳои машҳури суруд ва рақс ба хориҷа зиёд карда мешаванд. Бо мақсади аз ҷиҳати илмӣ омӯхтани масъалаҳои санъати мусиқӣ ва рақс, зиёд кардани кадрҳои илмӣ дар ин соҳа грантҳо барои тадқиқоти илмӣ ҷорӣ карда мешаванд.
Бинои Сирки давлатии Тошканд низ таъмир карда мешавад.
Ҳафтум, дипломатияи фарҳангӣ дар хориҷа густариш хоҳад ёфт. Соли оянда дар Тошканд конфронси иқтисоди  созанда ва дар Нуқус конфронси байналмилалии илмии “Маданияти баҳри Арал” баргузор мешавад.
Барномаи ҳафтсолаи такмил додани фаъолияти музейҳо қабул карда мешавад. Дар назар дошта шудааст, ки биноҳои нави Музейи таърих ва Музейи санъат сохта шаванд. 
Экспозитсияи музейҳои таърихи Темуриён ва Табиат нав карда мешавад. Музейи адабиёти ба номи Алишери Навоӣ аз таъмири асосӣ бароварда мешавад.
Илова бар ин, дар осорхонаҳо, бахусус дар Маркази тамаддуни исломӣ экспозитсияҳои нав дар бораи Эҳёи якум ва дуюм, таърихи давлатдорӣ ва фаъолияти мутафаккирони бузург ташкил карда мешаванд.
Фаъолияти Маркази миллии таъмиргарӣ якҷоя бо Фаронса таъсис дода мешавад. Ҳифз ва барқарорсозии саҳифаҳои Қуръони Усмон низ анҷом дода мешавад.
18 ёдгории археологӣ, ки аз таърихи қадимаи кишвари мо нақл мекунанд, ба осорхонаҳои  осмони кушод табдил меёбанд. Инчунин дар Самарқанд боғҳои Соҳибқирон Амир Темур барқарор карда шуда, осорхонаи «Роҳи бузурги абрешим» сохта, маҷмӯи Бибихоним тармим карда хоҳад шуд.
Ҳаштум, инкишофи кинематография такони нав пайдо мекунад. Барномаи офаридани  филмҳои бадеӣ бахшида ба гузаштаи пуршарафи Ватани мо аз силсилаи «Таърихи зинда» тартиб дода мешавад. Дар татбиқи ин барнома на танҳо шахсиятҳои эҷодии ватанӣ, балки хориҷӣ, ширкатҳои синамо ва сармоягузорон низ ҷалб карда мешаванд. Зарурати таъмини офариниши филмҳои бисёрсериягии аниматсионӣ оид ба роҳи ибратбахши аҷдоди бузурги мо низ зикр гардид.
Барои инкишофи кино на танҳо чун санъат, балки дар ҳамоҳангӣ бо соҳаи иқтисодиёт вазифа гузошта шуд, ки дар вилоятҳои Бухоро, Самарқанд ва Тошканд минтақаҳои озоди иқтисодии кино созмон дода шаванд.
Зарурати ислоҳсозии куллии низоми офаридани сериалҳои миллӣ, аз ҷиҳати ғоявию бадеӣ ва техникӣ,  ба дараҷаи ҷозибанок расондани онҳо зикр гардид. Ба ин  мақсад  пешниҳод шуд, ки “Cinema Park”-и ба минтақаи озоди иқтисодии  “IT Park” монанд ташкил карда шавад.
Нӯҳум, барномаи алоҳидаи инкишофи минбаъдаи соҳаи санъати тасвирӣ ва амалӣ қабул карда мешавад. Аз ҷумла, Толори марказии намоишгоҳ аз рӯи стандартҳои ҷаҳонӣ таҷдид ва муҷаҳҳаз мегардад. Дар ҳудуди  Хазинаи бадеӣ галереяи замонавӣ ва Маркази рассомони ҷавон, ки аз 40 устохонаи эҷодӣ иборат аст, сохта мешаванд. Барои бо амалия пайвастани санъати хаттотӣ ва санъати миниатюрӣ устохонаи таълимию истеҳсолии тайёркунии коғаз бо услуби миллӣ ташкил карда мешавад.
Барои баланд бардоштани сифати таълим дар маҳалҳо, боло бурдани маоши омӯзгорони мактабҳои мусиқӣ ва санъат, аз ҳисоби буҷет пӯшонидани хароҷоти коммуналии мактабҳо ташаббусҳо ба миён гузошта шудаанд.
Сарвари давлат  ба баланд бардоштани самаранокии таълими забони ӯзбекӣ таваҷҷуҳи махсус дод. Муқаррар шудааст, ки ба омӯзгорони фанни «Забон ва адабиёти ӯзбек», ки шаҳодатномаи миллӣ доранд, аз соли таҳсили оянда ба андозаи 50 фоиз иловапулӣ дода мешавад.
Дар баробари ин, барои ҳавасманд намудани ҳамватаноне, ки бо забони дигар таҳсил мекунанд, ба омӯзиши забони давлатӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Илова бар ин, соатҳои таълими забони давлатӣ дар мактабҳои тахассусӣ бо забони дигар зиёд карда мешавад. Олимпиадаи фаннӣ аз забони ӯзбекӣ баргузор мешавад.
Кори дар бобати баланд бардоштани маданияти китобхонӣ оғозёфта идома дода мешавад. Ҳаҷми фармоишҳо барои нашри китобҳо ва миқдори ҳаққи қалам ба муаллифон ва тарҷумонҳо зиёд карда мешавад. Барои тавсеаи имконоти молии корхонаҳои табъу нашр ва матбаа онҳо ба муҳлати 5 сол аз пардохти андоз озод карда мешаванд.
Президент ба аҳамияти касби тарҷумонӣ дахл карда, пешниҳод кард, ки ҷоизаи байналмилалии ба номи Огаҳӣ барои муносиб рағбатнок гардондани меҳнати онҳо таъсис дода шавад.
Аҳамияти ривоҷ додани адабиёти интернетӣ қайд гардида, вазифа гузошта шуд, ки ба ин мақсад портали «Фарҳанги Ӯзбекистон» таъсис дода шавад, ки  он мавзӯъҳои адабиёт, кино, таърих, санъат ва эҷодиёти шифоҳии халқро инъикос намудааст.
Дар ҷамъомад адибону шоирон, ходимони маданияту санъат, шахсони масъули соҳа ба сухан баромада, фикру мулоҳиза ва таклифҳои худро баён карданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: