СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР СЕССИЯИ 78-УМИ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

Муҳтарам ҷаноби раис!

Муҳтарам ҷаноби Котиби генералӣ! 
Сарони ҳайатҳои вакилон! 
Хонумон ва ҷанобон! 
Сессияи имрӯзаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар вазъияти дигаргуниҳои куллии системаи муносибатҳои байналхалқӣ баргузор мегардад. 
Дар миқёси ҷаҳон бӯҳрони эътимод ба мушоҳида мерасад. Мушкилот дар фаъолияти ниҳодҳои амнияти ҷаҳонӣ ва дур шудан аз меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ пурзӯр мегарданд. Ҳамаи ин боиси афзоиши шиддати ҷаҳон мегардад. 
Зиддиятҳои геосиёсӣ дар роҳи мубодилаи озоди тиҷорат, сармоягузорӣ ва инноватсия монеаҳои нав эҷод мекунанд. Муколама ҳатто аз рӯи масъалаҳое, ки ба сарнавишти тамоми инсоният дахл доранд, аз қабили тағйирёбии иқлим, мубориза бо гуруснагӣ ва нобаробарӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт. 
Дар чунин вазъияти душвор рӯҳи ризоият ва ҳамкории амалиро нигоҳ доштан, дар асоси он муттаҳид намудани мамлакатҳо аз ҳарвақта дида зарур аст, ки манфиатҳои умумӣ назар ба зиддиятҳои мавҷуда баландтаранд.
Соли гузашта мо ташаббуси якдилии Самарқандро баҳри бехатарӣ ва шукуфоии умум пеш гирифтем. Ҳадафи асосии мо дарки амиқи масъулият барои имрӯзу ояндаи кишварҳову халқҳоямон, ҷалби тамоми ҷонибҳои омода ба ҳамкории ошкоро ва созанда дар муколамаи ҷаҳонӣ мебошад. 
Итминон дорам, ки соли оянда бо ибтикори Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид баргузор шудани Ҳамоиши оянда ба ҳалли масъалаҳои мубрами рушди байналмилалӣ ва минтақавӣ ва афзоиши минбаъдаи нуфуз ва обрӯву эътибори Созмони мо хидмат хоҳад кард.
Муҳтарам иштироккунандагони маҷлис! 
Мо сиёсати бунёди Ӯзбекистони Навро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоӣ қатъиян давом медиҳем. 
Мамлакати мо дар асоси ғояи «Барои шаъну шарафи инсон» дилпурона бо роҳи ислоҳоти куллие пеш рафта истодааст, ки мақсад аз он мустаҳкам намудани принсипҳои демократия ва адолат мебошад. 
Моҳи апрели соли равон дар таърихи Ӯзбекистон бори аввал раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи нав, ки афзалиятҳои рушди миллиро муайян намуд, баргузор гардид. Зиёда аз 90 фоизи овоздиҳандагоне, ки дар референдум овоз доданд, ин Конститутсияи ҳақиқатан оммавиро, ки характери бебозгашти ислоҳоти моро таъмин намуд, тарафдорӣ карданд.
Мо дар Қонуни Асосии худ бори дигар содиқ будани худро ба принсипҳои ҳуқуқи инсон, озодии сухан ва виҷдон, баробарии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, забон ва динашон тасдиқ намудем. 
Дар асоси ин Стратегияи рушди «Ӯзбекистон – 2030» қабул карда шуд. Ин стратегия ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид мувофиқ аст ва мо тамоми ӯҳдадориҳои худро бечунучаро иҷро мекунем. 
Хонумон ва ҷанобон! 
Дар натиҷаи ислоҳоти пайваста амалкунанда, иқтисодиёти Ӯзбекистон сарфи назар аз мушкилоти ҷаҳонӣ суръатҳои устувори рушдро нишон дода истодааст. Дар давоми шаш соли охир ҳаҷми маҳсулоти умумӣ бештар аз якуним баробар афзуд. Ҳадафи асосии мо то соли 2030 ин рақамро ду баробар зиёд кардан аст.
Вазифаи дигари аввалиндараҷаи мо дар роҳи либерализатсияи иқтисодиётамон дар ояндаи наздик узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии савдо шудан аст. 
Ба шарофати сиёсатҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз соли 2017 ду баробар коҳиш ёфт. То соли 2030 мо онро ба 7 фоиз кам карданием. 
Мо қарор додем, ки бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, инчунин фарогирии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, маориф ва дигар хидматрасонии иҷтимоиро чандин баробар зиёд кунем. 
Мо ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид «Акселератори глобалии таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ»-ро дастгирӣ мекунем. Дар доираи он барои табодули таҷриба пешниҳод менамоям, ки соли 2024 дар кишвари мо таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид Конфронси умумиҷаҳонии «Ҳифзи иҷтимоӣ: роҳ ба сӯи рушди устувор» баргузор карда шавад.
Муҳтарам иштирокчиёни саммит!
Дар солҳои охир мо дар Ӯзбекистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Дар кишварамон меҳнати маҷбурӣ ва бачагона пурра бекор карда шуд. 
Дар тӯли садсолаи гузашта миллионҳо нафар дар Ӯзбекистон маҷбуран ба пахтачинӣ ҷалб карда шудаанд. Ҳар сол аз моҳи сентябр то декабр ба пахтачинӣ қисми асосии аҳолӣ — муаллимону духтурон, корчаллон, коргарону хидматчиён, инчунин, мутаассифона, мактаббачагону донишҷӯён ҷалб карда мешуданд. Дар натиҷа ба пахтаи Ӯзбекистон бойкот эълон шуд ва кишвар солҳои тӯлонӣ дар «рӯйхати сиёҳ» қарор гирифт. 
Ба шарофати азму иродаи қавии мо ҳамаи ин дар гузашта монданд. Халқи мо аз ғуломии пахта комилан озод шуд. 
Сарқонуни нави кишвар манъи кори маҷбуриро кафолат дода, барои он ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар кардааст.
Ба фикрам, муборизаро ба муқобили меҳнати маҷбурӣ ва бачагон дар миқёси ҷаҳон пурзӯр кардан зарур аст. Таҷрибаи мо нишон медиҳад, ки ба ин кор хотима додан мумкин аст. 
Хонумон ва ҷанобон! 
Рушди сармояи инсонӣ ва тарбияи насли эҷодкор яке аз вазифаҳои стратегӣ мебошад, ки Ӯзбекистон дар назди худ гузоштааст.
Мо итминон дорем, ки таълими дастрас ва босифат барои ҳама омили муассиртарин дар рафъи камбизоатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ва ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ мебошад. 
Дар ин бобат дар мамлакати мо дар солҳои охир таҷрибаи калон ғун карда шудааст — дигаргунсозии куллии системаи маориф ба амал бароварда мешавад. Дар шаш соли охир фарогирандагон ба муассисаҳои томактабӣ аз 21 фоиз ба 70 фоиз ва дар мактабҳои олӣ аз 9 фоиз ба 38 фоиз афзуд. То соли 2030 барои он ки ҳар як кӯдак ба боғча равад ва ҳар як дуюм хатмкунандаи мактаб дар донишгоҳҳо таҳсил кунад, шароит фароҳам оварда мешавад.
Муҳтарам сарони ҳайатҳои вакилон! 
Солҳои охир Осиёи Марказӣ бо роҳи таҳкими ҳамсоягии нек, субот, ҳамкорӣ ва рушд пеш рафта истодааст. 
Ба шарофати саъю талоши муштараки мо Ӯзбекистон ва тамоми кишварҳои ҳамсоя муяссар гардид, ки мушкилоти зиёди марбут ба сарҳади давлатӣ, долонҳои нақлиётӣ ва истифодаи обро ҳал кунанд. 
Муомилоти моли байни мамлакатҳои минтақа дуним баробар, шумораи корхонаҳои муштарак панҷ баробар афзуд. 
Минтақаи мо ба маркази тараққиёти иқтисодиёт, ба кӯпруки нақлиётию коммуникатсионӣ табдил ёфта истодааст, ки Шарқу Ғарб, Шимолу Ҷанубро мепайвандад. Ва таваҷҷуҳ ба ӯ меафзояд. 
Кушодии Осиёи Марказӣ барои тамоми ҷаҳон муҳимтарин шарти таъмини амният ва рушди устувори минтақа мегардад.
Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми моро дарки мутобиқати комили минтақавӣ муттаҳид мекунад ва ин ҳиссиёт рӯз то рӯз қавитар мегардад. Мо на танҳо як гузашта дорем, балки ояндаи умумие дорем, ки бо манфиатҳои ҳаётан муҳим мувофиқат мекунанд. Мо ба ҷуз густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дигар роҳ надорем! 
Итминон дорам, ки бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ Осиёи Марказӣ минбаъд низ роҳи муттаҳидшавиро пеш хоҳад гирифт. Табдил додани Осиёи Марказӣ ба як минтақаи осоишта ва шукуфон ҳамчун ҳадафи афзалиятноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон боқӣ мемонад. 
Муҳтарам иштироккунандагони ҷамъомад!
Барои Осиёи Марказӣ, ки қариб нисфи аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, масъалаҳои марбут ба насли наврас ва татбиқи неруи онҳо махсусан муҳим аст. Чанде пеш бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт давлатҳои минтақа Созишнома оид ба самтҳои умумии сиёсати ҷавононро ба имзо расониданд. 
Дар баробари ин мо манфиатдор ҳастем, ки дар ин самт бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои махсуси он ҳамкориҳои муассир ба роҳ монем, инчунин таҷрибаи пешқадами дигар минтақаҳои ҷаҳонро омӯзем.
Дар робита ба ин, ман пешниҳод мекунам, ки дар назди Созмони Милали Муттаҳид барои мусоидат ба рушди ҷавонон дар Осиёи Марказӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад. Дар доираи он барномаи «Рӯзномаи ҷавонони Осиёи Марказӣ 2030»-ро таҳия кардан бамаврид аст.
Муҳтарам сарони ҳайатҳои вакилон! 
Иштироки фаъолонаи занон дар идоракунии корҳои ҷамъият ва давлат масъалаи мубрами имрӯза мебошад. Мақсади олиҷаноби сиёсати миллии мо дар ин самт таъмини мустаҳкамии оила, ҳифзи ҳуқуқ ва некуаҳволии занон мебошад.
Мо инчунин барои ноил шудан ба баробарии гендерӣ корҳои мунтазам анҷом медиҳем. Аз ҷумла, 49 дарсади донишҷӯёнеро, ки соли гузашта ба донишгоҳҳо дохил шуданд, духтарон ташкил доданд. Ҳиссаи занон дар идораи давлатӣ бори аввал ба 35 фоиз расид. Дар бораи ҳимоят аз зӯроварӣ нисбати занон ва ноболиғон қонуни алоҳида қабул шуд. 
Мо аз тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ бо сохтори «Созмони Милали Муттаҳид – Занон» манфиатдорем. Ҳамчун ташаббуси муштарак мо пешниҳод менамоем, ки соли оянда дар Ӯзбекистон Форуми занони Осиё ҷиҳати баррасии масъалаҳои ба рӯи об баровардани неруи эҷодии онҳо ва табодули таҷриба дар ин самт баргузор карда шавад. 
Хонумон ва ҷанобон!
Имрӯз дар ҷаҳон вазъияти шадиди экологӣ ба мушоҳида мерасад. Бӯҳрони сегонаи сайёра, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, талафоти гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зист ба вуҷуд омадааст, шиддат мегирад.
Дар чунин шароити душвор Осиёи Марказӣ, ки мубориза бо фоҷиаи баҳри Аралро идома медиҳад, ба яке аз минтақаҳои осебпазири тағйирёбии иқлим табдил меёбад.
Ӯзбекистон ба қадри имкониятҳои худ саъю кӯшишро барои барҳам додани оқибатҳои фоҷиаи Арал, ки мушкилоти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, равона мекунад. Солҳои охир дар қаъри хушкшудаи баҳри Арал дар майдони 1,7 миллион гектар майдонҳои сабзи дорои растаниҳои ба хушкӣ тобовар бунёд карда шуданд. Барои идомаи кор дар ин самт дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ хеле муҳим аст.
Дар давоми сӣ соли охир ҳарорати ҳаво дар минтақаи мо якуним дараҷа баланд шуд. Ин аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ ду баробар зиёд аст. Дар натиҷа қариб сеяки майдони умумии пиряхҳо нест шуданд. Агар ин раванд идома ёбад, пас дар бист соли наздик маҷрои ду рӯдхонаи бузург дар минтақа – Амударё ва Сир метавонад 15 фоиз коҳиш ёбад. Пешбинӣ шудааст, ки таъминоти об ба  ҳар сари аҳолӣ 25 фоиз ва ҳосили зироат 40 фоиз кам мешавад.
Дар сурати сари вақт андешида нашудани чораҳои самарабахш оқибатҳои ин мушкилот ба суботи иҷтимоию иқтисодии минтақа зарари ҷиддӣ мерасонад.
Бо назардошти ин вазъият мо тарафдори таъсиси вазифаи Намояндаи махсуси Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об ҳастем. Мо ҷонибдори ҷалб ва татбиқ намудани технологияҳои пешрафта ба раванди ташкили Платформаи технологияҳои сарфаи об дар Осиёи Марказӣ бо истифода аз механизми «Созмони Милали Муттаҳид – захираҳои об» ҳастем.
Дар чаҳорчӯби Барномаи рушди «сабз», ки дар минтақа қабул шудааст, ҳамкориҳои муназзамро ба роҳ мемонем. Чунин шарикӣ ба манфиати умумии мо ҷиҳати пешгирӣ намудани таҳдидҳои тағйирёбии иқлим ҷавоб медиҳад. Ба ин муносибат таъсиси «Муколамаи иқлими Осиёи Марказӣ»-ро ба мақсад мувофиқ мешуморем.
Мо тарафдори ташаббуси қабули резолютсияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид «Осиёи Марказӣ дар баробари таҳдидҳои глобалии иқлим: ҳамбастагӣ барои шукуфоии умумӣ» мебошем. Мо пешниҳод менамоем, ки қоидаҳои асосии он дар форуми байналмилалии иқлим, ки соли оянда дар Самарқанд баргузор мешавад, баррасӣ гардад.
Дар баробари ин мехоҳам таъкид намоям, ки барои мо вазифаи стратегӣ мутобиқ кардани соҳаҳои асосии иқтисодиёти Ӯзбекистон ба тағйирёбии иқлим, ноил шудан ба бетарафии карбон ва якбора афзоиш додани ҳиссаи энергетикаи «сабз» боқӣ мемонад.
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Мо бояд талошҳои муштаракро ҷиҳати пешгирии паҳншавии экстремизм ва радикализми ҷавонон пурзӯр намоем.
Моҳи марти соли гузашта дар Тошканд Нақшаи муштараки амалиёт оид ба татбиқи Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ қабул шуда буд.
Дар доираи Стратегияи миллии мо оид ба муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм мо ба зиндагии муқаррарӣ баргардондан ва ба ҷомеа ворид намудани афроди қаблан зери таъсири ғояҳои ифротгароӣ қарордошта таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунем.
Дар ин замина таҷриба андӯхта, мо панҷ миссияи башардӯстонаи «Меҳр»-ро анҷом додем. Дар доираи он беш аз 530 нафар шаҳрвандон, асосан занону кӯдакон аз минтақаҳои даргириҳои мусаллаҳона дар Ховари Миёна ва Афғонистон ба кишвар баргардонда шуданд. Ба ҳамаи онҳо ёрии тиббӣ, психологӣ, иҷтимоӣ ва ғайра расонда шуд.
Моҳи июни соли ҷорӣ дар ин ҷо, дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи ҷаҳонӣ таърихи муҳоҷиронеро, ки ба кишвари мо баргашта, ҳаёти нав оғоз кардаанд, аз забони онҳо шуниданд.
Барои идомаи ин фаъолият мо тадбирҳои амалӣ андешидем, ки таҳти сарпарастии Раёсати зиддитеррористии СММ Шӯрои минтақавии коршиносӣ оид ба кори мунтазам бо муҳоҷирон аз минтақаҳои ҷангӣ таъсис дода шавад.
Давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид бояд дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ боз ҳам муттаҳидтар амал кунанд.
Мехостам боз як нуқтаи муҳимро таъкид кунам. Мо чунин мепиндорем, ки ба ҳолатҳои таҳаммулнопазирии мазҳабӣ ва исломофобия, ки вақтҳои охир дар бархе аз кишварҳо мушоҳида мешавад, набояд роҳ дод.
Ба мақсади дар ҷаҳон пеш бурдани ғояи таҳаммулпазирии байнидинӣ ва ризоият пешниҳод менамоем, ки дар Ӯзбекистон таҳти сарпарастии ЮНЕСКО Маркази байналмилалии мулоқоти байнидинӣ ва таҳаммулпазирӣ таъсис дода шавад.
Мо дар ҳақиқат бо он ифтихор дорем, ки кишвари мо ватани чунин олимону мутафаккирони бузург, ба мисли Ал-Хоразмӣ, Берунӣ, Имом Бухорӣ, Мирзо Улуғбек, Алишери Навоӣ мебошанд, ки ба рушди илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми беназир гузошта, нишон доданд, ки ислом ин дини сулҳ, илму маърифат мебошад.
Ба мақсади омӯхтани мероси ғании ин шахсиятҳои бузург ва амиқ ошкор намудани моҳияти башардӯстонаи ислом мо ташаббус ба миён мегузорем, ки соли 2024 дар Ӯзбекистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Ислом – дини сулҳу некӣ аст» баргузор шавад.
Муҳтарам иштирокдорони сессия!
Амнияти байналмилалӣ бевосита ба равандҳои Афғонистон марбут аст. Дар ин мамлакат вазъияти нав ба миён омад, ки барои ҳалли масъалаи Афғонистон муносибати махсусро талаб мекунад.
Афғонистонро боз бо мушкилоташ танҳо гузоштан хатои калон хоҳад буд. Нодида гирифтан, изолятсия кардан ва ҷорӣ кардани санксияҳо вазъи мардуми оддии Афғонистонро бадтар мекунад.
Мо чунин мешуморем, ки кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон набояд суст шавад. Мо даъват менамоем, ки механизмҳои дахлдор барои интиқоли активҳои байналмилалии яхкунондашудаи Афғонистон барои ҳалли мушкилоти доғи иҷтимоӣ дар ин кишвар таҳия карда шавад.
Мо ба Афғонистони сулҳҷӯву устувор ниёз дорем, ки он дар равандҳои ҳамкориҳои минтақавӣ иштирок кунад ва барои шарикии мутақобилан судманд бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар кишварҳо боз бошад.
Имрӯз аз ин минбари баланд сухан гуфта, ҷомеаи ҷаҳониро даъват менамоям, ки дар ҳалли мушкилоти Афғонистон муттаҳид шаванд. Ба  ин муносибат таҳти роҳбарии Созмони Милали Муттаҳид таҳия намудани мавқеи мутобиқшуда ва конструктивиро оид ба Афғонистон қатъиян муҳим мешуморам.
Муҳтарам раис!
Муҳтарам иштирокдорони конфронс!
Дар ин лаҳзаҳои дигаргуниҳои  қатъии таърих ҳама бояд андеша кунем, ки мо барои наслҳои оянда чӣ гуна сайёра мегузорем.
Танҳо бо саъю кӯшиши умумӣ ва ҷидду ҷаҳди якҷоя ба сулҳу осоиши пойдор ноил шудан мумкин аст. Мо беш аз ҳарвақта ба боварии ҳамдигар, ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ ниёз дорем.
Дар охири сухани худ мехоҳам бори дигар омодагии Ӯзбекистонро барои амиқтар кардани шарикии васеъ ва дарозмуддат бо институтҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи давлатҳо тасдиқ намоям.
Барои эътиборатон ташаккур.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: