Танзила Норбоева дар Ҷиззах бо велосипедронҳои ҷавон мулоқот кард

Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистон, роҳбари Федератсияи велосипедронии кишвар Танзила Нарбоева дар доираи сафари корӣ ба вилояти Ҷиззах ба Маркази омодагӣ ба намудҳои варзиши олимпӣ ва паралимпӣ ташриф овард.

Ба ӯ ҳокими вилоят Эргаш Салиев ҳамроҳӣ кард. Дар Марказ бо донишҷӯёни ҷавоне, ки ба велосипедронӣ машғуланд, вохӯрӣ баргузор гардид.

Танзила Камаловна бо варзишгарони наврас дар бораи шароите, ки барои онҳо фароҳам оварда шудааст ва равандҳои таълим суҳбат кард. Барои таъмини бехатарии онҳо дар вақти машғулот, ғайр аз ин, ба мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани базаи моддию техникии шуъбаи вилоятии Федерация автомашинаи «Дамас», инчунин барои харидани 10 велосипеди трек 200 миллион сӯм ҷудо карда шуд. Бешубҳа, ин барои велосипедронони ҷавони Ҷиззах рағбати калон  хоҳад шуд.

Дар ҷараёни сафар раиси Федератсия бо намояндаи тими ҷавонони Ӯзбекистон оид ба велосипедронӣ Нозима Эгамбердиева аз Ҷиззах мулоқот кард. Танзила Нарбоева барои натиҷаҳои хубаш дар мусобиқаҳои охирин ба ӯ 50 миллион сӯм мукофоти пулӣ дод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: